logo

ҳуқуқ

ЯК ПОСУХ БА ДУ МАТЛАБ

Дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара матлабҳои танқидии рӯзномаи «Ҷумҳурият»  «Мақомот: ваъда ҳасту вафо не» ( 17. 09. 2016, № 188) ва «Ваъдахилофӣ дар Ворух ё чаро муроҷиати шаҳрвандон бе ҷавоб монд» (10. 03. 2016) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар матлабҳо доир ба бепарвоии масъулон ҷиҳати иҷрои қарори раиси шаҳр дар бораи таъмини шаҳрвандон бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ сухан меравад. Доир ба ин масъала бояд тазаккур дод, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 225 аз 03. 06. 2013) барои васеъ намудани фонди қитъаҳои замини наздиҳавлигии Ҷамоати деҳоти Ворух 24, 23 гектар замини назиҳавлигӣ ҷудо гардида буд. Вобаста ба маҳали ҷойгиршавии қитъаҳо аз тарафи бахши меъмории шаҳри  Исфара нақшаҳои кул тартиб дода шуд. Қарорҳои раиси шаҳри Исфара барои ба эҳтиёҷмандон ҷудо намудани қитъаҳои  замини наздиҳавлигӣ аз мавзеи Меҳнатобод ба 70 нафар, аз мавзеи Шахи Сурх ба 93 нафар, аз мавзеи Лочин ба 56 нафар, аз мавзеи Назарпар ба 23 нафар ба тасвиб расиданд. Қиъаҳои замини аз мавзеи Меҳнатобод барои 70 нафар ҷудогардида, ба эҳтиёҷмандон тақсим карда шуданд. Қисман қитъаҳои замини наздиҳавлигии мавзеи Шахи Сурх низ ба оилаҳои эҳтиёҷманд дода шуд. Рӯзҳои наздик тақсимоти пурраи ин қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ оғоз мегардад. Бояд қайд кард, ки тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигии аз мавзеи Лочин ҷудогардида, бинобар аз коммуникатсияҳои муҳандисӣ дур будан, муваққатан мавқуф гузошта шуд, зеро дар оянда мушкилоти таъмини сокинон бо оби нӯшиданӣ, барқ ва роҳ ба миён меояд. Инчунин, дар мавзеи мазкур як қисми қитъаҳои замини барои манзил ҷудогардида аз тарафи шаҳрвандон қонунӣ гардонда, қисми дигар ҳамчун хоҷагиҳои деҳқонӣ истифода бурда мешаванд. Бинобар  ин, дар вақти тақсимоти қитъаҳои замин душворӣ ба миён омад. Аз ин рӯ, ин қитъаҳои замин дар маҳал ба оилаҳои эҳтиёҷманд ҷудо карда нашудааст. Комиссияи ҷамъиятии манзили ҷамоат ба хулоса омад, ки қитъаҳои замини наздиҳавлигии аз мавзеи Лочин ҷудогардида, мутаносибан ба қитъаҳои замини наздиҳавлигии мавзеъҳои дигари дар фонди манзил қарордошта, иваз карда шаванд.
З. МАҲКАМОВ,
раиси Ҷамоати деҳоти Ворухи
шаҳри Исфара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2016    №: 75    Мутолиа карданд: 796
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед