logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллат, дар баталиони таъйиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Ваҳдат, 4 июни соли 2016

Муҳтарам генералҳо, афсарону прапоршикҳо ва сарбозони гиромӣ!
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат тасмим гирифтем, ки дар баробари шиносоӣ бо шароити хизмати афсарону сарбозони баталиони махсуси Вазорати мудофиаи мамлакат, инчунин дар маросими супурдани Байрақи ҷангӣ ва Сипосномаи Президенти кишвар ба ҳайати шахсии он ширкат намоем.
Бо истифода аз фурсат, тамоми ҳайати шахсии воҳиди махсуси низомиро ба муносибати ташкили боз як ҷузъу томи нав, яъне баталиони махсус ва ба ифтихори ҷашни дарпешистодаи Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям ва итминон дорам, ки хизматчиёни ҳарбии ин ниҳод минбаъд низ донишу малака ва таҷрибаи касбии худро барои сарбаландона иҷро намудани қарзи фарзандии худ дар назди халқу Ватан сафарбар хоҳанд кард.
 Мо таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро дастоварди муҳими замони истиқлолият ҳисобида, хизматҳои бесобиқаи ҳайати шахсии онро дар ҳифзи манфиатҳои давлат ва амнияти шаҳрвандон пайваста қадрдонӣ менамоем.
Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти зиёди молиявӣ, ҳанӯз аз солҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба масъалаи таҷдиду азнавсозии инфрасохтори соҳа ва таъсиси ҷузъу томҳои махсуси низомӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, заминаҳои моддиву техникии қисмҳои низомиро бо муосиртарин таҷҳизоти ҳарбӣ таъмин карда истодааст.  Зеро таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар яке аз вазифаҳои асосии Ҳукумати мамлакат ва Қувваҳои Мусаллаҳ - сипари боэътимоди давлати соҳибистиқлол ва мардуми Тоҷикистон мебошад.
Ҳар яки мо рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро фаромӯш накардаем, ки афсарону сарбозони далеру шуҷои мо, бо вуҷуди  набудани шароиту имкониятҳои зарурӣ, қарзи фарзандии хешро садоқатмандона адо намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва амнияти давлату ҷомеа саҳми басо арзишманд  гузоштанд.
Тӯли солҳои охир идоракунии муосири ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба роҳ монда шуда, бо ин мақсад заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳкурсии зарурии моддиву техникӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ таҳким бахшида шуд.
Дар ин раванд, соли гузашта Фармони Президенти мамлакат доир ба мукаммалгардонии сохтори ташкиливу штатии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба тасвиб расид. Тибқи он дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат баталиони таъйиноти махсуси Вазорати мудофиа таъсис дода шуд, ки дар тобеияти бевоситаи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар  қарор дорад.
Раванди таъсисёбӣ ва таъминоти баталион тибқи нақшаи Қувваҳои Мусаллаҳ амалӣ гардида, аз як тараф бо роҳи ташкилу пуррагардонӣ ва ҷобаҷогузории ҷузъу томҳо дар самтҳои муҳими ҳарбиву стратегӣ ва аз тарафи дигар, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои иҷрои вазифаҳои ҷангӣ дар ҳолатҳои фавқулода анҷом дода шуд.
Бино ва инфрасохтори ҷойгиршавии баталион тибқи талаботи меъёрҳои муосир сохта шуда, барои анҷоми корҳои сохтмон дар марҳалаи якум қариб 17 миллион сомонӣ сарф гардида, минбаъд корҳои сохтмон ва пурра таъмин кардани воҳиди махсус бо шароити зарурӣ идома дода мешаванд.
Имрӯз мо ҳамчун рамзи ифтихору шуҷоат ва шаъну шарафи ҳарбӣ ба ҳайати шахсии баталион Байрақи ҷангӣ супурдем, ки боиси ифтихору шарафи ҳар як афсар ва сарбози он мебошад.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки супурда шудани Байрақи ҷангӣ баёнгари он аст, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ дар иҷрои муваффақонаи қарзи муқаддаси худ, яъне хизмати садоқатмандона ба Ватан ба савганди ҳарбии худ содиқ бошад.
Таъкид месозам, ки шумо, афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳамчун сипари боэътимоди сарзамини муқаддасамон бояд ба хотири ҳимояи суботу оромӣ ва таъмини амнияти давлату ҷомеа ҳамеша омода бошед ва ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат ба ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бонангу номуси тоҷик ва дар натиҷаи заҳмати бесобиқаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба даст омадааст, ки ҳимояи он ба уҳдаи шумо вогузор шудааст.
Таҳаввулоту ҳодисаҳои дар ҷаҳони муосир ба амал омадаистода моро ҳушдор медиҳанд, ки ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои муассир андешида, дар ин замина иқтидори мудофиавии мамлакатро боз ҳам тақвият бахшем.
Ҳар яки мо вазифадорем, ки беҳтарин неъмати имрӯза, яъне соҳибистиқлолии давлатамонро содиқона ҳифз намоем, барои посдории ваҳдату ягонагӣ ва ободии минбаъдаи кишварамон корҳои созандагиро вусъат бахшем.
Итминони комил дорам, ки ҳайати шахсии баталиони таъйиноти махсус  анъанаҳои хуби ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро идома дода, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба   Ватани маҳбубамон дар самти ҳифзу таъмини зиндагии осоиштаи халқамон вазифаи бошарафу муқаддаси худро сарбаландона иҷро менамоянд.
Афсарону сарбозони шуҷои Ватан!
Дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллиамон мақомоту сохторҳои низомиро зарур аст, ки доир ба вусъати корҳои тарбиявӣ, риояи қатъии интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии  хизматчиёни низомӣ, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагиву хизмат дар ҷузъу томҳои ҳарбӣ чораҳои иловагӣ андешанд.
Айни замон, дар назди ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳайати фармондеҳии он, аз ҷумла қисми ҳарбии шумо, иҷрои вазифаҳои пурмасъулият қарор доранд.
Вобаста ба иҷрои рисолату қарзи фарзандӣ ҳар як афсару сарбози  қисми ҳарбӣ ва ҳайати фармондеҳии он вазифадор карда мешавад, ки фаъолияти худро дар доираи қарорҳои Ҳукумати кишвар, қонунҳои амалкунандаи соҳа ва оинномаҳои ҳарбӣ тақвият бахшида, ҷиҳати баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии сарбозону афсарон ва омодабошии ҷангии онҳо мунтазам чораҷӯӣ намояд.
Ҳамчунин бояд ба сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ, аз ҷумла тарбияи ҳайати шахсӣ дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ ва дӯстиву рафоқат дар байни ҷавонон алалхусус ба масъалаи кор бо наваскарон эътибори ҷиддӣ дода, ба машғулиятҳои омӯзишиву амалӣ ва обутоби ҷисмонии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Фаромӯш насозед, ки ҳимояи манфиатҳои Ватан ва обод гардонидани он ҳамчун омили муҳими тарбия ва рукни асосии ойини ҷавонмардӣ аз аҷдоди шарафмандамон ба мерос мондааст.
Боиси ифтихор аст, имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи мо такягоҳи боэътимоди амнияту оромӣ дар кишвар буда, ба мактаби камолоти ҷисмонӣ ва ватандӯстии насли ҷавон табдил ёфтаанд.
Имсол барои мардуми шарифи кишварамон соли таърихӣ, яъне соли таҷлили ҷашни бузурги миллиамон – биступанҷсолагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Бо итминон изҳор медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла баталиони навташкил минбаъд низ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ бо сарбаландӣ адо намуда,  тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ сафарбар сохта, бо интизоми намунавию омодагии баланди ҷангӣ ва нишондиҳандаҳои шоистаи хизматӣ ин санаи бузургу тақдирсозро истиқбол мегиранд.
Дар хотир дошта бошед, ки хизмат кардан ба Ватан - модар бояд ба ҳар як афсару сарбоз ифтихору шараф бошад ва ҳар яки шумо Ватанро ҳамчун модари худ дӯст доред ва мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоед.
Ман ба ҳар яки шумо бовар дорам ва эътимоди Роҳбари давлат ва халқи Тоҷикистон дар навбати худ ҳар кадоми шуморо водор месозад, ки дар иҷрои рисолати касбии худ, яъне ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи кишвар ҳамеша омода бошед ва ҳушёриву зиракиро ҳаргиз аз даст надиҳед.
 Дар  фарҷом бори дигар ба ҳамаи шумо дар роҳи хизмат ба  Ватани азизамон саломатӣ ва барори кор орзу менамоям.
Доимо саломату сарбаланд бошед, ҳомиёни шуҷои Ватан!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.06.2016    №: 108    Мутолиа карданд: 1106
17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БОЗ 82 ШАҲРВАНД БО КОР ТАЪМИН ГАРДИД

ТАЪСИСИ 86 КОРХОНА ДАР ҲАФТ МОҲ

«ЛИДАР». АКНУН ТАРКИБИ МОЛЕКУЛАВИИ ҲАВО САНҶИДА МЕШАВАД

14.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 7816 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ПАЙВАНДГАРИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ "ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН"

US OPEN. ТИМ ВА НАОМИ ҒОЛИБОНИ ИН МУСОБИҚА

СММ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТАРО ДАЪВАТ НАМУД, КИ АЗ ТАҲРИМОТ АЛАЙҲИ МАМЛАКАТҲОИ РУШДКУНАНДА ДАСТ КАШАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

11.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 714 СИРОЯТЁФТА АЗ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБОНИСО» БОРИ ДУЮМ ЧЕМПИОНИ ТОҶИКИСТОН ШУД

САФОРАТ ВА ДОМОДЕДОВО ХАБАРҲО ДАР БОРАИ БАНД МОНДАНИ ТОҶИКОНРО ДАР ФУРУДГОҲ РАД КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.09.2020


НИСФИ КӮДАКОНИ РУСИЯГӢ COVID-19-РО САБУК ГУЗАРОНДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ОҒОЗИ НАШРИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ

08.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШАБОНАРӮЗИ ОХИР 32 ҲОДИСАИ НАВИ БЕМОРИИ COVID – 19 ОШКОР ШУД

СҲШ, ИДМ ВА СААД БОРИ АВВАЛ АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ МАШҚҲОИ МУШТАРАК МЕГУЗАРОНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ТОҶИКИСТОН БАР ТИМИ ӮЗБЕКИСТОН ҒОЛИБ ОМАД

ТОҶИКИСТОН. 7 ҲАЗОРУ 581 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

04.09.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 7 ҲАЗОРУ 482 КАС РАСИД

ОЗМУНИ XVII БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САНЪАТИ КИТОБ». «УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ» СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ГАРДИД

ПЕСКОВ БА АЙБДОРСОЗИИ МОСКВА ДАР ҲОДИСА БО НАВАЛНИЙ ҶАВОБ ГАРДОНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед