logo

илм

Об олудаву моҳӣ камёб. Чӣ бояд кард?

Ҳоло дар  давраи рушди баланди илмҳои техникӣ дар аксари кишварҳои ҷаҳон, ба вижа мамлакатҳои иқлимашон гарм норасоии оби тозаи истеъмолӣ бармало эҳсос мешавад. Ва ҳама медонанд, ки  истифодаи бебаркаши об дар  соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ  ва  ифлос гаштани манбаъҳои оби тоза боиси танқисии он шудааст.  Имрӯз обҳои тозаву булӯрини ҷумҳурии мо низ, ки сарчашмаи манбаъҳои обии Осиёи Марказист, аз ин раванд беосеб намондааст. Бар асари олудашавии обҳои софу зулол гулмоҳиву ширмоҳиҳои болаззати тоҷикӣ, ки онҳоро метавон индикатори оби тоза номид, комилан маҳв мешаванд. Олими  қирғиз А.Турдаков дар ёддоштҳояш хотирнишон намуда, ки соли 1941  ҳини экспедитсия дар мавзеи Эсанбой, аз дарёи Кофарниҳон гулмоҳӣ гирифтааст. Муҳаққиқи дигар В.Максунов менависад, ки соли 1955 вазни гулмоҳиҳои дарёи Душанбе ба 4,5 кило мерасид. Ҳоло гулмоҳӣ, ки макони зисташ обҳои шаффофу булӯрин аст,  аз дарёи Ёс, шафати корхонаи моҳипарварии Ромит, поён намефурояд. Сабаб ифлосии об аст. Садаи гузашта мо худ шоҳид будем, ки дар дарёҳои Сиру Кофарниҳон ва кӯлҳои мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» якбора ба миқдори даҳҳо тонна моҳиҳо фавтиданд. Чаро ки он солҳо обҳои партови корхонаҳоро ба дарёҳо меафканданд. Имрӯз ҳам ҳолати беҳдоштию эпидемиологии  кӯлу дарёҳои кишварамон ташвишовар аст. Обанбори Қайроқум, ки ҷигари обҳавзаи  дарёи Сир аст, ҳудуди 52 ҳазор гектарро фаро мегирад, вале мутаассифона, феълан беш аз  ними масоҳати он зери қамишу  растаниҳои дигари зериобӣ мондаанд ва соле садҳо тоннаи ин набототи обӣ пӯсида, қабати лойи обанборро зиёду обҳавзаро тадриҷан ба ботлоқ мубаддал месозанд. Аз ҷониби дигар ҷараёни пӯсиши миқдори зиёди растаниҳои обӣ оби тозаро олуда месозад. Сабаби авҷи сабзишу афзоиши қамишу растаниҳои дигари обӣ олудашавии об бо заҳрхимикатҳое аз ҷумлаи рогор, метафос, меркаптофос, дӯст, гексохлоран ва ғайра мебошанд, ки дар соҳаи кишоварзӣ васеъ истифода мешаванд. Баъди обёрии зироатҳои кишоварзӣ оби партови майдонҳои кишт ба заҳбуру каналу дарёҳо  мерезанд, барои нашъунумӯи растаниҳои обӣ шароити мусоид фароҳам меоваранд.
Мушкили дигар коҳиши  ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар обанбори Қайроқум аст. Солҳои пеш истеҳсоли солонаи гӯшти моҳии ин обанбор  ҳудуди 400-500 тоннаро ташкил медод. Айни замон ин адад  то 100 тонна поён фаромадааст. Сабаб харобу валангор гаштани мавзеъҳои тухмпартоии моҳиён ва афзоиши  моҳидуздон аст. Чунин ҳолат на танҳо дар вилояти Суғд, балки дар минтақаи ҷануби мамлакат, ба вижа ҳавзаҳои дарёҳои Вахшу Кофарниҳон низ ҷой дорад. Дар кӯлу дарёҳои ноҳияҳои Қумсангир, Шаҳритус, Ҷиликӯл ҳам миқдори нитрат то 1124,5 мг дар 1 литр об, нитрит то 741,4 мг/л  афзудааст, ки ин адад аз ҳадди ақали безарарӣ садҳо маротиб зиёд аст.
Оби нӯшокӣ аз заҳрхимикатҳои дӯст, гексохлоран, перманганати калий, боқимондаи кислотаи карбонат ва ҳар гуна намакҳо ҳам олуда гаштааст. Мушкил он аст, ки моддаҳои ифлоскунандаи об  аз обҳавза ба ҳеҷ ҷое намебароянд ва бухор ҳам намешаванд. Онҳо  дар таркиби лойи кӯлу обанборҳо,  растаниву  моҳиҳо ҷой мегиранд ва миқдорашон дар организми  набототу ҷонварони обӣ сол ба сол тадриҷан меафзояд. Дар организми моҳиёни 2-3 сола миқдори ин гуна заҳрхимикатҳо  камтар аст. Ба як килои вазни моҳиёни 5-7 сола то  0,49-0,500 мг заҳрхимикатҳои хоҷагии қишлоқ рост меояд, ки истеъмоли ин гуна моҳиву об ба саломатии инсон осеби зиёнборе дорад.
Яке аз сабабҳои  асосии хурӯҷи касалии вараҷа ё табларза, ки ба василаи хомӯшакҳо паҳн мешавад, ҳолати бади беҳдоштию эпидемиологии кӯлу заҳбуру ҷӯйбору  каналҳо  аст. Зеро ҳашарот маҳз дар ҳамин гуна мавзеъҳои ифлосу сернам ва ботлоқ  афзоиш меёбанд.
Солҳои  шӯравӣ ба хотири муҳофизати сифати оби кӯлу дарёю  моҳӣ дар назди Вазорати ҳифзи табиат муассисаи нозироти ҳифзи моҳӣ фаъолият дошт. Моҳидорӣ фақат бо чангак мумкин буд. Барои олудасозии оби кӯлу дарёҳо аз  роҳбарони корхонаҳо  давлат ҷаримаи калон меситонд. Ҳоло  дар ҷумҳуриамон азбаски нозироти ҳифзи моҳӣ амал намекунад,  моҳиро аз кӯлу дарёҳо ба воситаи «электроудочка», яъне бо роҳи мадҳушгардонӣ ба воситаи нерӯи барқ ва ё маводи таркандаи аммонал мегиранд. Вале ин гуна кирдори номатлуби моҳидорон, ки боиси маҳви ҷонварони обии кишварамон мегардад, аз лиҳози қонунӣ манъ нашудааст. Дар натиҷа навъҳои зиёди моҳиҳои Тоҷикистон кам шуда, дар ҳоли маҳвшавӣ қарор доранд. Ва гӯшти моҳӣ  ба ғизои камчину дастнорас табдил ёфтааст. Ҳол он ки истеъмоли мунтазами моҳӣ барои организми  инсон зарур аст. Дар дунё ба мисли моҳӣ ғизое судманд ба инкишофи ҷисмонии кӯдак, сабзиши  устухони ӯ, рӯшании чашм ва фаъолияти мағз  андак аст.
 Моҳиҳо одатан дар канори соҳили дарёҳо, зери сангу қуму алафҳои он тухм мегузоранд. Аммо дар канори соҳилҳои аксари дарёҳои Тоҷикистон барои тухмгузории моҳиён имрӯз ҷое намондааст, зеро соҳили дарёҳо макони истеҳсоли қуму регу шағали сохтмонҳои хусусӣ гаштааст. Дар ҳавзаи дарёҳои Варзоб,  Душанбе ва Кофарниҳон бар асари бунёди биноҳои серошёнаи бӯстонсароҳо, ошхонаву тарабхонаҳо мавзее намондааст, ки ҷои тухмпартоии моҳиён бошад.
Ин сокинони соҳилнишин ҳамаи партовҳои маишиашонро ба дарё меафкананд. Дар паёмад оби дарёҳо  олудатар гашта, ба вазъи нобоби обҳавзҳо, маҳви навъҳои  нодири моҳиҳои хоси минтақа суръат мебахшад. Ҳол он ки то соли 1990 моҳипарварӣ ва истеҳсоли моҳӣ яке аз соҳаҳои тараққикардаи хоҷагии халқ маҳсуб меёфт. Дар назди Ҳукумат сарраёсати моҳипарварӣ амал мекард ва соле аз ҳавзаҳои моҳипарварию кӯлу обанборҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 3500 тонна моҳӣ истеҳсол мешуд. Маҳсулнокии ҳавзҳои моҳипарварӣ аз ҳар  гектар аз 12 то ба 30-35 сентнерӣ ва дар баъзе хоҷагиҳо  ба 70 сентнер моҳӣ мерасид. Ба моҳипарварон мутахасиссони шӯъбаи ихтиология ва гидробиологияи Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ  ёрӣ расонида, барои  рушди соҳа тавсияномаҳо омода месохтанд. Ба хотири ҳифзи моҳӣ аз осеби  обҳои партови соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва хоҷагии  коммуналӣ  оби кӯлу дарёю обҳавзаҳо ҳамеша зери назорати  муассисаи «Нозироти моҳӣ» қарор дошт ва ҳатто шустани мошин дар соҳили дарё мамнӯъ буд, зеро аз оби равғанолуди он, ки ба дарё ҷорӣ мешавад, моҳӣ мемирад.
Дар тамоми кишварҳои дунё имрӯз ҳам минтақаи экологии 500 метраи соҳили мавзеъҳои обӣ амал мекунанд, яъне дар масофаи 500 метри обҳавза танҳо барои устувории соҳил ба ниҳолшинонӣ иҷозат аст. Ин гуна амалиёти хайрхоҳона дар қонунҳои ҳифзи табиат акс ёфтаанд. Вале мутаассифона  бо хусусигардонии моликияти соҳа,  дастовардҳои пешин парвариши арзишашонро гум карданд. Дар ҳавзҳои моҳипарварӣ  ба ҷойи  моҳӣ шоливу алаф, ҷуворимаккаву офтобпарастро мебинем. Корхонаи «Нозироти моҳӣ» аз фаъолият бозмондааст. Барои рафъи ин мушкил бояд дар назди Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳипарвар» муассисаи «Нозироти моҳӣ» ва озмоишгоҳи илмию истеҳсолӣ таъсис ёбад. Зеро бартараф сохтани хатари маҳви навъҳои нодири моҳӣ, афзоиши  ҳаҷми истеҳсоли он, тоза нигоҳ доштани обҳавзаҳо, кор бо онҳое, ки дар соҳилу болои ҷараёни оби дарё обро ифлос мекунанд, аз роҳҳои асосии ҳалли ин масъала аст. Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ аз афкандани партовҳои  садҳо сокинони ин бӯстонсароҳо ба дарё нигароние надоранд. Дар болои дарёҳои мо хати «лӯлаҳои обгузар ва партовафкан» (мусоропровод) сохта нашудааст ва  мардум ҷои беосеби партовафкан надорад. Бояд  Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ аз чунин вазъ ба ташвиш омада, аз паёмади зиёнбори он  ба воситаи ВАО ба аҳолӣ  хабар диҳад. Аз амали  «забт»-и заминҳои наздисоҳилӣ ҷилавгирӣ намояд, то барои наслҳои нав оби тозаву мусаффои худодод ба мерос гузошта шавад.

Фирӯз АҲРОРОВ,
доктори илмҳои
биология, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1041

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед