logo

фарҳанг

ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ЖУРНАЛИСТӢ. МАГАР МО ҚАНОАТМАНДЕМ?

Журналистон шахсонеанд, ки дар баробари ба миён овардани афкори ҷамъиятӣ дар ҳалли проблемаҳои мавҷудаи ҷомеа низ саҳм мегузоранд. Айни ҳол дар кишвар зиёда аз 500 расонаи хабарӣ ба қайд гирифта шудааст, ки қисми зиёди онҳо фаъолияти хуб доранд. Мувофиқи маълумотҳо ин расонаҳо пурра бо кадрҳо таъмин нестанд. Чаро?

Журналистика ин касбест, ки бештар ба амалия такя мекунад. Бе омӯхтани назария ҳам шахс метавонад журналист шавад. Имрӯз мо бо рӯзноманигорони боистеъдоде рӯ ба рӯ мешавем, ки дар факултаи журналистика нахондаанд ва дар раванди кор дар матбуот, бо мурури замон, назарияро низ аз худ намудаанд. Ин худ гувоҳи он аст, ки дар журналистика фаъолияти амалӣ басо муҳим мебошад.
Дар Тоҷикистон 8 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ: донишгоҳҳои миллӣ ва славянии Русияю Тоҷикистон, шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, донишкадаҳои фарҳангу санъат ва тарбияи ҷисмонӣ кадрҳои журналистӣ тайёр мекунанд. Ҳамасола зиёда аз 200 нафар соҳиби дипломи журналистӣ мешаванд, аммо ВАО то ҳол ба мутахассисони соҳибкасб ниёз доранд. Албатта, ин маънои онро надорад, ки муассисаҳои таълимӣ мутахассисони хубро омода карда наметавонанд. Гап сари он аст, ки на ҳамаи донишҷӯёни журналистикаро интихоб карда ба ин касб майл ва рағбат доранд.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар баробари муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин курсҳои кӯтоҳмуддате ҳастанд, ки ба журналистони касбӣ равияҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро вобаста ба шавқи худашон меомӯзанд. Пас аз хатми курсҳо ба онҳо шаҳодатнома (сертификат) дода мешавад, ки метавонанд бо он дар расонаҳои хабарӣ кору фаъолият намоянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз баъди хатми курсҳои кӯтоҳмуддат низ нафарони зиёде дар ВАО мавқеъ пайдо намудаанд.
Устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода, ки таҷрибаи кории беш аз 30 – сола дар матбуоти даврӣ дорад, мегӯяд: « Баҳси « нозарур» будани таҳсилоти олии журналистӣ поя надорад, вале ҳамзамон гап дар сари сифати ин гуна таҳсил аст ва ин ду ҷанбаи муҳим дорад.
Аввал, кӣ ба ҳайси донишҷӯ ба факултаи журналистика меояд? Мутаассифона, аксари журналистшавандаҳо бе огоҳӣ, бе омодагии ибтидоӣ, гоҳо худ бехабар, дар қатори донишҷӯёни факултети журналистика ҷой мегиранд. Низоми нави қабул аз тариқи Маркази миллии тестӣ ба чунин таваккалдохилшавиҳо мусоидат мекунад, чун солҳои пеш барои довталабони факултаи журналистика марҳалаи аввали озмуни касбӣ вуҷуд дошт, ки довталаб бо навиштани иншо дар мавзӯи озод, суҳбати рӯ ба рӯ бо ҳайати устодон ва пешниҳоди маводи чопшуда дар матбуоти даврӣ ва тавсиянома аз идораи нашрияҳо, хоҳишу азми хешро ба касби оянда таъкиду тасдиқ менамуданд. Дарвоқеъ, чунин озмуни эҷодӣ барои довталабони факултаҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ барҷост ва ин бегумон, як ҷузъи мустақилияти факултаҳои журналистика мебошад.
 Дигар, устодони соҳаи журналистика худ бояд аз мактаби журналистикаи амалӣ гузашта ва бо фаъолияти ВАО ҳамнаво бошанд. Чунин амал имкон медиҳад, ки огоҳии мунтазами устод аз равандҳои пурвусъату зудгузари ВАО, пайвандии ӯ бо таҳаввулоти ҷомеаи журналистӣ бо шогирд «сироят» намояд ва шавқу шӯр, хоҳишу дилбастагии ӯро ба касби оянда такон бахшад».
Манбаи тайёр намудани кадрҳои журналистиро аз мактаби миёна бояд ҷуст. Агар дар мактабҳои таҳсилоти миёна барои шахсоне, ки мехоҳанд дар оянда журналист шаванд, маҳфилҳои гуногун ба монанди «Навқаламон» ё «Роҳ ба сӯи эҷод» баргузор гарданд, то хонандагоне, ки мехоҳанд дар оянда журналист шаванд, дар ин гуна маҳфилҳо дониши худро сайқал диҳанд. Агар чунин хонандагонро ба маҳфилҳо даъват карда, бо онҳо дар масъалаи такмили малака ва завқу истеъдод суҳбатҳои муфид анҷом диҳанд аз аҳамият холӣ нахоҳад буд. Чунин дидорҳо, албатта, барои устувор намудани орзуву хоҳиши хонандагон кӯмак хоҳа расонд.
Маърифат РАҲМОНШОЕВА, донишҷӯи ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2016    №: 82    Мутолиа карданд: 627

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед