logo

фарҳанг

ҲОШИМ ГАДО - ЧЕҲРАИ МОНДАГОР ВА ШАХСИЯТИ ФИДОКОР

Пролог ё худ як маснаду сад талабгор
Театри тоҷик чеҳраҳоеро рӯйи саҳна овардааст, ки бо истеъдоди фитрӣ, нақшофарии беамсол, навҷӯӣ ва фанатизми ҳирфаии худ инқилобе дар ин ҷода ба вуҷуд оварданд. Тамошобинони миннатдори насли калонсол то кунун бо самимият аз ҳунари волои Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, Туҳфа Фозилова, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, София Тӯйбоева, Тӯтӣ Ғаффорова, Ато Муҳаммадҷонов ва даҳҳои дигар ёд мекунанд. Ба ин зумра ду абармарди дигар Маҳмудҷон Воҳидов ва Ҳошим Гадоро низ бояд афзуд, бо таъкиди ҳатмии он, ки агар аввалӣ дар санъати тоҷик жанри нав “театри як актёр” - ро ба вуҷуд оварда бошад, дувумӣ ҳам дар театр ва ҳам дар синамо дар эъҷоди нақшҳои мухталиф ба дараҷае тавоно аст, ки хуршедро мемонду боқӣ шариконаш ситораҳоро. Тамошобинони тасхиршуда аз ҳар намоиш ё филм бо худ маҳз симои Ҳошим Гадоро ба ёдгор мебурданд. То ба дараҷаи шоҳи саҳна расидан кам касонро насиб мегардад, зеро маснад якесту талабгор садҳост. Танҳо бо заҳмат ба ин поя расидан хостан ба ҳован об куфтанро монад. Шарти аъзам истеъдоди худодод бошад.

Рӯҳи раҳнамои Шекспир
Ба соҳаи ҳунар гаравидани Ҳошим басе тасодуфист. Ӯ мисли садҳо ҷавони соҳибзавқ ба боғи шаҳри Кӯлоб барои тамошои имтиҳонгирандагони аз Маскав омада рафта, намедонист, ки миёни садҳо довталаб маҳз ӯ интихоб мегардад. Тақдир Ҳошими наврасро ба Маскав, ба Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский бурд. Ӯ сабақ аз устодони барҷастаи шӯравӣ, ба мисли Олга Ивановна Пижова ва Борис Владимирович Бибиков гирифтааст. Солҳои донишҷӯӣ ин ҷавони миёни ҳамкурсон аз ҳама қоматбаланди лоғарҷусса шефтаи ҷойҳои дидании  Маскав набуд, ба ташкилиҳои шарикдарсон низ ҳамроҳӣ надошт. Танҳо буд ҳамеша, аниқтараш бо “Ҳамлет”- и Шекспир. Ин китобро аз даст намемонд. Ҳанӯз ҳамон солҳо ин донишҷӯи ҳамеша орому камгапи ба худ гирифтор бо мадади рӯҳи Шекспир амплуаи худро муайян кард: актёри драма ва фоҷеа. Имрӯз метавон гуфт, ки омезиши ҳайратангези фарҳанги театрии рус ва санъати миллии қаҳрамононаи тоҷик дар чеҳраи Ҳошим Гадо ҳунарманди барҷастаи миқёси ҷаҳониро рӯйи саҳна овард.

Яке аз бисёриҳо набояд буд
Пас аз хатми ГИТИС ӯ соле дар Театри мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Хуҷанд ҳунарнамоӣ карда, тақдири худро ба таври ҳамешагӣ бо Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мепайвандад. Дар ин кохи ҳунар актёри ҷавон нақшҳои гуногун, ҳам мазҳакавӣ ва ҳам фоҷиавӣ бозидааст, аз ҷумла дар намоишномаҳои “Иродаи зан” - и Аъзам Сидқӣ, “Макр ва муҳаббат” - и Фридрих Шиллер, “Бежан ва Манижа” - и Ҳамза Хушкинобӣ, “Шаби гирифтани моҳ” - и Мустай Карим, “Рӯдакӣ” - и Сотим Улуғзода ва дигарҳо.
Ҳар нақши ӯ нотакрор аст, зеро Ҳошим Гадо бозии қолабиро душмани ҳунарманду эҷод медонист. Ҳарчанд дар ин солҳо ҳар нақши нави ӯ дар саҳна аз ҷониби коршиносон ва тамошобинон баҳои баланд мегирифту хуш пазируфта мешуд, Ҳошим Гадо ҳамагӣ актёри хуб буд ва шояд чунин баҳо барои ҳунарманди дигар ниҳояти орзу ҳисоб меёфт, аммо на барои қаҳрамони ин сатрҳо.

“Эдип” - и шумо шоҳкорист”
Вулқони истеъдоди ӯ соли 1977 билкул фаввора зад, вақте ҳамчун таҳиягар намоишномаи “Эдип” - и Софоклро рӯйи саҳнаи тоҷик овард ва худ дар он нақши асосиро бозид. Он инқилобе дар дунёи фарҳанги кишвар шуд. Нахустнамоиши “Эдип” дар театри навтаъсиси “Дӯстии халқҳо” - и шаҳри Маскав бошад, Ҳошим Гадоро шуҳраи офоқ гардонд. Мунаққид ва нависандаи машҳури рус Маркин пас аз тамошои он чунин гуфтааст: ”На дар Русия, на дар Аврупо нақши Эдипро тавре ки Ҳошим Гадоев бозид, касе набозидааст. Дар офаридани нақшҳои классикӣ дар дунё танҳо англисҳо метавонанд ба Ҳ. Гадоев ҳампоя бошанд”. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Сахновский: “Шумо, Ҳошим Гадоев, актёру таҳиягари нотакрор ҳастед. “Эдип” - и шумо шоҳкорист. Таманнои онро дорам, ки орзуятон амалӣ шуда, “Спартак” - ро рӯйи саҳна оред”.
Дар ин иртибот бояд зикр кард, ки “Эдип” беш аз 100 маротиба ба намоиш гузошта шудааст ва дар дунё актёре нест, ки ин нақши мураккаби фоҷиавиро дар ин сатҳ бозида бошад.
Зимнан, Ҳошим Гадоев ба ишқи аввали хеш содиқ монда, асарҳои “Ҳамлет” ва “Шоҳ Лир” - и драматурги маҳбубаш Вилям Шекспирро ба саҳна гузошт ва дар иҷрои нақшҳои асосии ин намоишномаҳо низ комёб шуд.

Шоҳ Исмоили Сомонӣ меояд!
Соли 1999 ба ифтихори 1100 - солагии Давлати Сомониён, ки ба тантанаи бузурги умумихалқӣ табдил ёфт, дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ дар ҳузури Сарвари кишвар ва ҳазорҳо тамошобин Ҳошим Гадо нақши шоҳ Исмоили Сомониро дар намоишномаи ҳамном ончунон муассир ва воқеӣ бозид, ки мегуфтӣ, худи Исмоили Сомонӣ савори аспи сафед бо аҳли рикоб назди Исмоили Сонӣ омада.
Пас аз ин, ҳаводорони истеъдоди нотакрори ин ҳунарманд қариб даҳ сол интизори дидор шуданд. Соли 2008 ба шарафи 1150 - солагии асосгузори адабиёти калассикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҳошим Гадо намоишномаи Сотим Улуғзода “Рӯдакӣ” - ро ба саҳна гузошт, ки сазовори баҳои баланд гардид.

Ҳошим ва синамо
Маҳорати воло, қомати баланд, ҷуссаи таҳамтан, чусту чолокии ин ҳунармандро дар синамо низ аз чеҳраҳои муваффақу нотакрор намудааст. Чун номи Ҳошим Гадоро ба забон гиред, пеши назар қабл аз ҳама нақши Суҳроб аз филми таҳиягари барҷастаи тоҷик Борис Кимёгаров “Рустам ва Суҳроб” (соли 1979) аз “Шоҳнома” - и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ҷилвагар мешавад. Дар ин филми олиҷаноб Кимёгаров бисёр ҳунармандони хушсалиқаро гирд овард, аммо нақши Суҳроби Ҳошим Гадо ва Рустам дар иҷрои актёри боистеъдоди гурҷӣ Бимболат Ватаев беназир ва метавон гуфт, қуллаи эҷодии ин ду ҳунарманд буд. Беш аз 40 сол мешавад, ки филми мазкурро дар кинотеатрҳои соири кишварҳои дунё намоиш медиҳанд.
Актёри тоҷик бо киностудияҳои хориҷӣ низ ҳамкории фаъол дошт. Аз ҷумла, дар “Мосфилм”, “Беларусфилм”, “Озарбойҷонфилм”, студияи синамои Марокаш ба филмҳояшон даъват кардаанд. Мегӯянд, ки пас аз ҳунарнамоии воло дар филми озарии “Шуълаи хомӯшшудаи гулханҳо” тамошобинони сипосгузор дар қарибии шаҳри Боку чашмаеро ба номи Ҳошим Гадо мондаанд...

Орзуи “Спартак”
Акнун беш  аз ним аср мешавад, ки Ҳошим Гадо фидоии санъати тоҷик аст. Басо нақшҳо дар театру синамо офарид, намоишҳо рӯйи саҳна овард. Истеъдоди фитрӣ, навҷӯӣ, на нақш офаридан, балки дар нақш зистан, заҳмати пайваста азизи мардумаш гардонд. Хизматҳои шоёнаш бо унвонҳои фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳунарманди халқии СССР қадр шудаанд. Ӯ барандаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва давлатии СССР мебошад. Ҳамчун ҳунарманди нотакрор ба мукофоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ордени “Ситораи Президент” сарфароз гардонда шудааст. Яъне, дар тӯли умри тӯлонӣ ва пурбаракаташ дар санъати тоҷик баландтарин қуллаҳоро фатҳ кардааст.
Бо вуҷуди ин барояш қуллае дастнорас монда, ки даҳсолаҳо дар орзуяш буд. Дар саҳнаи театри тоҷик гузоштани намоишномаи “Спартак” ва худ бозидани ин симои барҷастаи таърихӣ.

Эпилог ба ҷойи хулоса
Шахсиятҳои барҷастаи ҳунари тоҷик, ки дар ибтидо зикрашон рафта буд, дигар бо мо нестанд. Вале чи ифтихорест, ки имрӯз Ҳошим Гадо бо мост. Мо дар як шаҳр бо ҳам қадам мезанем, аз як ҳаво нафас мекашем, ҳар субҳ панҷараҳои тирезаи худро ба рӯйи ҳавои аз атри  форами сулҳу субот муаттари кишвар боз менамоем. Бо Ҳошим Гадо, бо абармарде, ки на танҳо дар байни мардуми тоҷик эътибору эҳтироми хоса дорад, балки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ низ чун нобиғаи ҳунар эътироф шудааст. Дар ин иртибот саволе ба миён меояд, ки “мо то кадом андоза ҳунари волою хизматҳои арзандаи ин ситораи санъати тоҷикро миёни ҷомеа ва ҷавонон тарғиб менамоем?” “Оё масъалаи дар бораи рӯзгору эҷодашон филме ба пояи истеъдоди нотакрораш ба навор гирифтаанд, то на танҳо чеҳра, балки нақшҳои волои офаридаи ин марди ҳунар ба кунҷи фаромӯшӣ наафтанд?”
Бузургон бояд дар зиндагияшон эътироф ва қадр шаванд. Дар радифи қадрдониҳои давлату Ҳукумат мо – масъулон низ набояд бетараф бошем.

Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.05.2016    №: 89    Мутолиа карданд: 607

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед