logo

фарҳанг

МУСАВВИРИ ҲАҚИҚАТИ ЗИНДАГӢ

Вақте сухан дар бораи насри тоҷик дар қарни XX ва оғози қарни XXI меравад, пеш аз ҳама нависандагони шинохтаи ин жанри бою ғанӣ ва рангорангу гуногунпаҳлу, монанди устодон С. Айнӣ, Ҷ. Икромӣ, Ҳаким Карим, С. Улуғзода, Пӯлод Толис, Ф. Муҳаммадиев ва баъдтар Ӯ. Кӯҳзод, Сорбон, А. Самадов, Баҳманёр ва дигарон ба назар мерасад, ки дар ин миён, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, қаламкаши закитабъ ва мутарҷими боистеъдод Саттор Турсун истисно нест.

Ва ҷойи масаррат он аст, ки вай бо қадами аввалин гузоштан ба адабиётамон муваффақона зина ба зина пеш рафта, дар андак муддат тавонист, ки хонандаи худро пайдо намояд ва то дили мардуми фарҳангдӯсту адабпараварамон роҳ ёбад.
Бегумон маҷмӯаи нахустини ҳикояҳояш «Дили гарм», Маҷмӯи қиссаву ҳикоя ва романҳояш «Сукути қуллаҳо», «Камони Рустам», «Аз субҳ то шом», «Барф ҳам мегузарад», «Дувоздаҳ ҳикоя», «Се рӯзи як баҳор», «Дарахти ҳазорсола», «Садама», «Санг дар бағал ба тӯфон», «Чорбанди домангир» ва ғайра баёнгари рӯшани андешаҳои фавқанду таҳлилу баррасии интиқодии он ҳама ниёз ба навиштани ҳамин қадар асарро доранд.
Ӯ дар ҳақиқат аз байни мардум бархоста ва эҷодкори мардумист. Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов доир ба эҷодиёти нависанда андешаронӣ намуда, аз ҷумла чунин хулоса дорад: «Ҷиҳати аз ҳама хушоянди эҷодиёти Саттор Турсун дар он аст, ки ҳангоми мутолиаи повесту ҳикояҳои ӯ кас қаҳрамонҳояшро дар амалимёт дида метавонад, ба софии дилу ният ва идеалҳои онҳо бовар мекунад, аз пасашон қадам ниҳоданӣ мешавад».
Ҳанӯз олими барҷастаи тоҷик, фолклоршиноси маъруф, академик Раҷаб Амонов ба қобилияти ҳикоянависии мавсуф баҳои илмӣ дода, навишта буд, ки: «Саттор Турсун аз як ҳикоя то ҳикояи дигар пеш меравад ва хусусиятҳои ин жанрро беҳтар ва бештар аз бар мекунад».
Ин баҳои  устоди суханшинос маншаъ аз мутолиаи китоби ҳикояҳои нависанда «Дувоздаҳ ҳикоя» аст, ки ҳар яке хонданию хотирмонанду яке аз дигаре бартар, ҳам дар тасвири бадеию ҳам дар ҳусни баён ва симоофарӣ.
Саттор Турсун дар баробари нависандаи баркамол будан қалами нозуки таҳрир ва ҳунари хуби тарҷумонӣ дорад, ки ин паҳлуҳои фаъолияташ низ қобили қайданд.
Абдулҳамид Самадов доир ба заҳмати қалами таҳрири ӯ ин хотираро навиштааст, ки иқтибоси он барои навкорони кунунӣ беманфиат нест. Ӯ менависад: «Устоди шодравон Убайди Раҷаб сардабири беҳамтои маҷалла (яъне, «Садои Шарқ») гоҳе моро огоҳ месохт, ки таҳрири ҳалол мероси Пӯлод Толис аст ва пос доштани онро талабгор мешуд. Ва тӯли даҳ соле, ки банда дар як дафтар бо Саттор  менишастам, медидам, ки ӯ барои ба нашр омода кардани асарҳои нависандагон чӣ қадар ҷон мекоҳонад, ба онҳо ҷузъиёт, таъбиру ибораҳои хушоб, тару тоза ворид месозад».
Зиёда аз ин, Саттор Турсун дар тарбияи насли ҷавонтари насрнависон ҳаққи устодӣ дошта, дасти бисёр нависандагони ҷавонро рост кардаасту бо ҳисси масъулият ҳанӯз ҳам бори суханро мекашад ва хазинаи насри адабиётамонро бо осори худ ғанитар мегардонад.

Шаҳноз МУҲАММАДИЕВА,
корманди Китобхонаи
миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2016    №: 75    Мутолиа карданд: 603

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед