logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 1, мод. 6, мод. 7; с. 2010, №1, мод. 6; с. 2012, №7, мод. 721; с. 2014, №7, қ. 1, мод. 388, №12, мод. 821; с. 2015, №11, мод. 953), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда  шаванд:
1. Аз қисми 4 моддаи 74 калимаҳои «аслӣ будани он рад карда нашавад ва» хориҷ карда шуда, калимаҳои «ба расмият дароварда» ба калимаҳои «тасдиқ (легализатсия) карда ё ба он апостил гузошта» иваз карда шаванд.
2. Ба қисми 1 моддаи 215 сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- оид ба бистарикунонии маҷбурии шахси гирифтори бемории сил ва таъини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардани бемории сил дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил;».
3. Ба қисми 1 моддаи 267 сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- оид ба бистарикунонии маҷбурии шахси гирифтори бемории сил ва таъини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардани бемории сил дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил;».
4. Боби 351 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«БОБИ 351. БИСТАРИКУНОНИИ МАҶБУРИИ ШАХС ДАР МУАССИСАҲОИ МАХСУСИ ТИББИИ ЗИДДИ БЕМОРИИ СИЛ, ТАЪИНИ ТАШХИСИ ҲАТМӢ БАРОИ ОШКОР КАРДАНИ БЕМОРИИ СИЛ ВА ТАБОБАТИ ОН
Моддаи 3111. Пешниҳоди ариза дар бораи  бистарикунонии маҷбурии шахс дар  муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил
1. Ариза оид ба бистарикунонии маҷбурии шахси гирифтори шакли гузарандаи (батсиллярӣ) бемории сил, мунтазам вайронкунандаи низоми санитарию эпидемиологӣ, ки таҳти мушоҳидаи диспансерӣ қарор дорад, аз ҷониби роҳбари муассисаи  махсуси тиббии зидди бемории сил ё аъзои оилаи бемор ба суди ҷойи истиқомати бемор ё маҳалли ҷойгиршавии муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сил пешниҳод карда мешавад.
2. Ба ариза оид ба бистарикунонии маҷбурӣ хулосаи асосноки комиссияи тиббии духтурон, ки роҳбари муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сил таъин кардааст, дар бораи зарурати ба низоми статсионарӣ ҷойгир кардани шахси гирифтори бемории сил замима карда мешавад.
3. Маҷлиси судӣ дар бинои суд ё муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сили низоми статсионарӣ баргузор мегардад. Дар ҳолати мавҷуд будани маълумоти муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сил, ки тибқи он ҳузури шахси бемор дар толори суд бинобар хавфи сироят ёфтани атрофиён ғайриимкон мебошад, парванда дар муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сили низоми статсионарӣ баррасӣ карда мешавад.
4. Шахси бемор ҳуқуқ дорад дар баррасии ариза оид ба бистарикунонии маҷбурӣ шахсан иштирок намояд. Суд метавонад парвандаро оид ба бистарикунонии шахси гирифтори бемории сил дар ғоибиаш баррасӣ намояд, агар иштироки ӯ дар маҷлиси судӣ вобаста ба вазъи саломатиаш ғайриимкон бошад.
5. Ариза оид ба бистарикунонии маҷбурӣ аз ҷониби суд дар муҳлати панҷ рӯз аз рӯзи оғози парванда бо иштироки прокурор, намояндаи муассисаи махсуси тиббии зидди бемории сил ё аъзои оилаи бемор, ки ба суд бо ариза ҷиҳати бистарикунонии маҷбурии шахси бемор муроҷиат кардааст ва шахсе, ки нисбати ӯ масъалаи бистарикунонии маҷбурӣ ҳал карда мешавад ё намояндаи ӯ баррасӣ мегардад.
Моддаи 3112. Ҳалнома вобаста ба ариза дар бораи бистарикунонии маҷбурии  шахс дар муассисаҳои махсуси тиббии  зидди бемории сил
1. Аризаро оид ба бистарикунонии маҷбурии шахс дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил моҳиятан баррасӣ намуда, суд ҳалнома мебарорад, ки мутобиқи он ариза қонеъ гардонида ё рад карда мешавад.
2. Ҳалнома оид ба қонеъгардонии ариза барои бистарикунонии маҷбурии шахс дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил асос мебошад.
Моддаи 3113. Таъини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардан ва табобати бемории сил
1. Аризаи роҳбари муассисаи тиббӣ ё аъзои оилаи бемор оид ба таъини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардани бемории сил ва табобати бемор ба суди маҳалли истиқомати шахсе, ки аз ташхис қасдан саркашӣ менамояд, пешниҳод карда мешавад.
2. Ба ариза хулосаи асосноки тиббӣ дар бораи зарурати гузаронидани ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардани бемории сил ва ҳуҷҷатҳои дигар замима карда мешаванд.
3. Ариза аз ҷониби суд дар муҳлати се рӯз бо иштироки прокурор, намояндаи муассисаи тиббӣ ё аъзои оилаи бемор, ки ба суд бо ариза ҷиҳати таъини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардани бемории сил ва табобати он муроҷиат кардааст, шахсе, ки нисбати ӯ масъалаи таъини ташхиси ҳатмӣ ҳал карда мешавад ё намояндаи ӯ баррасӣ мегардад.
4. Суд аризаро дар бораи таъини ташхиси ҳатмӣ барои ошкор кардан ва табобати бемории сил моҳиятан баррасӣ намуда, дар хусуси қонеъ гардонидан ё рад намудани он ҳалнома қабул мекунад.».
5. Дар моддаи 397:
- ба қисми 1 пас аз калимаи «мавҷудияти» калимаҳои «апостил ё» илова карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «ба таври дахлдор» ба калимаҳои «ба тариқи нотариалӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш.Душанбе, 14 майи соли 2016, № 1309


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 30 марти соли 2016, № 389 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бар­расӣ намуда, қарор мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 майи соли 2016, № 222


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20-23.05.2016    №: 96,98    Мутолиа карданд: 850

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед