logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

БОБОИ ОДИНА
Одина Ҳошим устоди санъати тоҷикро дар саросари кишвар мешиносанд. Аз инҷост, ки ниёз ба муаррифӣ надорад.
Дилбастагӣ ба суруд, Одинаро пас аз хатми мактаби миёна ба шуъбаи созҳои миллии Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе овард. Тӯли се сол дар ин боргоҳи ҳунар аз устодон нозукиҳои навозандагию сарояндагиро аз бар карда, соли 1959 ҳамчун мутахассиси ҷавон фаъолияти кориашро дар Театри халқии ноҳияи Москва (ҳоло ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) ба сифати режиссёр оғоз намуд, Соли 1962, дар синни 25 - солагӣ сарварии Театри мусиқӣ - мазҳакавии шаҳри Кӯлобро бар дӯш гирифт. Нахустин сурудҳои Одина Ҳошимов «Гулъузори ман куҷост?», «Рафтӣ», «Хиҷил аст сарви бустон бари қомати баландаш », «Ё ҳар ду», «Куҳан диёро» ӯро миёни ҳаводорон маъруфу машҳур намуд. Дар синни биступанҷсолагӣ бо унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Ҳамчун устоди санъати тоҷик барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.
Ҳунари дигаре, ки Одина Ҳошимовро миёни мардум шуҳратёр намуд, ин фалаксароист. Ҳамчун сарояндаи ҷӯяндаву навовар дар зиндаю ҷовид гардондани асари сертаркибаи «Фалак» хизмати шоистаеро анҷом додааст. Дар ин ҷода Одина Ҳошимов бо устодони маъруфи санъати сарояндагӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз, Содирхони Ҳофиз, Домулло Ҳалим, Шоҳназар Соҳибов ва Шариф Ҷӯраев дар як поя қарор дошту шуҳраташ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон низ паҳн буд.
Соли 1972 фалаксароёни машҳури афғон Мангал, Карим, Нурмуҳаммад, Раҳимҷон, Абдурасул ва Акбар Лоло Одина Ҳошимовро ба Афғонистон даъват намуданд, то ҳунарашро ба ҳаводорони афғон намоиш бидиҳад. Аниқтараш, дар озмуни «Фалаксароёни мумтоз», ки дар шаҳри Қундуз барпо гардид, ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон даъват шуда буд ва дар ин озмун сазовори ҷои аввал гардид.
 Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»

 

ХАЗАРҲОРО КӢ ТОРУМОР КАРД?
Чунин мепиндоранд, ки юриши князи Киев Святослав бар зидди хоқони хазарҳо дар солҳои 965 – 967 бо шикасти пурраи Хазар анҷом ёфтааст.
Оё дарвоқеъ чунин бошад?
Дар оғози асрҳои миёна рус душмани зиёде дошт: аварҳо, варягҳо, печенегҳо, половтсиҳо… Вале аз ин қабилаҳо ягонтояш чун хазарҳо баҳсу андешаҳоро ба миён наовардааст. Шояд аз он сабаб бошад, ки хазарҳо барои рус нисбатан душмани пурзӯр ба ҳисоб мерафтанд. Дар миёнаҳои асри VII милодӣ, вақте ки славянҳои шарқӣ ҳанӯз давлати ягона надоштанд, дар шикастапораҳои хоқони турк, дар Поволжеи Поён ва қисми шарқии Қафқози Шимолӣ хоқонии Хазар зуҳур кард.
Хазарҳо, авлодони сокинони қадимтарини ҳиндуаврупоии Авруосиёи Ғарбӣ, то асри III дар поёноби Терек мезистанд. Дар асри III онҳо аз сарматҳо соҳилҳои баҳри  Хазар (Каспий) - ро кашида гирифтанд. Дар асрҳои IV–V дар ҳайати хоқонии бузурги турк бар зидди Византия ва Эрон меҷангиданду аз славянҳои ҳамсояашон боҷ меситонданд. Барои напардохтани боҷу хироҷ русҳо ба хазарҳо муқовимат мекарданд. Махсусан дар асрҳои VIII – IX мубориза тезутунд мешуд. Дар соли 884 княз Олег ва баъдтар княз Игор, падари Святослав, кишварҳояшонро аз пардохти боҷ раҳоӣ бахшиданд.
Святослав, князи Киев, неруи душманро хуб ба назар гирифта, дар соли 964 ба Хазар лашкар кашид. Юриш аз заминҳои имрӯзаи маскавиҳо, твериҳо ва рязаниҳо, ки ба князи Киев итоат накарда ба хазарҳо хироҷ месупурданд, оғоз ёфт. Святослав қад – қади дарёи Десна ҳаракат намуда, ба болооби Ока расид. Вай дар юриши зидди хазарҳо бузургию ҳашамати неруи худро намоиш медод ва мамлакатҳои хурд – хурди мустақили русҳоро беҷанг ба кишвараш ҳамроҳ мекард. Княз ба хазарҳо савораеро бо номаи мухтасар фиристод: «Меоям, то ки Шумо гӯед!»
Пештар русҳо ба Хазар ба воситаи Дон ва баҳри Азов мерафтанд. Ин бор бо поёноби Волга роҳ гирифтанд. Дар соҳили Волга пойтахти хазарҳо – шаҳри Итил қомат афрохта буд. Нахуст Святослав булғорҳои Волжск ва буртасҳоро, ки тобеи Хазар буданд, шикаст дод. Муҳорибаи ҳалкунанда моҳи июли соли 965 дар гарданаи Волга, ки ба баҳри Каспий мерехт, ба вуқӯъ пайваст. Хоқони Хазар Иосиф пеш – пеши лашкар буд. Артиши ӯ бо тарзи арабӣ, яъне дар чор хат меҷангид. Вале тактикаи арабҳо ба Иосиф ёрӣ надод. Вай аз торикии шаб истифода бурда, гурехт.
Артиши Святослав ба тарафи ҷануб сӯи пойтахти қадимаи хоқонии хазарҳо – Самандар (дар наздикии Махачқалъаи имрӯза) роҳ гирифт. Ҳокими маҳал аз зарбаи мудҳиши русҳо мағлуб гашт ва ба кӯҳ фирор кард.  Княз ба воситаи даштҳои Кубан ба соҳили баҳри Сиёҳ расид ва бо як ҳамлаи барқосо як қалъаи хазарҳоро ба даст овард. Сипас шаҳрҳои Тмутаракан, Корчев (Таман ва Керч) – ро ишғол карда, ба мулки князии Тмутаракан ибтидо гузошту лаҷоми артишро ба самти шимол гардонд. Мақсадаш забти қалъаи Саркал – шаҳри Сафед буд, ки ин ҷо хоқон Иосифи гуреза паноҳгоҳ ёфта буд.  Ҳуҷум тирамоҳи соли 967 оғоз ёфта, бо ғалабаи русҳо анҷом пазируфт. Иосиф худро аз қалъа сарозер ба замин афканд, то ки ба дасти душман асир наафтад. Шаҳрро оташ фаро гирифт ва бо гузашти солҳо пурра аз байн рафт, гӯё ки умуман вуҷуд надошта буд. Дар охири асри X княз Владимир хоқонии Хазарро пурра маҳв кард.
Вале дигар ақида ҳам ҳаст. Профессор, доктори илмҳои таърих Мурод Муҳаммадови доғистонӣ дар асару мақолаҳои илмиаш навиштааст, ки хоқонии Хазар то асри XIII буд ва бо бисёр давлатҳои Осиёи Марказӣ, Чин ва ҳатто Аврупо робитаи тиҷоратӣ дошт. Княз Святослав баъди забти шаҳри Сафед дигар ба қаламрави хазарҳо ҳуҷум накард. Шаҳри Итил аз сабаби 10 метр баланд шудани оби баҳри Хазар миёнаҳои асри  XIII пурра зери об монд. Баъди ин хазариҳо дар Қафқози Шимолӣ ва Қрим маскан гирифтанд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Тарҷума аз русӣ.

 

УСТО ВА МАСТО
Шурӯъ аз миёнаи солҳои 60-ум то ба соли 1984 ду ширинкори мумтоз – Усто ва Масто дар арсаи ҳунар ончунон майдондорӣ карданд, ки то кунун ҳазлу шухӣ ва базлагӯиҳои эшон аз хотири ҳаводорони ҳаҷву мутойиба нарафта. Тӯли қариб чиҳил сол дар пайравии онҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар дуэтҳои ширинкорон арзи ҳастӣ намуданд.
Усто (Устоқадам Машрабов) соли 1938 дар ноҳияи Ҷиликӯл, Масто  (Мастибек Паллаев) соли 1939 дар ноҳияи Рӯшон ба дунё омадаанд. Усто Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо (синфи ғижак) ба поён бурда, узви комилҳуқуқи Филармонияи давлатии Тоҷикистон мегардад. Масто аз соли 1958 ба арсаи ҳунар гом ниҳода, нахуст дар Ансамбли тарона ва рақси Помир, сипас аз соли 1960 ба филармония мепайвандад. Аз ҳамин давра ин ду нафар бо ҳам ҳунарнамоӣ мекарданд.
Ҳар ду ба Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуда, онро  соли 1979 хатм намуданд. Дар ин миён Усто ва Масто, дар як сол (1974) сазовори унвони фахрии Артисти Хизматнишондодаи Тоҷикистон ҳам шуданд.
Танқиди камбудиҳои иҷтимоӣ ва ашхоси алоҳида дар фаъолияти эҷодии онҳо хеле тунду тез буд: симои раисони фориғбол, ашхоси майпараст, ҷавонони олуфтасанги корбезор, худписанд, оилабезорону дурӯғгӯёнро воқеӣ ошкор сохта, барномаҳояшонро ҳамеша нишонрас мураттаб менамуданд.
Саҳнаҳои «Муфаттиш», «Эшон», «Мудири анбор», «Тақсими кор», «Аз мо чӣ ҳосил», «Усто ризо – Масто ризо», «Қалин» ва ғайра аз беҳтарин дуэтҳои онҳо маҳсуб меёфтанд.
Соли 1975 киностудияи Тоҷикфилм бахшида ба фаъолияти эҷодии Усто ва Масто филме бо номи «Гулдаста» таҳия намуд, ки он хеле ҷолибу диданист.
Умари ШЕРХОН

 

Назари дигар
СИННИ ИЗДИВОҶ КАДОМ АСТ?
Мутахассисони амрикоӣ аз Донишгоҳи Юта таҳти роҳбарии Николас Волфнигер дар натиҷаи таҳлилу омӯзишҳои зиёд ба хулоса омаданд, ки синни мувофиқ барои издивоҷ аз 28 то 32 – сола мебошад. Бино ба гуфтаи таҳқиқгарон маҳз никоҳҳои дар ин синну сол басташуда камтар бекор мешаванд.
Ин назарияи Н. Волфинерро ҷомеа бо шубҳа талаққӣ карда, мисолҳои гуногун оварданд, ки дар замонҳои пеш бобову бибиҳои онҳо дар синни нисбатан ҷавон оила барпо мекарданд ва то ҳол зиндагии хушбахтона доранд.
Ба андешаи олими дигар аз Британияи Кабир Эндрю Маршал тамоми бадбахтии муносибатҳои муосир аз он хотир ба амал меоянд, ки ҳамсарон аксар вақт мехоҳанд «муносибатҳои идеалӣ» - и худро намоиш диҳанд. Бар замми ин, бовар доранд, ки ҳамсар метавонад онҳоро сад дар сад фаҳмад ва бо ӯ дар ҳама ҳолат розӣ шавад. Чунин омилҳо бемуҳобот ба пошхӯрӣ оварда мерасонанд.
Э. Маршал дар натиҷаи машварат бо оилаҳои зиёд, ба чунин хулоса меояд, ки синни мувофиқ барои барпо кардани оила на рақамҳои муайян, балки вазъи ақлонии шахсоне мебошад, ки дар ҳақиқат бунёди оилаи мустаҳкамро мехоҳанд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

 

Дейл КАРНЕГӢ
МАҚСАДИ ҲАЁТ ДАР ХУДИ ҲАЁТ АСТ
«Аҷаб аблаҳона мегузаронем мо он пораи вақтро,  ки умр ном дорад, - навиштааст Стивен Ликок. – Кӯдак мегӯяд: «Ҳоло калон шавам…». Калон, ки шуд, баҳона меорад: «Ҳоло зан гирам». Баъд боз таъхир мекунад: «Вақте ки ба нафақа бароям». Чун баргашта ба қафо менигарад, ба рӯяш шамоли сард мевазаду ба хотир меорад, ки дар ҳаёт бисёр чизҳоро аз даст додааст. Акнун ҳама чиз бебозгашт рафтааст. Мо хеле дер мефаҳмем, ки маънову мақсади ҳаёт дар худи ҳаёт, дар ҳар рӯзу дар ҳар соати он аст».
Миллионер Эдвард Эванси Дейтротӣ то фаҳмид, ки мақсади ҳаёт дар худи ҳаёт, дар ҳар рӯзу соати он аст, қариб худкушӣ карда буд. Фарзанди оилаи камбағал аввал рӯзнома мефурӯхт, сипас фурӯшанда шуд, баъд ба китобхона ба кор даромад. Ҳафт нафарро мехӯронд. Ҳашт сол ба ин минвол гузашт. Вай таваккал карду ба 55 доллари қарз корхона кушод ва оқибат соле то 20 ҳазор доллар даромад мегирифт. Аз як дӯсташ аксия харид, муфлис ва 16 ҳазор доллар қарздор шуд. На хоб дошту на ғизое аз гулӯяш мегузашт. Ғамбеморӣ ӯро аз пой афтонд. Тамоми баданаш пучак баровард, ёрои ҳаракат надошт, лоғар гашт. Табибон гуфтанд, ки зиёдаш ду ҳафта умр мебинад. Васиятнома навишт, сипас дар интизори марг зери бистар даромад. Ба тақдир, ки тан дод, зуд хобаш бурд. Ташвиш, ки надошт, иштиҳояш омад, баъд неруаш оҳиста – оҳиста барқарор гардид.
Баъди 6 ҳафта ба кор сар кард. Қисмҳои эҳтиётии мошин мефурӯхт. Фаҳмид, ки барояш аз ҳама чизи муҳим аз ташвиш озод будан, аз он ки чӣ шуду чӣ гузашт, афсӯс нахӯрдан ва аз оянда натарсидан аст. Ва оромона тамоми қувваю маҳораташро сарфи касби нав кард. Вақте ки аз олам даргузашт, шахси маъруфи ИМА ба шумор мерафт.
Ягона чизи муайян имрӯз мебошад. Барои ҳамин ҳам чаро зебоиҳои имрӯзаро мо ба кӯшишу ҳалли проблемаҳои фардо, фардое, ки пур аз тағйирот ва номуайяниҳосту касе онро пешгӯӣ карда наметавонад, вайрон кунем?!».
Нозирҷон ЁДГОРӢ, тарҷума аз русӣ


Марде аз молдорону тавонгарон Суқротро айб кард. Суқрот ба вай гуфт, ки агар ман хоҳам, ки ҳамчун ту зиндагонӣ кунам, битавонам. Агар ту хоҳӣ, ки ҳамчун ман зиндагонӣ кунӣ, натвонӣ.

 

Саргузашти ибратомӯз
МУКЕШ АМБАНӢ
Мукеш Амбанӣ дар Ҳиндустон, дар шаҳри Мумбай, дар оилаи тоҷири машҳур, ки замоне қаҳрамони саноати ҳинд шуморида мешуд, ба дунё омадааст.
Фазое, ки дар оила ҳукмфармоӣ дошт, барои интихоби касб ба манфиати ӯ хеле мусоидат кард. Ӯ Донишкадаи технологияи кимиёвиро дар Донишгоҳи Мумбай хатм карда, соҳиби унвони бакалавр шуд, сипас таҳсилро дар мактаби тиҷорати Стэнфорди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идома дод. Бо сабаби бемории падар, ки сактаи майнаро аз сар гузаронид, Мукеш тасмим гирифт, ки таҳсилашро дар Стэнфорд қатъ карда, ба зодгоҳаш баргардад.
Соли 1981 ӯ дар ширкати хусусии падар ба кор шурӯъ карда, тасмим мегирад, ки фаъолияти ширкатро ба куллӣ тағйир дода, онро аз корхонаи истеҳсоли маснуоти бофандагӣ ва нах ба корпоратсияи бузурги нафту кимиё табдил диҳад. Ба туфайли дониши дар вақти таҳсил андӯхта ва маҳорати дар амал истифода бурда тавонистани онҳо, ӯ нақшаҳои худро амалӣ намуда, тоҷири муваффақ гардид. Дар натиҷа, Мукеш Амбанӣ 51 истеҳсолоти навинро таъсис дод, ки дар онҳо танҳо технологияи ҷадид ва пешқадам мавриди истифода қарор мегирифт.
Ӯ комёбии беназир ба даст оварда бошад ҳам, ба муваффақиятҳои бадастовардааш қонеъ нашуд. Баъдтар Амбанӣ калонтарин дар ҷаҳон заводи коркарди маҳсулоти нафтро бунёд кард, ки он дар шаҳри Ҷамнагар ҷойгир шудааст. Дар бораи Амбанӣ метавон бо боварӣ гуфт, ки ӯ иқтидори илмӣ ва зеҳнии худро амалӣ гардонда, аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода бурд ва ширкати худро ба корпоратсияи пуриқтидор табдил дод.
Соли 2004 ӯ бо унвони «Шахси аз ҳама муътабари Ҳиндустон» қадрдонӣ карда шуд.
Таҳияи М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»

 

«МАН БА ДЕВОНА МОНАНДАМ?»
Шунаванда ба пахши мустақими радио занг зада, хабар дод, ки аз нақлиёти мусофирбар ҳамён ёфтааст. Ҳамён 3000 сомонӣ пул дорад. Баранда аз ин ҷавонмардии шаҳрванд шод шуда, суроғаашро пурсид, то нафари пулгумкарда раваду ҳамёнашро гирад.
Ин замон шунаванда хандида гуфт: «Ман ба девона монандам, ҳаргиз суроғаамро намегӯям».
Баранда бо тааҷҷуб пурсид, ки пас чаро ба радио занг задед? Шунаванда ҷавоб дод: «Хоҳиш дорам, барои нафари пулгумкарда як суруди ғамангезе дар бораи зиндагӣ ва ё бевафоии дунё пахш намоед».
Лутфия ҚУРБОНОВА, корманди радиои «Фарҳанг» 

 

«ТИТАНИК II» БА ШИНО ОМОДАГӢ МЕГИРАД
Аз ғарқшавии киштии «Титаник» беш аз сад сол гузашта бошад ҳам, то ба ҳол сабабу омилҳои ба фоҷиа дучор шудани он диққати бисёриҳоро ба худ ҷалб месозад. Ҳангоме ки киштӣ бунёд гашт, мардум аз бузургӣ ва ҳашамати он ба шигифт омад ва ин боис гашт, ки «Титаник» - ро ғарқнашаванда арзёбӣ намоянд. Вале «Титаник» дар роҳ ба яхпораи бузург бархӯрда, дар зарфи се соат, ба коми уқёнуси Атлантик фурӯ рафт. Ба ин хотир садҳо асар, филм ва намоишҳои театрӣ эҷод шудаанд.
Инак, боз як иқдоми дигар. Миллиардери австралиягӣ Клайв Палмер тасмим гирифтааст, ки ба монанди «Титаник» киштӣ бисозад. Ҳарчанд он ба киштии маъруф монанд бошад ҳам, вале аз бисёр ҷиҳат фарқ хоҳад кард. Масалан,  «Титаник II» сербартар буда, ғунҷоиши он 56000 GT - ро ташкил хоҳад дод. Инчунин, ба хотири таъмини бехатарӣ,  «Титаник II» бо системаҳои пешрафтатарини киштиронии муосир таҷҳизонда мешавад. Киштӣ нуҳошёна буда, дар 840 каютаи (ҳуҷраҳои киштиро чунин ном мебаранд) дараҷаҳои I, II ва III-и он 2400 мусофир ҷой мегирад. Дар ҳудуди «Титаник II» ҳаммомҳои туркӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва майдон барои бозии бадминтон сохта мешавад. Ҷолибаш он аст, ки тамоми мусофирон бо либосҳои замони «Титаник» таъмин мегарданд.
Тибқи иттилои хабаргузориҳои интернетӣ, сохтмони «Титаник II» - ро Корхонаи давлатии киштисозии Чин CSC Jinling ба уҳда дорад. Киштӣ аввалин бор бояд соли 2015 ё 2016 ба шино мебаромад, вале чанде пеш Клайв Палмер изҳор доштааст, ки сафари нахустин ба соли 2018 мавқуф гузошта мешавад. Ба ҷуз ин, хати сайр низ тағйир ёфт: агар «Титаник» аз шаҳри Саутгемптони Англия бояд ба сӯйи Нью-Йорк мерафт, пас «Титаник II» сафари худро аз шаҳри Сзянсу (Чин) оғоз карда, роҳ ҷониби шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб мегирад.
Аҷиб он аст, ки ҳарчанд фурӯши чиптаҳо оғоз нашуда бошад ҳам, аллакай беш аз 40 ҳазор нафар хоҳиши харид кардаанд. Ҳатто баъзе шахсони сарватманд тайёранд, ки, ба хотири саёҳат дар киштии «Титаник II», чиптаро бо арзиши 1 миллион доллари ИМА бихаранд.
Ш. ШОКИР, «Ҷумҳурият»      

 

Яке аз молдорону тавонгарон Суқротро ба фақирию муфлисӣ айб кард. Дар ҷавоб Суқрот гуфт: Агар ту фақрро медонистӣ, ки чист,  ҳароина ту ғами худро мехӯрдӣ, на ғами маро.


ОДИНАМАҶЛИС
Наим Одинаев, котиби якуми кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Тавилдара (ҳоло Сангвор)-ро барои ғаллаи захираи махсуси давлатиро ба халқ ва киштукори баҳорӣ тақсим карданаш аз вазифа сабукдӯш намуда, ба ҷойи ҷазо ба ноҳияи Қади Об (ҳоло Тоҷикобод) фиристоданд. Ҳарчанд Наим Одинаев аз вазифа ва мавзеи нав розӣ набуд, аммо маҷбур буд, ки қарори бюрои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистонро ба ҷо биёрад. Рӯзҳои нахуст котиби нав корро ба мисли ноҳияи Сангвор ташкил карда натавонист. Зеро бисёр хоҷагидорон ба ӯ сар хам кардан намехостанд. Онҳо кори хоҷагиро чандон нағз намедиданд, яъне дар байнашон танбалону коргурезон бисёр буд.
Аҳли колхози ба номи Сталин бо вуҷуди номи доҳиро ба хоҷагиашон гузоштан, ноҳияро ба қафо мекашиданд. Наим Одинаев як рӯзи гармо мардумро дар клуби колхоз ҷамъ оварда, ба котиби хоҷагӣ мефармояд, ки ба ду оташдон кунда гузошта, алов кунад. Оҳиста - оҳиста гармӣ толорро фаро гирифта, ҳарорат баланд шудан мегирад.
- Ин чӣ ҳол аст? – дигар тоқат накарда мепурсанд аз котиб.
Раис бе он ки аҳамият диҳад, мефармояд, ки ба оташдонҳо боз кунда партоянд. Баъди фурсате гармӣ ба ҳадди ниҳоӣ мерасад, ки мардум ба доду вой медароянд.
Котиб гӯё ба мақсад расида бошад, ки ҳамчунон бепарво ба маърӯза сар кард:
- Ҳоло нав ба Уялӣ расидем. Дар пеш Қӯрғонтеппа, Қумсангир, Панҷ, Ҷиликӯл ва Шаҳритуз истодааст. Мардум дар ин ноҳияҳо дар ҳарорати зиёда аз 45 – 50 дараҷа кор мекунанду шумо бошед, дар ҷойҳои салқин кор кардан намехоҳед. Ғалла нодарав мондааст, дар фермаҳо говҳо гурусна ва нодӯшида. Бо ин рафтори шумо мо дар пеши партия ва ҳукумат чӣ ҷавоб медиҳем.
Мардум қавл медиҳанд, ки онҳоро аз ин «оташдон» озод кунад, аз сидқ кор мекунанд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Колхози ба номи Сталин дар ноҳия пешқадам гашт.
Додихудо РАҲМАТОВ,
нафақахӯри аҳамияти ҷумҳуриявӣ

 

НИЗОМИ ДУГОНА
Аз рӯйи тести байналмилалии PISA, ки ҳамасола дар байни тамоми хонандагони ҷаҳон баргузор мегардад, давлатҳое ба мисли Хитой, Сингапур ва Кореяи Ҷанубӣ дар қатори ғолибонанд.
Сабаби дастболои ин кишварҳои Осиё дар заҳматқаринии мардуми он аст. Барои мисол, дар Кореяи Ҷанубӣ ҳаёти кӯдаконро бидуни омӯзиши пайваста тасаввур кардан аз имкон берун аст. Хонандагон то нисфирӯзӣ дар мактаби давлатӣ таҳсил мекунанд, баъди зуҳр, одатан, ҷониби мактабҳои хусусӣ мешитобанд. Ин низоми дугона ба кӯдакон ва наврасони Кореяи Ҷанубӣ имкон медиҳад, ки дар қатори беҳтарину лаёқатмандтарин хонандагони ҷаҳон бошанд. Дар ин кишвар ҳатто хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар ду баст таълим мегиранд. Тасаввур кунед, ки тифлакони мо рӯйи бистари ноз кайҳо ба хоби ширин рафтанду кӯдакони Кореяи Ҷанубӣ дар айни омӯзишанд. Табиист, ки дар ин кишвар аксари хонандагон аз ин тарзи зиндагӣ эҳсоси хастагӣ мекунанд, вале онҳо вақте натиҷаи талошҳои хешро мебинанд, хурсанд мешаванду азобҳоро фаромӯш месозанд. Мактаббачагон дар ин мамлакат дар як шабонарӯз 13 соат дарс мехонанд, яъне онҳо соати дуи шаб хоб мераванду шаши саҳар аз хоб мехезанд. Метавон гуфт, ки дар Кореяи Ҷанубӣ манбаи даромад (ресурс) вуҷуд надорад. Онҳо ҳатто барои зист замини кофӣ надоранд. Манбаи ягонаи даромад худи одамҳоянд. Агар хоҳанд, ки дар байни дигарон муваффақ бошанд, бояд ҳарчи бисёртар омӯзанд. Албатта, ин муваффақият бо баҳои гарон ба даст меояд. Вале бо вуҷуди ин Кореяи Ҷанубӣ тавонистааст дар сабқати ҷаҳонӣ ҷойи намоён ба хотири заҳматдӯстиаш сазовор гардад. Воқеан, ин муваффақият беасар нест.
Суҳроб БОБОКАЛОНОВ,
омӯзгори коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2016    №: 74    Мутолиа карданд: 738

12.12.2018


Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед