logo

номаҳо

ПИСАРАМ. МАРО АЗ ҶАБРИ Ӯ ХАЛОС КУНЕД

Ман Ҷӯраев Шарофбой, аз соли 1976 бо шаҳрванд Ҷӯраева Бишарифа оила барпо намуда, то соли 2012 якҷоя зиндагӣ карда, соҳиби 4 фарзанд шудаем. Ҳамаи фарзандонро  кор карда ба воя расонидаам.

Баъди 36 сол зиндагӣ карданам бо сабаби маъюб буданам ҳамсарам аз ман ҷудо шуд. Фарзандонам низ аз ман рӯй гардонидаанд. Айни ҳол, маҷрӯҳи  гурӯҳи 2 - юм буда, ҳамагӣ бо маблағи нафақа рӯз мебарам.
Писари калониам Ҷӯраев Раҳимбой маро азоб дода намехоҳад, ки дар манзили истиқоматиам зиндагӣ кунам. Ман дар шиканҷаи хонаводагӣ қарор дорам. Писарам Ҷӯраев Рамзилло доимо маро лату кӯб мекунад. Борҳо хостам аз ташхиси суди тиббӣ гузарам, аммо «фарзандат» гуфта, хулосаи ташхисро пешниҳод накардаанд.
Баъди задани писарам Рамзилло то ҳоло дилам дард мекунад. Ҳангоми муроҷиат карданам ба духтури дил, гуфт ва қайд кард, ки дил осеб гирифтааст.
Борҳо ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат кардам, аммо ягон мақомот ба ман кумак кардан намехоҳад.
Ҳамсарам бо фарзандонам ҳамзабон шуда, бидуни розигии ман ҳамаи ашёи маро фурӯхта бегона кардаанд. Ман ноилоҷ дар таги дарвоза, дар анборхона зиндагӣ мекунам.
Қайд кардан зарур аст, ки бо сабаби зери шиканҷа қарор доштанам, ба фишори хун, фалаҷи тарафи чап гирифтор шудаам. Фарзандонам ва оилаам намехоҳанд, ки дар ин хона зиндагӣ кунам. Ба тариқи маҷбурӣ маро мехоҳанд дар Диспансери касалиҳои рӯҳу асаб бистарӣ карда, хонаи истиқоматиамро фурӯшанд.
Хоҳиш маро аз ҷабри  фарзандон халос намоед.

Шарофбой ҶӮРАЕВ,
шаҳри Исфара, кӯчаи Самадов, 22


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.05.2016    №: 95    Мутолиа карданд: 10509

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед