logo

илм

Ним асри ҷустуҷӯ ва бозёфтҳои ҷарроҳ Азизов

Дастовардҳои илмию амалии мудири кафедраи ҷарроҳӣ, беҳискунӣ ва эҳёгарии кӯдакони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Аъзам Азизов дар бахши ҷарроҳии кӯдакон назаррас аст. Вақте ба хотири шиносоӣ бо фаъолияти ин марди шариф ба Маркази миллии беморхонаи ҷумҳурӣ омадам, огаҳӣ  ёфтам, ки устод бо анҷоми ҷарроҳии тармимию таҷдидӣ ҳам навъҳои гуногуни нуқсҳои модарзодиро бартараф сохта, борҳо ин ё он узви дарунии тифлонро аз нав эҳёю бунёд кардааст. Ба даҳҳо тифлакони бидуни маъқад ва ё пешобдон ба дунёомада ёрӣ расонида, онҳоро аз вартаи марг вораҳонидааст.
Ҳамин гуна ҳар сол профессор Аъзам Азизов  теъдоди  беш аз 150  ҷарроҳии мураккабро дар асоси мушоҳидаҳои нуктасанҷона ва қиёс бо дастовардҳои муосири  тибби  ҷаҳон сомон дода, дар ин замина усулҳои кӯтоҳмуддати (минималии)-и ҷарроҳии фаврии узвҳои дарунӣ, аз ҷумла рӯдаи ғафсу борик, узвҳои пешобгузар ва монанди онро зимни пажӯҳишу тадқиқоти бисёрсола дар амал ҷорӣ намудааст.
Моҳи гузашта бо  амалиёти ҷарроҳии тармимию таҷдидии мураккаб профессор Аъзам Азизов  духтарчаи чаҳордаҳсолаи  нуқси ҷинсидоштаро муолиҷа намуда, ӯро ба  писар табдил дод. Ҳоло ин писарак, ки ба иллати бемории ҷинсии модарзодӣ азият мекашид, бо барқарор шудани ҷинсият, тағйири ному насаб ва  сару либосу  ҳолати равониаш зиндагии оромона дорад. Волидайн ҳам мушкили чандинсоларо паси сар кардаанд.
Фахриддин Сафедов, ассистенти ҳамин кафедра, мегӯяд  ки тағйири ҷинсият аз тариқи амалиёти ҷарроҳӣ роҳи ягонаи  муолиҷаи ин гуна  беморон аст, ки дар тиб онро гипоспадия меноманд. Гипоспадия дорои  навъҳои гуногун - сафанӣ, танагӣ, решагӣ ва чатанӣ аст. Иллати аз ҳама мураккаби ин беморӣ навъҳои сафанӣ ва чатанӣ мебошанд, ки ба сабаби нофаҳмӣ аксарияти волидон фарзанди  беморашонро, ки дар асл ба ҷинси дигар мансуб аст, ҳамчун намояндаи ҷинси дигар тарбия менамоянд. Аммо бо гузашти айём ва давраи балоғат, яъне баромадани мӯи бадан  ва инкишофи ғадудҳои ҷинсӣ нишонаҳои  ҷинсии ин гуна кӯдакон  бармало зоҳир мегардад.
Профессор Аъзам Азизов баъди ташхису муоина онҳоро аз тариқи  ҷарроҳии тармимиву таҷдидӣ муолиҷа менамояд. Аммо чунон ки шогирдонаш мегӯянд, ин ҷарроҳи ҳозиқ баъди амалиёти ҷарроҳӣ ва тағйири ҷинсият кӯдакро аз нигоҳи равониву иҷтимоӣ барои минбаъд чун ҷинси дигар зистан дар ҷомеа омода месозад. Ва  баъди ба зиндагӣ  на танҳо ҷисман, балки рӯҳан ҳам мутобиқ шудану  тағйири  ному насаб ва сару либос карданашон онҳоро барои зистан дар хонаводаашон иҷозат медиҳад. Ба андешаи профессор муолиҷаи ин гуна беморон дар синни хурдсолӣ беҳтар аст.
Дастовардҳои профессор Азизов дар бахши ҷарроҳии кӯдакон бузург аст. Давоми фаъолияти нимасраи илмиву амалиаш, ки  ба амалиёти ҷарроҳӣ алоқаманд аст, ин ҳакими исавиҳуш маҳсули зеҳниашро дар даҳ асари  монографӣ, 20 китоби дарсиву методӣ, 312 мақолаи илмӣ, 16 ихтироъ ва 70 навоварию пешниҳодҳои ратсионализаторӣ баён намуда, дар инкишофи илми ҷарроҳии муосири Тоҷикистон саҳми назаррас гузошт. Ба саъю кӯшиш ва эҳтимоми ӯ як қатор проблемаҳои илми ҷарроҳӣ, ки барои ҷумҳурӣ муҳиманд (дарди санги гурда, сабку усулҳои тозаи ташхису муолиҷаи он, илтиҳоби шадид ва музмини луобӣ ва тангшавии гарданаи шошадон ва амсоли он) хеле дақиқу мушаххас  таҳқиқ шуданд. Таҳти сарварии профессор Аъзам Азизов бисёр масъалаҳои назариявию амалии  ҷарроҳии кӯдакон, ба вижа иллати бемориҳои санги гурда, пешобдон ва роҳҳои пешобгузар мавриди пажӯҳиши ҷиддӣ қарор гирифтанд. ӯ бори нахуст дар таҷрибаи ҷарроҳии тибби тоҷик  усули нави амалиёти ҷарроҳии судабандии бофтаҳои гарданаи масона, обилаи роҳҳои пешобгузар аз гурда то шошадон, ҷарроҳии тармимию таҷдидии қисмати поёнию болоии найчаҳои пешобгузарро ҷорӣ намуд.
Доираи мавзӯъҳое, ки шогирдонаш дар як рисолаи докторӣ ва ҳашт рисолаи номзадӣ анҷом додаанд ва панҷ рисолаи докторию даҳ рисолаи номзадии дигар, ки таҳти раҳбарии ӯ дар арафаи дифоъ қарор доранд, паҳлӯҳои зиёди ҳанӯз дар тиб нимарӯшани роҳҳои ташхису табобати бемориҳои кӯдаконро фаро гирифтаанд. Шогирдон ташхису муолиҷаи бемориҳои устухонхӯраки рон, иллатҳои тухмдони писарбачагон, бемории модарзодии санги гурда ва системаи узвҳои пешобгузар, нуқси модарзодии пайдоиши санги узвҳои бадани кӯдакон, бемориҳои фасодию септикӣ ва ғайраро ба сабки тозаву  беҳтар, ки хоси мактаби ҷарроҳии Азизов аст, мавриди пажӯҳиш қарор дода, дар ин ҷода муваффақ ҳам шудаанд.
Масъалаи дигаре, ки табибро ба андеша водошта, дарёфти роҳҳои беҳтару самарабахши муолиҷаи  кӯдакони дучори садамаи нақлиётӣ гашта, аз тариқи ҷарроҳӣ аст. Ин табиби ҳозиқ аз мушкили афзоиши садамаи нақлиётӣ, ки ҳоло дар ҷаҳон беш аз 46 дар сади сабаби марги кӯдакон гаштааст, дар изтироб аст. Ин офат аз тамоми бемориҳои бадфарҷом, сактаи модарзодии дил, илтиҳоби шушу пардаҳои мағзи сар, ки аксар боиси фавти кӯдакон мешаванд, бештар аст, - мегӯяд ӯ. - Аз осеби садамаи нақлиётӣ  на танҳо узвҳои берунӣ, инчунин узвҳои дарунии кӯдакон ҳам захм бардошта,  кӯдакон  якбора чандин ҷароҳати вазнин  мегиранд.
Тавре ки яке аз шогирдони устод, дотсенти кафедраи ҷарроҳии кӯдакони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  Абдулло Сафаров мегӯяд, зарурати расонидани ёрии фаврии муолиҷавӣ  ва наҷоти кӯдакон устод Аъзам Азизовро водошта, ки мушкили бо як ҷарроҳӣ сомон бахшидани чандин амалиётро ҳам мавриди пажӯҳиш қарор диҳад. Худ шахсан  ҳафт-ҳашт амалиёти ҷарроҳии пайдарпаи тармимию таҷдидиро бо баргузории як амалиёт сомон мебахшад.
 Чанде пеш  Шӯрои илмии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ силсилаи асарҳои профессор Аъзам Азизовро вобаста ба ҳолати таъхирнопазир ва касалиҳои ҷарроҳиталаб дар кӯдакон, ки дар шакли се монографияи тиббӣ ва се китоби дарсӣ пешниҳод шудааст, барои ширкат дар озмуни дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, якдилона пазируфтанд.
Силсилаасарҳои устод Азизов оид ба ташхис ва усулҳои ҷарроҳии уролотиази ихтилотноки кӯдакон ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ бо номи «Диагностика и тактика хирургического лечения уролитиаза у детей», «Ташхис ва усулҳои ҷарроҳии уролитиази ихтилотноки кӯдакон» ҳоло китоби рӯимизии ҳар мутахассиси ин соҳа аст. Онро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари ҷаҳон ҳам васеъ истифода мебаранд. Дар ин китобҳо на танҳо сабку усули ҷарроҳии олимони кишварҳои дигар, балки пеш аз ҳама роҳҳои нави ташхису муолиҷа ва тактикаи амалиёти ҷарроҳии худи муаллиф, ки тӯли  солҳои зиёд зимни фаъолияти илмиву амалӣ муваффақ шудааст ва дар китобҳои дигари илмии ҷарроҳӣ ба чашм намерасад, гирд омадаанд. Ба вижа  усули муайян намудани бемориҳои роҳҳои узвҳои пешоб ва иллатҳои пинҳонии он, тарзи ҷарроҳии нуқсҳои кушодаи узвҳои пешобгузар, бо кадом роҳ ва чӣ гуна найчагузорӣ намудани онҳо ва усулҳои  барқарор сохтани пешоброҳа хеле мушаххас баён шудааст. Инчунин устод Азизов бо ёрии урограмма  як навъи бемории гурдаро кашф намуд, ки ҳанӯз дар тибби ҷаҳон ошкор нашуда буд. Он нуқси модарзодиест, ки найчаи шошарез на ба қабати берунӣ, балки ба қабати дохилии гурда пайваст шудаву ба пайдо шудани санг дар қабатҳои гурда мусоидат менамояд Дар асоси ин пажӯҳишҳои илмӣ профессор Азизов силсилаи ихтироотеро ноил гашта, мувофиқи онҳо дар ҳолати набудани девори пеши шошадон (экстрофияи масона), яъне рехтани пешоб берун аз девори шикам, тарзи найчагузорӣ ба ин  беморон ва роҳҳои ҷарроҳии гурдаҳоро дар ин гуна ҳолатҳо пешниҳод мекунад. Ғайр аз ин ҳангоми бемориҳои ихтилоотноки фасодгирифтаи гурда дар зинаи мавҷудияти санги гурда ихтирооте мавҷуданд, ки ба василаи онҳо бидуни озор ёфтани гардишҳои гурда ба ҷароҳати гурда кӯкҳои гиреҳӣ гузошта мешаванд. Ихтирооти дигар оид ба нуқсҳои модарзодии системаи ҳолибу (найча) шошадон аст. Ин асбоб барои бартараф намудани тангии гарданаи шошадон истифода мешавад ва бо номи  «сиканҷаи Азизов» дар тиб машҳур аст.
Ихтироъҳои профессор Азизов чун моликияти зеҳнӣ пазируфта шуда, ба силсилаи диплому ифтихорномаҳо ва 11-умин медали тиллои Маркази байналмилалии моликияти зеҳнӣ (Женева) сазовор гаштаанд.
 Хидмати беназири дигари устод дар инкишофи тибби тоҷик таълифи адабиёти илмии «Луғати истилоҳоти ҷарроҳӣ» аст. Дар китоб  истилоҳоти ҷарроҳӣ ба се забон -тоҷикӣ, русӣ ва лотинӣ шарҳ ёфтаанд.
  Интишори китобҳои дарсии «Детская урология», «Ҷарроҳии батни кӯдакон» ва «Абдоминальная хирургия детского возраста» ба донишҷӯён имкон фароҳам овард, ки ин соҳаи тибро ба ду забон омӯзанд.
Устод Аъзам Азизов ҳоло дар  авҷи камолоти эҷодист ва силсилаи дастовардҳои дигараш дар бахши асрори ҷарроҳии бемориҳои кӯдакон дар остонаи интишоранд.
ӯ  мегӯяд, ки вақте ҷарроҳ ҳар як амалиётро бо масъулияти баланду  қиёс бо таҷрибаҳои андӯхтааш сомон мебахшад, ҳар дафъа чизи наверо ошкор месозад. Ба андешаи ӯ ҳанӯз дар ҳар беморӣ асрори зиёде нуҳуфтааст, ки илми тиб ошкор накардааст. Ва ҷарроҳ шиновареро монад дар уқёнуси бекарони илм. Ҳар қадар жарфтар шино варзаду ҷӯяд, аз ин асрори нуҳуфтаи азал бештар огаҳӣ пайдо мекунад.

Хайринисои Расулӣ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1075

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед