logo

маориф

БОҒЧА. ЧАРО ШАХСИЯТҲОИ ОЯНДАРО ДАР ИН ҶО НАҶӮЕМ?

Ҳарчанд, ки дар муассисаҳои томактабӣ масъалаи таъминоти кадрӣ то ҷое ҳалли худро ёфтааст, вале дар ширхоргоҳ - кӯдакистонҳо то ҳол мураббияҳое фаъолият доранд, ки таҳсилоти касбӣ надоранд.

Салима Раҳимова, сокини пойтахт, аз он шикоят мекунад, ки мураббия ба фарзандаш муносибати хуб надорад. Фарзандаш ба боғча рафтан намехоҳад.
Маҳмадулло Давлатов, равоншинос, мегӯяд, ки кӯдак ҷонишини шахси «ман» ва ибораи «ман худам» - ро истифода мебарад.
“Ҳуқуқҳои худашро аз майдони ҳуқуқи фарди калонсол кашида гирифтан мехоҳад. Калонсолон ё волидайн, чӣ дар хона ва чӣ дар муассисаҳои томактабӣ, агар дигаргуниҳои синнусолӣ ва сифатиро дар психологияи кӯдак надонанд, ё дарк накунанд, он гоҳ тарзи дурусти муносибатро намеёбанд. Дар ин ҳол, мураббияҳо бисёр вақт аз усули «низом» кор мегиранд. Дар сурате, ки хоҳиш ва эҳтиёҷоти кӯдак аз ҷониби калонсол қонеъ карда нашуд, он гоҳ хусусиятҳои муайяни манфӣ аз қабили якравӣ, гарданшахӣ, эътироз пайдо шудан мегирад. Дар боғча бо мураббияе, ки сабур набошад ва таҳаммул надошта бошад ва тарзи муносиби муносибатро бо кӯдак надонад, ӯ хоҳ нохоҳ ба ихтилоф меравад. Вақте ки низоъ шиддат гирифт, он гоҳ мебинед, ки волидайн дар хонаву мураббияҳо дар боғча ба хушунату зӯроварӣ рӯ меоваранд. Агар ин ҳолат ба вуҷуд ояд, муносибати кӯдакро бо мураббӣ тунд менамояд ва маълум мешавад, ки дар ин ҷо мураббӣ ба ҳадафи худаш намерасад», - мегӯяд Маҳмадулло Давлатов.
Фазилат Сабзаева, мудири ширхоргоҳ - кӯдакистони № 135 иброз дошт, ки малакаи муррабияҳо ба таҷрибаи кор ва маълумоти онҳо вобаста аст. “Дар ширхоргоҳ - кӯдакистони мо 12 гурӯҳ ва 313 кӯдак фаро гирифта шудаанд, ки 14 мураббия онҳоро таълиму тарбия медиҳанд. Аз байни онҳо ду мураббия маълумоти олӣ, чор нафар маълумоти олии нопурра ва шаш мураббияи дигар маълумоти миёнаи махсус доранд. Кадрҳои тасодуфӣ бисёранд, баъзеашон маълумот доранд, лекин мутахассис шуда наметавонанд, чунки шавқ ва ҳаваси кор бо бачагонро дар дил намепарваранд. Солҳои қаблӣ бо маълумоти миёнаи умумӣ ҳам дар муассисаи мо кор мекарданд. Мо онҳоро барои таҳсил сафарбар намудем ва имрӯз аз онҳо мутахассисони хуб ба воя расидааст. Мушкилоти ягонаи мо бо мураббии донандаи забони англисӣ таъмин намудани кӯдакистон мебошад. Аз миёни ҷавонони донандаи забони англисӣ касе намехоҳад дар боғча кор кунад”, - гуфт ӯ.
Лутфия Иматова, сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм оид ба масъалаи таъминоти кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ чунин зикр кард: «Ҳоло дар муассисаҳои томактабии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 5969 нафар мураббӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 2149  нафар дорои маълумоти олии пурра, 389 нафар бо таҳсилоти олии нопурра, 2783 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 648 нафар дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Мутаассифона, ҳоло дар муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутахассисони дорои маълумоти ғайрипедагогӣ дар вазифаҳои мудирон ва мураббияҳо хеле зиёданд».
Пас маълум мешавад, ки норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва мураббияҳо то ҳол дар мактабҳо ва муассисаҳои томактабии шаҳру минтақаҳо бартараф нашудааст. Маҳмадулло Давлатов, мегӯяд, ки боғча бояд як маконе бошад, ки кӯдак худашро дар он ҷо озоду осуда эҳсос кунад ва битавонад фикру андешаашро бигӯяд.
«Вале дар сурате, ки агар ҳамин хел фазои носолим бошад, мураббӣ фишор орад ва ба таври иҷборӣ кор кунаду ба кӯдакон ҷабрро раво донад, онҳо ин хислати зулмро мегиранд. Кӯдакон ҳатман эътирозашонро бо ҳар навъе бошад, нишон медиҳанд. Масалан, онҳо аз рафтан ба боғча саркашӣ мекунанд, гоҳ бо гиря гоҳ бо қаҳр ва ба ҳар шакле. Чунки  онҳо дурӯғ намегӯянд, ҳамоно ба модарашон ишора мекунанд, ки мураббӣ ба ман чунин муносибат кард. Дар ин ҳолат волидайн бояд ба эътироз ё ҳарфи кӯдак бетафовутӣ зоҳир накунанд. Дар ин ҷо мураббӣ тарзи муносибати мувофиқро наёфтааст. Кӯдак тарбиягиранда аст, аз ин рӯ  мебояд, ки фазои бисёр ҳам солими психологро таъмин кард», - ақида дорад М. Давлатов.
Равоншиносон мегӯянд, ки агар дар муассисаҳои томактабӣ равоншиносон фаъолият дошта бошанд, он гоҳ кори мураббӣ нисбатан осон мешавад. Зеро равоншиноси муассисаи томактабӣ ҳамаи кӯдаконро аз назари психиологӣ  меомӯзад, тавассути тест ва методҳои гуногун ҳар як парвандаи шахсии кӯдакро ташкил медиҳад. Вале, айни замон, ки мо чунин хадамот ё басти равоншиносиро дар кӯдакистонҳо надорем, дар рушду ташакули шахсияти кӯдак дасти кӯтоҳ дорем. Бинобар ин, бояд чунин мураббияҳое дар он ҷо кору фаъолият намоянд, ки маълумоти олӣ ва аз психологияи кӯдак хабар дошта бошанд.

Сафаргул АЛИМОВА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.05.2016    №: 85    Мутолиа карданд: 891
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед