logo

маориф

ИНТИХОБИ КАСБ. ОН ЧӢ ГУНА БОЯД ТАШКИЛ КАРДА ШАВАД?

Ҷавононе ки майли доништалабию касбомӯзиро доранд, пайваста саъй менамоянд, ки дар ҷомеа ҷойгоҳи худро ёфта бошанд. Барои ин онҳо бо ахлоқи ҳамида худро ороста намуда, ба омӯзиши касбҳои техникӣ бояд рӯй оранд. Зеро ҷомеаи муосир ба мутахассисони дорои қобилияти техникӣ бештар ниёз дорад.

Интихоби касб ҳанӯз ҳангоми таҳсили наврасон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ як қисми ҷудонашавандаи раванди таълиму тарбия бояд ба ҳисоб равад. Хуб мешуд, агар роҳбарияти мактабҳо бо коллеҷу донишгоҳҳо ҳамкориро мустаҳкам намуда, дар муайян намудани интихоби касб ба хатмкунандагон раҳнамоӣ намоянд.
Аз таҷриба маълум аст, ки дар ин раванд байни волидайн  ду фикр роиҷ аст: баъзеҳо ақида доранд, ки дар масъалаи интихоби касб фарзандон бояд мустақил бошанд, дигарҳо мегӯянд, ки бояд ҷиддан аз рӯи нишондоди волидайн касб интихоб кунанд. Онҳое ки ақидаи аввалро пайгирӣ мекунанд, дар интихоби касб фарзандонро озод мегузоранд ва ҳамзамон лаёқату истеъдодашонро ба эътибор гирифта, барояшон бо маслиҳатҳои муфид ёрӣ мерасонанд. Дигарҳо дар интихоби касби фарзандон ташаббусро дар ихтиёри худ дошта, майлу рағбати худи онҳоро кам ба инобат мегиранд, чандон самараи хуб ба бор намеорад.
Ҳамчунин ҷустуҷӯ ва интихоби роҳи дуруст дар интихоби касб аз ҳар як омӯзгору корманди муассисаи таълимӣ низ вобастагии калон дорад. Омӯзгор малакаи даркории дар дили наврас нисбат ба ин ё он касб бедор карда тавонистани шавқу ҳавасро бояд дошта бошад. Масалан, бояд дарк карда тавонад, ки дар шароити кунунӣ талабот ба барқчиён зиёд аст, зеро дар ояндаи наздик ҷумҳурии мо ба кишвари асосии тавлидкунандаи неруи барқ табдил меёбад. Ғайр аз ин, сохтмони манзилгоҳҳо ва корхонаҳои тавлидии гуногун рӯ ба афзоиш аст. Барои пешрафти иқтисод фаъолияти дурусти бонкҳо омили ҳалкунанда дорад. Барои ҳамаи ин мутахассисони соҳибкасб дар соҳоти лоиҳакашӣ, барномасозӣ, менеҷмент, муҳосибот, нақлиёт, тарроҳӣ ва ҳоказо лозиманд. 
Интихоби касбу ҳунар, тарбияи меҳнатии насли наврасро бояд мувофиқи талаботи замон дар асосҳои илмӣ ва хоҳиши онҳо ташкил намуда, ҳар як касбомӯз баҳри иҷрои вазифаи худ, сарфаҳм рафта тавонад ва амалӣ намудани онро ба манфиати хеш ва ҷомеа дарк намояд.    
Розия НИЁЗМАТОВА,
ҷонишини директори Коллеҷи технологии ба номи
А. Қаҳҳорови шаҳри
Конибодом     


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.04.2015    №: 73    Мутолиа карданд: 837

26.02.2020


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

ДАНҒАРА – МИЗБОНИ ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ

КИШОВАРЗӢ. НЕСТ КАРДАНИ ТУХМИИ ВАТАНӢ ХАТОИ НОБАХШИДАНИСТ

МАЪЮБОН КОРХОНАИ ҲАМРОЗ ДОРАНД

RABAT GRAND PRIX 2020. ТОҶИКИСТОНРО 7 ПАҲЛАВОН МУАРРИФӢ МЕКУНАД

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед