logo

илм

ҚОИДАҲОИ ИМЛО. АЗ КАДОМИ ОНҲО ПАЙГИРӢ КУНЕМ?

Ба озмуни «Ҷумҳурият»

Мусаллам аст, ки китобҳои дарсӣ сол ба сол таҳриру такмил меёбанд, барои ба нашри оянда омода сохтан муаллифону коршиносон онҳоро бознигарӣ мекунанд. Пас аз қабули Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, № 458) яке аз масъалаҳои муҳим дар ин ҷода ба қоидаҳои имлои нав мутобиқ гардондани матни китоби дарсӣ аст. Зеро китоби дарсӣ омили муҳимтарини донистани қоидаҳои имло ва риояи онҳо маҳсуб меёбад.

Ҳоло ман китоби дарсии “Забони модарӣ” барои синфи якум ва “Забони давлатӣ (тоҷикӣ)” барои синфи нуҳуми мактабҳои ғайритоҷикиро ба чоп омода карда истодаам. Ба хотири комилан дуруст риоя кардани қоидаҳои имло хостам онро бори дигар мӯшикофона хонам. Мутаассифона, ба ҷойи ба саволҳоям ҷавоби қотеъ гирифтан, ба вартаи ҳайрониву сарсонӣ ғарқ шудам. Сухан дар бораи риояи имлои ҳарфи “ӯ” меравад. То имрӯз бар он андеша будам, ки тибқи қоидаҳои нави имло дар калимаҳое, ки овози “у” дар алифбои арабиасос навишта намешавад, бояд ҳарфи “у”-ро истифода кунем: суҳбат (ба ҷойи сӯҳбат), шуъба (ба ҷойи шӯъба) ва ғайра. Ҳақиқат ин аст, ки мо бояд қонунро риоя кунем. Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ низ пас аз қабули расмӣ аз ҷониби Ҳукумат ҳукми қонунро дорад.
Биёед, бори дигар ба нуктаҳои ин санади расмӣ доир ба имлои ҳарфи “ӯ” муроҷиат кунем. Дар он омадааст:
5) Ҳарфи ӯ (у-и дароз) дар байн ва анҷоми калима навишта мешавад: рӯз, гӯш, зӯр, дӯст, бӯ (й), рӯ (й), мӯ (й) ва ғайра.
Ҳарфи ӯ маъмулан пеш аз ҳарфи й навишта мешавад.
Эзоҳ. Ҳарфи ӯ дар оғози калима дар иқтибосҳои туркӣ навишта мешавад: ӯгай, ӯрда, ӯғур, ӯмоч ва ғайра.
Аввалан, ҷумлаи таъкидии дуюм (Ҳарфи ӯ маъмулан пеш аз ҳарфи й навишта мешавад) ягон асос надорад. Калимаҳое, ки дар онҳо ҳарфи “ӯ” пеш аз ҳарфҳои дигар меояд, нисбат ба ин гурӯҳи калимаҳо (пеш аз “й” воқеъ шудани “ӯ”) ба маротиб бештаранд: рӯз, зӯр, шӯр, фирӯз, фурӯзон, фурӯхтан, омӯхтан, сӯхтан, гӯш, гӯшт, дӯст, пӯст, рӯфтан, бӯсидан, пӯсидан, шӯриш, пажӯҳиш, накӯҳиш, гурӯҳ, шукӯҳ, фурӯғ, дӯш, дӯғ, мӯр(ча), кабӯтар, кӯҳ, бӯстон ва ғайра. Сониян, дар мавриди истеъмоли ҳарфи “ӯ” пеш аз ҳарфҳои “ҳ” ва “ъ”, ҳамчунин ҳолатҳои ба ҷойи “ӯ” истифода кардани “у” дар калимаҳои аз қабили сӯҳбат, шӯҳрат, тӯъма, шӯъла, шӯъба, мӯҳтарам ва ғайра умуман ишорае нест!
Дуруст аст, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (8 сентябри соли 2012) мақолаи устод Д. Саймиддинов (раиси вақти Кумитаи забон ва истилоҳот) таҳти унвони “Меъёрҳои навишти “у” ва “ӯ” риоя карда шавад” ва ҳамчунин “Феҳристи навишти “у” бар ивази “ӯ” пеш аз ҳарфи “ҳ” ва аломати “ъ” ба табъ расид ва ҳамагон онро сармашқи кори худ намуданд. Дар мақолаи тавзеҳотӣ зикр гардидааст, ки банди “б” - и параграфи 6-и Қоидаҳои асосии имлои забони адабии тоҷик (с. 1972) дар иртибот бо навишти ҳарфи “ӯ” дар ҳиҷои баста пеш аз “ҳ” ва “ъ” аз “Имлои забони тоҷикӣ” (с. 1998) хориҷ карда шудааст, бинобар ин эътибори худро гум кардааст. Вале дар айни замон бояд гуфт, ки дар банди “6”-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” чунин омадааст: “Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998, № 355 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳои имлои забони адабии тоҷик” аз эътибор соқит дониста шавад”. Ин чунин маъно дорад, ки ҳамаи тағйиру иловаҳои соли 1998 низ эътибори худро гум кардаанд.
Барои далели мӯътамад пайдо кардан ба ин савол матни қоидаҳоро (нашри соли 2012, нашриёти “Шарқи озод”) сар то сар мӯшикофона хондам. Дар худи ҳамин санади расмӣ дар ҷойҳои гуногун ин калимаҳо бо ҳарфи “ӯ” навишта шудаанд (калимаҳое оварда мешаванд, ки боиси савол ҳастанд): Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Зӯҳра, Саидмӯъмини паҳлавон, шӯъбаи илмҳои биология ва тиб, шӯъбаи танзими истилоҳот, сӯҳбаткунон.
Боз ҳам аз пайи ҷустуҷӯйи ҷавоб ба ин саволи муҷмал ба Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ (“Шарқи озод”, 2013) рӯй овардам. Дар Фарҳанг номҳои Абӯалӣ ва Абӯрайҳон нестанд, аммо ҳамаи калимаҳои дигар бо ҳарфи “у” навишта шудаанд (с. 104, 161, 311, 230). Ба матни Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки дар аввали ҳамин Фарҳанг оварда шудааст, нигоҳ кардам. Дар он калимаҳои фавқуззикр бо ҳарфи “у” дар шакли Зуҳра, шуъбаи илмҳои биология ва тиб, шуъбаи танзими истилоҳот, суҳбаткунон навишта  шуда,  аммо калимаи Саидмӯъмини паҳлавон бо “ӯ” навишта шудааст. Матнҳои дигари қоидаҳоро низ ҷустуҷӯ кардам. Дар китобчаи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, нашриёти “Маориф ва фарҳанг”, соли 2013 калимаҳои Саидмӯъмин ва Зӯҳра бо “ӯ”, аммо калимаҳои шуъба ва суҳбаткунон бо “у” навишта шудаанд. Дар ҳайрат шудам: се нусхаи як қоида, аммо гуногун. Барои ҷустуҷӯйи матни аслӣ ба интернет рӯй овардам. Дар сомонаи jumhuriyat.tj шакли электронии матни қоидаҳоро пайдо кардам. Дар он, мисли қоидаҳои нашри соли 2012, ҳамаи калимаҳои мазкур бо ҳарфи “ӯ” навишта шудаанд. Мо ва ҳазорон омӯзгорони макотиби миёнаву олӣ кадом матни қоидаҳоро ҳамчун асл пайгирӣ кунем? Кадоме аз ин қоидаҳоро ба сифати нусхаи асл қабул карда, барои ҳамагон дастрас намоем? 
Аҳамияти ин масъала дар партави омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам бештар мешавад. Матни кунунии Конститутсия қабл аз қабули Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба тасвиб расида буд ва табиист, ки дар мавридҳои муайян бояд ба қоидаҳои нави имло мувофиқ гардонда шавад. Аз ҷумла, тарзи навишти чунин калимаву ибораҳоро дақиқназарона санҷидан лозим аст: мӯҳлат (?, моддаи 20 ва дигар моддаҳо), сӯҳбат (?, 23), гирдиҳамоӣ, раҳпаймоӣ (гирдиҳамойӣ, раҳпаймойӣ, 29), осоишта (осойишта, 29), номгӯи маълумотҳо (номгӯйи маълумотҳо, 30), мӯътадил (?, 45), дар ҷои содири ҷиноят (дар ҷойи содири ҷиноят, 51), аз рӯи масъалаҳо (аз рӯйи масъалаҳо, 53), шурӯъи вазифа (шурӯи вазифа, 67).
 Бояд махсус таъкид намоям, ки шахсан ман, ҳамчун мутахассиси соҳа ҷонибдори ин нукта ҳастам, ки калимаҳои фавқуззикр (ҷое, ки шартан бо аломати савол ишора кардем) бо “у” навишта шаванд, аммо риояи санади расмӣ, ки ҳукми қонунро дорад, бояд авлотар аз ҳама андешаву хостаҳои шахс ё гурӯҳи алоҳида бошад.

Азим БАЙЗОЕВ,
устоди Донишгоҳи
миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2016    №: 71    Мутолиа карданд: 11708

22.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Кай Микканен

Баррасии татбиқи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф матраҳ гаштанд

Ҷаласаи XVI Кумитаи ҳамкории гумрукӣ

10 комбайни нав дар шолизор

21.09.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Хосе Гратсиано да Силва

Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ

Баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ

Дар Хуросон ҳосили хуб ба даст оварданд

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Мексика ба 230 нафар расид

Дар Арабистони Саудӣ ба иди миллӣ бори нахуст занонро даъват намуданд

Насли нави рақамӣ иқтисоди Чинро дигар мекунад

20 миллиони фонди Ди Каприо ба ҳимояи муҳити зист

Дар дунё 40 миллион дар ғуломӣ қарор дорад

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Мексика заминларзаи мудҳиш боиси ҳалокати 139 нафар гашт

Гутерреш ҳафт хатари ҷиддӣ ба инсониятро ном бурд

ИМА дар Сурия бо Русия сабқат намекунад

Макрон: «Созишномаи Париж оид ба иқлим таҷдиди назар нахоҳад шуд»

Минагузории сарҳад бо Бангладеш

Чин ҳуқуқи моликияти зеҳнии ширкатҳои хориҷиро ҳифз мекунад

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед