logo

маориф

ТАКМИЛИ НЕРУИ ЗЕҲНӢ - КАФОЛАТИ МУВАФФАҚИЯТ

«Дарахти орзуҳо ва истифодаи оқилонаи вақт» - навиштаҷотест, дар даромадгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки ифодагари муваффақият ва комёбист. Маҳз бо ҳисси баланди масъулият ва дарки ин мафҳум дар донишгоҳ кӯшиш доранд, ки неруи зеҳнӣ ва маҳорати касбии донишҷӯён ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардоранд.

Шоҳиён Нуралӣ Набот, ректори донишгоҳ, дар вохӯрӣ бо донишҷӯён иброз дошт, ки ҳоло инсон танҳо панҷ дарсади неруи зеҳнии худро истифода мебарад. Муҳим он аст, ки ҳар як донишҷӯ бояд мақсади муайян дошта бошад ва бо кӯшишу ғайрат ва масъулияти баланд тавонад муваффақ гардад. Ин аст, ки масъулини донишгоҳ бо назардошти истифодаи оқилонаи вақт ва дар амал татбиқ намудани пешравиҳои илму техника ба баъзе аз барномаҳои таълимӣ тағйирот ворид карданд.
Мирзо Юсуфов, ноиби ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ, мегӯяд, ки рақобатпазир гардондани донишҷӯён яке аз самтҳои асосии фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад ба донишҷӯён 7 талабот пешниҳод мегардад, ки баъд аз хатми донишгоҳ барои пайдо кардани ҷойи кори мусоид заминаи устувор мегузорад. Барои дар бозори меҳнат соҳиби ҷойи кор шудан фақат азхуд намудани барномаҳои таълимӣ кифоя нест. Аз ин сабаб талаботи якуми рақотбапазирии донишҷӯ ин таҳияи модели худтакмилдиҳии касбӣ бо назардошти талаботи корфармоён ва сайқал додани маҳорати касбӣ мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф ба донишҷӯён зиёда аз 20 курси сертификатсионии тахассусӣ пешниҳод гардид. Ҷалби ҷавонон ба эҷодкориву навоварӣ бо талаби таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва эҷодии тахассусӣ ва дар ҳар як нимсолаи таълим гузарондани озмуни «Беҳтарин лоиҳаи инноватсионии донишҷӯӣ» натиҷаҳои самарабахш хоҳад дод. Татбиқи ҳукумати электронӣ ҳам метавонад имкониятҳои донишҷӯёнро барои ҷавобгӯ будан ба талаботи рақобатпазирӣ беҳтар гардонад. Масалан, ҳар як омӯзгор ва донишҷӯ суроғаи электронии худро дорад, тариқи он байни омӯзгор ва донишҷӯ мукотибаи электронӣ сурат мегирад, донишҷӯён корҳои мустақилонаи фанниро ба тарзи электронӣ ба суроғаи омӯзгорон пешниҳод месозанд. Гузарондани машғулиятҳо бо истифода аз тахтаи электронӣ ҳатмӣ ва муқаррарӣ гаштааст, зиёда аз 64 синфхонаю озмоишгоҳ ва толор бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳазанд. Вобаста ба иҷрои талабот дар давоми таҳсил аллакай 137 донишҷӯ аз санҷиши марҳилавӣ бо гирифтани холҳои муайян гузашт.
Фароҳам овардани шароити мусоид барои донишҷӯён, бахусус ҷавонони навовар имкон медиҳад, ки онҳо бо такмили неруи зеҳнии худ дар рушди истеҳсолот саҳми бориз гузоранд. Зеро ҳанӯз ҳам онҳо наметавонанд то дараҷаи зарурӣ ихтирооти худро дар амал татбиқ намоянд. Феълан дар донишгоҳ шумораи ихтироъкорон беш аз 30 нафар мебошад.
Барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ - омӯзгорӣ ва таҳияву татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ - амалӣ ва инноватсионӣ донишгоҳ бо зиёда аз 65 макотиби олӣ ва марказҳои таълимии кишварҳои Аврупо ва Осиё созишномаҳои ҳамкории дуҷонибаро ба имзо расонда, онҳоро зина ба зина амалӣ намуда истодааст. Алъон зиёда аз 1200 донишҷӯи тоҷик тавассути ҳамкориҳои донишгоҳ дар бахшҳои буҷетии донишгоҳҳои шаҳрҳои Иваново, Кострома, Воронеж, Новгород, Ярославл, Рибинск, Уссурийск, Маскав, Санкт - Петербурги Федератсияи Русия аз рӯи ихтисосҳои соҳаи кишоварзӣ, техникӣ - муҳандисӣ, авиатсионӣ (ҳавопаймоӣ), технологияҳои саноати сабук, иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ таҳсил менамояд. Наздик ба 90 нафар фиристодаҳои донишгоҳ баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия ва Украина ҳамчун мутахассиси касбӣ ба ватан баргашта, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар фаъолияти меҳнатӣ доранд.
О. ГУЛБЕРДИЕВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2016    №: 70    Мутолиа карданд: 672

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед