logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ШАҲР БОЯД ТУРО ТАМОШО КУНАД
Ашӯр Сафар дар саргаҳи шаҳри Кӯлоб хабарнигор  Шоҳайдар Ёдгориро вомехӯрад. Ҳамон Шоҳайдари қоқинаи рӯдароз, ё чуноне мегӯянд, аспрӯро, ки риши ба нӯги ҷуроб монандаш хандаи ҳар касро меовард ва ин ришу рӯ ба ҳамдигар ҳеҷ муносибате надоштанд. Ҳар бинанда дидан замон пай мебурд, ки ин риш аз дигар рӯст.
- Ҳа, Шоҳайдар, сафарҳо ба хайр? – баъди саломуалейк мепурсад ӯ.
- Як шаҳра тамошо кунем, муаллим, - мегӯяд Шоҳайдар.
- Ҳм – м, - завқ мебарад Ашӯр Сафар. – О, ту шаҳра чӣ тамошо мекунӣ? Шаҳр бояд туро тамошо кунад.

ТАСАЛЛӢ
Ашӯр Сафар ба нашриёт, ба зиёрати дӯсти наздикаш Қутбӣ Киром меояд.
- Ҳа, домулло, аҳвол чӣ тур? – мепурсад Қутбиро.
- Э, Ашӯрҷон, напурс. Тамоман бедандон шудем, - ҳасрат мехӯрад Қутбӣ Киром, ки навакак якчанд дандонашро канда буд.
- Ҳеҷ гап не! – тасаллӣ медиҳад ӯро Ашӯр Сафар. – Бедандон шаву бедаҳан не!
Гурез САФАР

 

ТАНКИ САФДАР
ОНРО ТОҶИКОН БА ФРОНТ ДОДААНД

Дар Майдони Ғалабаи шаҳри Душанбе, байни шоҳроҳ, наздикии раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе танки ИС - 2 болои тагсинҷ назаррабоӣ мекунад. Ҷавонон ва меҳмонони азизи пойтахти Тоҷикистон шояд фаҳмиданӣ бошанд, ки ин танк кай ва ба кадом хотир мақом ёфтааст.

Он соли 1985 ба шарафи 40  - солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, бо қарори ҳукумати шаҳри Душанбе ҳамчун нишони қаҳрамонии ҷавонмардони Тоҷикистон дар Майдони Ғалабаи пойтахт гузошта шуд.
Солҳои  Ҷанги Бузурги Ватанӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғалаба бар фашизм бо ҷамъоварии маблағ беш аз 10 танк харида, ба ҷабҳа фиристоданд. Пас аз хотимаи ҷанг яке аз ин танкҳоро тавассути қатора ба Душанбе оварда, ба пойгоҳи низомии 201, он замон дивизияи 201 - уми артиши СССР, супурданд.
Алъон, дар ҳар ду тарафи танк рақами 201 дарҷ ёфтааст ва ин рақам боис ба он шуда, ки бархе аз сокинон онро чун рамзи артиши Русия арзёбӣ менамоянд.
Суоле ба миён меояд, ки оё ин танк коршоям аст? Бале, он дар сурати зарурат равон хоҳад шуд. Сар аз соли 1987 дар арафаи Иди Ғалаба танки мазкурро афсарону сарбозони пойгоҳи 201 ҳамасола тармим намуда, қисмҳои фарсудаашро барқарор мекунанд. 
Моҳи майи соли 2014 барои бозсозии танк 10 нафар сарбозону афсарони Пойгоҳи ҳарбии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд. Ҳарчанд ин танк ҳудудан 30 сол ба кор андохта нашудааст, вале ба гуфтаи масъулони пойгоҳи номбурда, он дар ҳолати хуб қарор дорад ва ҳатто метавонад тир холӣ кунад. Аммо, ба хотири бехатарӣ баъзе аз қисмҳои танкро кандаанд, то тӯпи он мавриди истифода қарор нагирад.
Ба қавли Валерий Черничев, афсари Пойгоҳи ҳарбии Русия,  баъди чанд соли гузоштани ин танк дар Майдони Ғалаба сӯзишворӣ оварда онро санҷидаанд, маълум шуд, ки танк мисли аввалааш кор мекунад.  

 

9 МАЙ. НОГУФТАҲО
- Дар Аврупо Рӯзи Ғалабаро на 9 май, балки 8 май ҷашн мегиранд, зеро қарори таслимшавии Олмон бо вақти Аврупои марказӣ 8 майи соли 1945, соати 22:43 (9 май, соати 0:43 бо вақти Маскав) ба имзо расида буд.

- Ливои Ғалаба нишони ҳамлавари ордени 150-уми Кутузов дараҷаи II дивизияи тирандози Идритс мебошад, ки 1 майи соли 1945 дар бинои Рейхстаги шаҳри Берлин афрохта шудааст.

- Дар Лондон маркази ҷашнҳо қасри Букингемс ва майдони Трафалгар буданд. Шоҳ Георг VI ва малика Елизавета шахсан мардумро муборакбод намуданд. Уинстон Черчил дар қасри Букингемс суханронӣ кард.

- Берлин ҳанӯз 2 май забт шуда буд, вале низомиёни олмонӣ беш аз як ҳафта ба Армияи Сурх муқовимати шадид нишон медоданд, пеш аз он ки аз ҷониби фармондеҳии фашистӣ ба хотири раҳоӣ аз хунрезии беҳуда охируламр қарор дар бораи таслимшавӣ қабул шуд.
Вилгелм Кейтел, генерал - фелдмаршали олмонӣ қарор дар бораи таслимшавии бечунучарои Олмонро ба имзо расондааст.
 
- Тасмачаи георгиевӣ – биколор (дуранга) аз ранги норанҷӣ ва сиёҳ иборат буда, аввалӣ маънои оташ ва дувумӣ дудро ифода мекунад. Таърихи он аз тасма ба ордени сарбозии Георгии Муқаддаси Ғалабаовар, ки аз ҷониби малика Екатеринаи II 26 ноябри  соли 1769 таъсис ёфтааст, сарчашма мегирад.

 - Бо фармони Сталин, ИҶШС созишнома дар бораи сулҳ бо Олмонро имзо накард. Аз ин рӯ, ҷанг дар асоси ҳуҷҷат то 21 январи соли 1955 идома ёфт, то оне ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи мусолиҳа қарор ба тасвиб нарасонд.

Таҳияи Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

 

1702 - НАХУСТИН ПАРАДИ ҲАРБӢ
Ҳар сол дар собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Рӯзи Ғалаба паради ҳарбӣ доир мегардад. Идеяи нахустин  паради ҳарбӣ аз куҷо пайдо шуд?

Таърихи паради ҳарбӣ ба 11 октябри соли 1702, ва пешвозгирии ҳарбиҳои москвагӣ дар калъаи Нотебург (Орешек) рост меояд.  Аввалин бор соли 1918 дар майдони Ходинский паради ҳарбии Артиши Сурх  гузаронида  шуд.
Дар СССР аз ин баъд ҳар сол  1 май ва 7 ноябрро ҳамчун рӯзи ҷашн бо парад пешвоз мегирифтанд. Он солҳо барои иштирок дар паради ҳарбӣ талабот ҷиддӣ буд ва шартҳои хоси худро дошт. Нафарони синнашон то сисола ва қади баланди на кам аз 1 метру 76 сантиметр дошта бо назардошти нишондодҳои хуби тайёриҳои ҳарбӣ интихоб ва ширкат мекарданд.
Паради ҳарбие, ки бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ доир мегардад,  аз чор қисм иборат аст: бахши таърихӣ, пиёдагардони муосир ва техникию ҳавоӣ.

Сафаргул АЛИМОВА

 

100 разведкачӣ
РИХАРД ЗОРГЕ
Дар бораи Рихард Зорге хеле зиёд навиштаанд ва ҳам бо фикру андешаву хулосаҳои ба ҳам мухолиф. Соли 1964 Никита Хрушёв, роҳбари СССР, тасодуфан ба тамошои филми коргардони маъруфи Франсия И. Чампе «Шумо кӣ, доктор Зорге?» меояд. Субҳ Никита Сергеевич ба сардори разведка занг мезанад ва мепурсад, ки оё ба ӯ номи Зорге шинос аст? Баъди шунидани посухи мусбат нидо дармедиҳад: «Охир, вай қаҳрамон аст – ку?».

Ҳамин тавр исми Зорге бори нахуст дар Иттиҳоди Шӯравӣ садо дод ва шуҳрати ӯ барқвор паҳн гашт. Ба вай баъди маргаш унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравиро доданд, ҳамнабардонаш, ҳам шаҳидшудагону ҳам дар ҳаётбуда бо орденҳои ҷангӣ сарфароз гардиданд. Ватан фарзанди худ – резидент «Рамзай» - ро шинохт ва эътироф намуд.
Ҳанӯз дар солҳои гузашта сардори разведкаи ситоди генерал Макартура генерал Чарлз Уиллобӣ дар китоби худ «Зорге - ситораи дурахшони разведкаи шӯравӣ» чунин нигошта буд:
«Гурӯҳи ҷосусон бо сарварии Рихард Зорге, разведчики ихтироъкори фавқулода, муъҷизаҳои қаҳрамонӣ нишон медоданд. Дар тӯли 8 сол гурӯҳ нотарсона, боқатъият ва бомуваффақият баҳри меҳани маънавии худ – Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекард. Роҳбарони разведкаи шӯравӣ ва Артиши сурх аз ҳамаи нақшаи қувваҳои мусаллаҳи японҳо ва Олмони фашистӣ огоҳии комил доштанд. Ҳамаи аъзои гурӯҳи Зорге, шигифтовараш он ки барои пулу мол не, баҳри тантанаи сотсиализм, адолат ва сулҳу ваҳдат дар замин ҷон ба гарав гузошта буданд. Он маблағи ночизе, ки аз марказ мерасид, ба пардохти иҷорапулӣ ва сафарҳо сарф мешуд…».
Шефи Раёсати марказии разведкаи ИМА Аллен Даллес дар китоби «Санъати разведка» чунин қоил шуда буд: «Комёбии асосии гурӯҳи Зорге он буд, ки ба Сталин маълумоти аниқ ва бо рақаму санадҳо исботшуда расонданд, ки Япония дар соли 1941 ва солҳои наздик ба СССР ҳамла намеорад. Ин хабар аҳамияти фавқулода дошт ва нақши якчанд дивизияи ҷангиро бозид».
Кӣ буд ин шахс, ки баробари якчанд дивизия меистод?
Рихард Зорге дар Боку, дар оилаи муҳандиси соҳаи нафт ба дунё омада, дар Олмон мактаби миёнаро хатм намудааст. Иштирокдори Ҷанги якуми ҷаҳон буда, дар рафти он бо ғояҳои сотсиализм, коммунизм, ҳаракатҳои инқилобӣ шинос шуд, бори нахуст номи Ленинро шунид. Ҳамон вақт ояндаи худро баргузид ва бо сотсиал – демократҳо, баъдтар бо коммунистон пайваст ва бо сарварии Эрнст Телман муборизаро барои озодӣ идома бахшид. Соли 1925 бо тавсияи Телман ба СССР омад. Дар донишкадаи марксизм – ленинизм таҳсил намуд. То ин вақт вай донишгоҳи Гамбургро хатм карда буд, бо нашри ду китоб ва 17 мақолаи илмиаш унвони доктори илми сотсиологияро дошт. Мехост дар ин соҳа таҳқиқоти илмиашро вусъат бахшад, вале дар соли 1929 дар як суҳбат бо Ян Берзин, яке аз роҳбарони разведкаи СССР, разведкаи ҳарбӣ диққаташро сӯи худ кашид. СССР барои Зорге Ватани ҷоноҷон ба ҳисоб мерафт, онро аз ҳар тараф душманон ба иҳота гирифта буданд, ҳар лаҳза ба сарҳадоташ таҳдид мекарданд, аз ин рӯ, ҳимояи он барояш қарзи фарзандӣ буд.
Нахустин сафари хориҷиаш ба Чин ба сифати мухбири махсуси маҷаллаи олмонии «Дас зотсиологише магазин» ва намояндаи якчанд рӯзномаҳо буд. Вазифааш муайян кардани нақшаҳои Япония нисбат ба Чин ба ҳисоб мерафт. Ҳамроҳаш Макс Клаузен, шиноси нави шанхайиаш, ки донандаи мошин ва радио буд, кор мекард. Вай барои Зорге дастгоҳи алоқае сохт, ки бо он маълумотро ба Владивосток мефиристонданд.
Вақте ки дар Олмон ҳукумат ба дасти Гитлер афтод, Зорге бо супориши разведкаи шӯравӣ ба Берлин омад, бо роҳбари рӯзномаи либералӣ – буржуазии «Франкфуртер сайтунг» вохӯрд ва 6 сентябри соли 1933 дар бандари Иокогамаи Япония ҳамчун хабарнигори ин нашрия аз киштӣ фуромад. Вай ҳамаи маълумотро ба марказ бо номи мустаори «Рамзай» интиқол медод. Зорге бо полковники немис Ойген Отт, атташеи ҳарбии Олмон дар Токио, «дӯстӣ» пайдо кард, баъдтар генерал Отт сафир шуд. Акнун Зорге метавонист маълумоти гаронбаҳоро бевосита аз ӯ гирад, зеро гузоришҳои тамоман махфиро пеш аз ба Берлин фиристондан барои таҳрир Ойген ба Зорге бовар менамуд.
Гурӯҳи Зорге супориши махсус дошт, онҳо бояд коре мекарданд, ки муносибати Япония бо СССР сард намегашт ва ҳам аз ҳамаи амалиётҳои якҷояи Япония ва Олмон бохабар мешуданд. Дар иҷрои қисми якуми супориш ба Рамзай Одзакӣ ёрӣ расонд. Вай шахсе буд дорои ақли аналитикӣ, бо маданияти олӣ ва бомаърифат, моҳи июли соли 1938 мушовири ғайрирасмии Коноэ, сарвазири вақти Япония, буд. Дар қабули бисёр қарорҳо, бигузор ночиз бошад ҳам, саҳм дошт. Зорге бо ёрии Одзакӣ ба марказ чунин маълумот фиристонда буд: Япония ба Муғулистон ҳуҷум карданист. Ин хабар имкон дод, ки дар муҳорибаи Халхин – Гол Артиши сурх японҳоро шикаст диҳад.
Маълумотҳои дигар: «Май - июни соли 1939: Олмон ба забти Полша омодагӣ мегирад, ҳуҷум охири август аввали сентябр оғоз меёбад; феврал – апрели соли 1940: омодагӣ ба ҷанги зидди Франсия ва Англия; сипас ҳуҷум ба СССР; 18 ноябри соли 1940: дар сарҳади Олмону СССР немисҳо 80 дивизия гирд овардаанд. Гитлер мақсад дорад ҳудуди Харков – Маскав – Ленинградро забт намояд».
5 марти 1941: «Намояндагони Гитлер дар Токио тасдиқ карданд, ки ҷанг бо СССР охири моҳи май оғоз меёбад, 9 армия бо 150 дивизия ба ҳуҷум тайёр».
20 майи 1941: «Ҳуҷум ба СССР 20 июн сар мешавад, зарбаи асосӣ ба сӯи Маскав».
31 майи 1941: «22 июн Олмон бе эълони ҷанг ба ССР ҳуҷум меорад».
15 июни 1941: «Ҳуҷум субҳи 22 июн дар саросари сарҳад оғоз меёбад».
Ист! Охир аз ин дида дақиқтар намешавад! Вале Сталин на танҳо ба Зорге, балки ба Шултсе – Бойзен ва дигар разведкачиён, ки ин санаро гуфтанд, бовар накард. Ба ин сабабҳои айнию зеҳнии зиёде буданд. Дар бораи сабабҳо сухан намеронем, аммо як чизро мегӯем, ки Зорге бо чанд баҳона даъвати сардори разведкаро рад намуда, ба СССР наомад. Аз ин рӯ, вай нисбат ба худ шубҳа барангехта буд. Шояд Зорге аз сарнавишти дигар разведкачиён, ки ба Ватан рафта ҳамчун «душмани халқ» ҳабсу бадарғаву парронда шуданд, масалан, Берзин, сабақ гирифту даъватро бо баҳонаҳо мавқуф мегузошт.
Боз сабаби дигар низ буд. Санаи ҳуҷум ба СССР – ро рӯзномаҳои кишварҳои бетараф нашр карда буданд ва ҳамчунин санаҳо аз ҳам фарқ доштанд. Иттилооти Зорге низ. Ба ҳар сурат Сталин ба Зорге бовар накард ва ҷанг оғоз ёфт. Акнун зарур меомад, ки мавқеи Японияро дар ин ҷанг муайян намоянд. 2 июли соли 1941 таҳти раёсати император Хирохито ҷаласаи шӯрои ҳарбии Япония баргузор гашт. Қарор шуд, ки ба Ҳиндухитой ҳуҷум оранд, бо СССР шартномаи ба ҳам ҳуҷум накардан риоя шавад. 3 июл ба Маскав барқия рафт: «Япония, новобаста аз фишори Олмони гитлерӣ айни ҳол бар зидди СССР ҷанг намекунад». 6 сентябри 1941: «Дар соли ҷорӣ Япония ба Шарқи Дур ҳамла намеорад».
18 октябри соли 1941 Зорге ва қариб ҳамаи аъзои гурӯҳаш ба даст меафтанд. Суд чанд сол идома ёфт. 7 ноябри соли 1944 Рихард Зоргеро ба дор кашиданд. Ходзуми Одзакӣ парронда шуд. Аз зиндон танҳо Клаузен зинда баромад, ӯро амрикоиҳо наҷот доданд. Аз Зорге ёддоштҳои зиндониаш ба ёдгор мондаанд. Вай навиштааст, ки то охир коммунист буд ва ба СССР содиқ монд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»,
тарҷума аз русӣ

 

ИВАН - ТОҶИК
 Иван – Тоҷик исми қаҳрамонписари тоҷикест, ки дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷонфидоиҳо намудааст. Дар асл исми ӯ Малик Ашӯров буда, соли 1917 дар деҳаи Пастиғави ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст.
Малик Ашӯров соли 1933 курси яксолаи муаллимтайёркуниро ба итмом расонида, ду сол ба сифати омӯзгор ҳам фаъолият намудааст. Солҳои 1935 - 39 дар техникуми кооперативии шаҳри Ленинобод таҳсил намуда, аз соли 1939 мудири шуъбаи савдои матлуботи райони Мастчоҳ таъйин мегардад.
Аз моҳи ноябри 1939 ба сафи Армияи Советӣ даъват шуда, дар муҳорибаҳои назди Смоленск ва Курск меҷангад. Дар ин муҳориба сахт ярадор шуда, асир меафтад.
Баъди раҳоӣ Иван - Тоҷик дар қӯшунҳои полковник Анҷей Флис командири гурӯҳи партизанҳо гардид. Гурӯҳи партизании Иван - Тоҷик дар атрофи Юзефов, Билграй, Замостс, Грубешевск, Томашевск, ноҳияҳои Жешув, Люблин, Белостоки Полша амал мекард.
Ӯ соли 1943 дар роҳи оҳани Люблин - Краков поезди махсуси гитлерчиёнро тарконда, 27 афсари душманро нобуд месозад, полковники СС ва адъютанти ӯро асир мегирад.  
Солҳои ҷанг "Иван" рамзи аскари Советӣ буд. Бар асоси тоҷик буданаш  ӯро Иван - Тоҷик номиданд.
Моҳи ноябри соли 1943 дар назди шаҳри Юзефови Полша қаҳрамонона ҳалок мегардад. Пас аз маргаш ба ӯ унвони Қаҳрамони халқи Полша (1976) дода шудааст.
Борбади УМАРАЛӢ

 

ҶБВ: ФАКТҲОИ ГӮЁ
Аз анҷоми ҷанги дувуми ҷаҳон 71 сол сипарӣ шуд. Аммо ҳанӯз ҳам аз он сухан мегӯянду даст ба домони баҳс мезананд.
Масалан, на ҳама медонанд, ки созишномаи байни СССР ва Германия ҳафтум санадест, ки ба имзо расидааст. То ба он Германияи фашистӣ бо 6 давлат шартнома баста буд.  СССР дар ин рада охирин аст. Хубаш, бингаред ба тартиби ин созишномаҳо.

Якум. Муоҳидаи Гитлер – Пилсудский, байни Германия ва Полша аз 26 январи соли 1934. Натиҷа: Полша 3 ноҳияи Чехословакияро забт кард.
Дувум. Шартномаи Мюнхен, байни Германия, Англия, Фаронса ва Италия аз 30 сентябри соли 1938. Натиҷа: Германия бо ҳамроҳ намудани Судет Чехословакияро тамоман пароканда кард.
Савум. Муоҳидаи Гитлер – Чемберлен, байни Германия ва Англия аз 30 сентябри соли 1938. Натиҷа: Германия ризоияти ҳамлаи Аврупоро ноил гашт. Британия созиш кард.
Чорум. Муоҳидаи Гитлер – Даладйе, Байни Германия ва Фаронса аз 6 декабри соли 1938. Натиҷа: Германия ба ҳамлаи Аврупо ноил гашт. Фаронса созиш кард.
Панҷум. Муоҳидаи Селтер – Риббентрол, Байни Германия ва Эстония аз 7 июни соли 1939. Натиҷа: Эстония уҳдадор мешавад, ки ҳамаи амалиёти хешро бар зидди СССР бо Германия мувофиқа намояд.
Шашум. Муоҳидаи Мунтерс – Риббентрол, байни Германия ва Латвия аз 7 июни соли 1939. Натиҷа: Латвия уҳдадор мешавад, ки ҳамаи амалиёти хешро бар зидди СССР бо Германия мувофиқа намояд.
Ҳафтум. Муоҳидаи Молотов – Риббентрол, байни СССР ва Германия аз 23 августи соли 1939. Натиҷа: Германия Полшаро забт мекунад, СССР Украинаи Ғарбӣ ва қисмати Белорусияро ба худ ҳамроҳ мекунад.
Умари ШЕРХОН

 

РАДИОРО ПОПОВ ИХТИРОЪ КАРД Ё ТЕСЛА?
Ба саволи «Радиоро кӣ ихтироъ кард?» дар Русия муддати мадид як ҷавоб буд – физики рус  Александр Степанович Попов. Аммо мардуми Ғарб  ягон вақт чунин намешумурданд ва ба ин асос ҳам доранд.
А. С. Попов радиоро танҳо пас аз як моҳи чунин асбобро дар соли 1985 ихтироъ кардани Гулелмо Марконии  итолиявӣ офарид. Аз ин рӯ, тамоми Аврупо Маркониро муаллифи радио меҳисобад. Аммо ба ин ихтироъ  амрикоиҳо низ даъвогаранд.
Дар ИМА бар онанд, ки радио офаридаи  шаҳрванди  Америка, олими машҳур ва электротехник Никола Тесла мебошад. Соли  1943 ҳаққонияти ин даъво дар суд собит  шуд: барои радиопередатчик Тесла ҳанӯз соли 1893 патент гирифт, радиоприёмник бошад, танҳо соли 1895 ихтироъ шудааст.
Баъдан, асбоби Тесла имкон дод, ки садои акустикӣ ба сигнали радио табдил дода шавад ва боз онро  ба садои  акустикӣ баргардонанд, ки асбобҳои муосир чунин амал мекунанд. Асбобҳои Маркони ва Попов танҳо ба интиқол ва қабули сигналҳои  радио бо истифодаи алифбои  Морзе имкон медоданд. Аз ин рӯ,  ба саволи  «Кӣ радиоро дар шакли  муосири он офарид?» ҷавоби аз ҳама одилона чунин хоҳад буд – Никола Тесла.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»

 

ФАКТҲОИ АҶИБ ДАР БОРАИ РАДИО
Бразилиягиҳо одамони айёранд. Зеро,  танҳо дар Бразилия алоқаи  телефонии ройгон мавҷуд аст, ки аз ҳисоби радифи ҳарбии алоқаи «FLTSATCOM» - и ИМА ташкил шудааст. Барои ин фақат харидани таҷҳизот бо нархи 50 доллар лозим меояд.
***
Агар радио намебуд, мо манораи Эйфелро намедидем. Вай махсус барои Намоиши ҷаҳонии соли 1889 сохта шуда, пас аз 20 сол онро бояд таҷзия мекарданд.  Вале бо пайдоиши радио бурҷи Эйфелро барои насби радио – антеннаҳо истифода бурданд, ки аз нестшавӣ наҷоташ дод. Алҳол радиои бепул тавассути интернет зиёд аст, бо вуҷуди ин ҳам манора дар ҷойи худ боқӣ мондааст.  
***
Аҷиб аст, ки факс 20 сол пеш аз телефони аввалин, дар соли 1843 ихтироъ шудааст. Имрӯзҳо, албатта, ҳеҷ кас инро тахмин ҳам намекунад.
***
Соли 1940 дар Англия байни ду даста мусобиқа баргузор мегашт, вале туман чунон қавӣ буд, ки ба шореҳи радиоӣ ҳатто канорҳои майдон намоён набуд. Бо вуҷуди ин, англисҳо медонистанд, ки радиоро олмониҳо гӯш доранд ва агар маълумот дар бораи туман пахш мешуд, пас ба Англия зарбаи авиатсионӣ фурӯ мерехт. Аз ин рӯ, шореҳ тамоми мусобиқаро дар асоси фарёдҳои мухлисон «бофта баромад».
***
Ба пайдоиши калимаи «хакер» мо аз радио миннатдорем. «Хакерҳо» - одамоне буданд, ки рамзҳоро  (парол)  дар радио – истгоҳҳои махфӣ  мешикастанд.
***
Дар ИМА (гумон дорам дар Тоҷикистон ҳам) 73 дарсади одамон  радиоро дар автомобил ва 46 дарсад онро дар ошхона гӯш мекунанд. 23 дарсади сокинони ИМА радиоро дар ҳаммом насб кардаанд.
***
Дар тафовут аз эфир, радио-реклама дар таҷҳизоти профессионалӣ  сабт мешавад. Аз ин лиҳоз, сифати садо дар вақти радио – реклама  нисбатан хуб аст.  

Таҳияи Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

 

БОГДАН ТОМАШЕВСКИЙ
КӢ ӮРО НАМЕШИНОСАД?
Богдан Томашевский яке аз маъруфтарин гузоришгарони радиоии варзиш дар Лаҳистон ва дунё маҳсуб мегардад. Ӯ садои ҷаззобу ҷолибе дошт, ки  ҳангоми гузоришҳои  радиоиву  телевизионӣ шунавандагонаш ба зудӣ вайро мешинохтанд. Томашевский тайи 50 сол дар радиои Лаҳистон ифои вазифа намудааст. Богдан теннисро  дӯст медошт ва худ қабл аз ҷанги дуюми ҷаҳон дар тенниси касбӣ бозӣ кардааст, бинобар ин, бештар дидорҳои теннисбозонро гузориш менамуд. Дар солҳои 1956 – 1980 дар бораи ҳамаи зӯрозмоиҳои  Бозиҳои тобистонаву зимистонаи олимпӣ лаҳистониён аз гузоришҳои  Томашевский иттилоъ дарёфт мекарданд. Ӯ аз 12 Бозиҳои олимпӣ ба ҳамватанонаш гузориш  ироа намудааст.
Богдан Томашевский чун публитсист, филмноманавис ва муаллифи чандин китоб оид ба варзиш маъруфу машҳур аст.
Дар Лаҳистон 47 маротиба  барои пос доштани хотираи Богдан мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон ҷиҳати дарёфти Ҷоми Богдан Томашевский сурат гирифтааст. Саволе ба миён меояд, ки чаро Томашевский варзишро интихоб  намудааст? Дар яке аз мусоҳибаҳо ӯ чунин гуфтааст: «Асоси варзиш аз мусобиқа ва ирода ба мубориза иборат аст. Варзиш мардумӣ ва одилона мебошад. Он риёкорӣ, зулму таҷовуз ва дурӯягиро намепазирад. Аз тарафи дигар, варзиш кори  такмилдиҳию худфидоист».
Богдан Томашевский 27 феврали соли 2015 дар синни 93 - солагӣ аз дунё даргузашт.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.05.2016    №: 88    Мутолиа карданд: 690

12.12.2018


ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед