logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68, мод. 69, №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149,  мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346, №7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, №3,  мод. 126, №7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, мод. 447, №10, мод. 803, №12, қ. 1,  мод. 986, №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80, №7-8, мод. 501;  с. 2010, №3, мод. 155, №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161, №7-8,  мод. 605;  с. 2012, №4, мод. 258, №7, мод. 694; с. 2013, №6, мод. 403, мод. 404, №11, мод. 785, №12, мод. 881; с. 2014, №3, мод. 141, №7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, №3, мод. 198, мод. 199, №11, мод. 949; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2015, №1261), тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Ба банди а) қисми 1) моддаи 57 баъд аз рақами «284,» рақами «286,» илова карда шавад.
2. Дар моддаи 286:
- дар санксияи қисми 1) калимаҳои «аз сад то яксаду ҳаштоду се» ба калимаҳои «аз дусад то сесаду шасту панҷ» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2) калимаҳои «аз панҷсаду чилу ҳафт то нӯҳсаду дувоздаҳ» ва «аз се то панҷ» мувофиқан ба калимаҳои «аз ҳафтсаду сӣ то як ҳазору наваду панҷ» ва «аз чор то шаш» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 3) калимаҳои «аз нӯҳсаду дувоздаҳ то як ҳазору чорсаду шаст» ва «аз панҷ то ҳашт» мувофиқан ба калимаҳои «аз як ҳазору дусаду ҳафтоду ҳафт то як ҳазору шашсаду чилу ду» ва «аз ҳафт то нуҳ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 майи соли 2016, № 1304


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Ш. ЗУҲУРОВ  
ш. Душанбе, 9 марти соли 2016, № 373

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бар­расӣ намуда, қарор мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 майи соли 2016, № 218


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20-23.05.2016    №: 96,98    Мутолиа карданд: 978

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед