logo

паёмҳо

Паёми Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон, шаҳри Душанбе, 5 июни соли 2016

Ҳамватанони азиз!
Моҳи шарифи Рамазонро, ки фардо оғоз мегардад, ба кулли мардуми Тоҷикистон табрик мегӯям.
Рамазон моҳи сабру таҳаммул ва айёми кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд буда, ба инсон устувориву пойдорӣ ва парҳезкориву қаноатро меомӯзад, имонашро комил, иродаашро қавӣ мегардонад. Ин моҳи шариф дар қалби одамон фурӯтаниву хоксорӣ ва сабру таҳаммулро ҷой намуда, вуҷуди инсонро ба назаргоҳи ҳусни адабу шукрона табдил медиҳад.
Дар ин моҳ одамон бо ҳам бештар меҳрубон шуда, бо якдигар самимонаву нармдилона муносибат мекунанд. Зеро моҳи шарифи Рамазон дар асоси каломи раббонӣ ва ҳадисҳои Пайғамбари Худо ҳамчун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо шинохта шудааст.
Парҳезкориву лутфу эҳсон ба атрофиён, дасти ниёзмандеро гирифтан, аз рӯи тавону имконият ба шахсони муҳтоҷу камбизоат кумак кардан, аз ҳама гуна амалҳои ношоиста худдорӣ кардан, риояи ахлоқи ҳамида ва умуман, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб аз ҷумлаи хислатҳои муҳимтарину наҷиби ин моҳи шариф мебошад.
Худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву зиёдаравӣ ва исрофкориву оростани маъракаҳои серхарҷу зиёдатӣ низ дар дини мубини ислом, бахусус дар моҳи Рамазон амали писандида ба шумор меравад.
Мардуми шарифи мо дар ин моҳи муборак анъанаҳои арзишманди мазҳаби ҳанафиро риоя ва эҳтиром намуда, инсонпарварӣ, таҳаммулгароӣ ва хайрхоҳиро пеша мекунанд.
Онҳо бо ҳамдигар сулҳу салоҳ орзу карда, дасти ҳамдигарро мегиранд, аз падару модарони соҳибэҳтиром ва пирони рӯзгордида дуо хоста, ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату ниёзмандон дасти ёрӣ дароз мекунанд.
Ҳамватанони азиз!
Дар каломи осмонии Худованд илова бар ин, ки масъалаи гиромӣ доштани моҳи мубораки Рамазон борҳо таъкид гардидааст, ҳамчунин, барои мусулмонон як қатор сабукиҳое низ муқаррар шудаанд.
Аз ҷумла онҳое, ки сабабҳои узрнок доранд, масалан беморон, занони ҳомила ва заноне, ки кӯдаки ширхора доранд, пирони барҷомондаву мусофирон метавонанд рӯза нагиранд ва ин фаризаро дар фаслу замони мувофиқ иҷро намоянд.
Бахусус, имсол низ, ки моҳи шарифи Рамазон ба оғози мавсими гармои тобистон рост омад, шояд ба шахсони бемор, калонсолон ва шахсоне, ки ба корҳои вазнин, аз ҷумла кишоварзон барои ҷамъоварии ҳосили бо заҳмат парваришкардаи онҳо душвориҳо оварад. Зеро сари вақт ҷамъоварӣ кардани маҳсулоти кишоварзӣ, ки ризқу рӯзии мардуми деҳот ва умуман аҳолии мамлакат мебошад, омили муҳими фаровонии дастархони ҳар оила ба ҳисоб меравад.
Яъне моҳи Рамазон, ки ба фасли тобистон рост омадааст, чунин маънӣ надорад, ки мо кор накунем ва ҷамъоварии ҳосил, захираи маҳсулот, кишти такрорӣ ва дигар корҳои кишоварзиро ба вақти дигар гузорем.
Тибқи талаботи фиқҳи ҳанафӣ низ барои касоне, ки бо корҳои вазнин машғуланд ва онҳое, ки агар дарав накунанд, зироаташон талаф мешавад ва дар фасли зимистон ба оилаҳояшон вазнинӣ меорад, сабукӣ дода шудааст.
Дигар фазилати неки моҳи шарифи Рамазон дар баробари тоату ибодат ба ҷо овардани амалҳои хайр, аз қабили хабардор шудан аз ҳоли маризону муҳтоҷон ва аз худ дур кардани кинаву адоват мебошад, ки аҷру савоби бештар дорад ва ин амалҳои солеҳ ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллии мо имрӯзҳо амалӣ карда мешаванд.
Махсусан, садақа намудан ба бечорагон, барҷомондагон, наздикон, ятимону маъюбон, оилаҳои бепарастору камбизоат ва дигар ниёзмандон дар ҳамин моҳ савоби бештар дорад. Инчунин дини мубини ислом доир ба додану гирифтани садақа ва анҷом додани хайрот дастур додааст, ки гирандаи он фақирон ва шахсони камбизоату серфарзанд буда, дар навбати худ, садақа додану хайрот кардани чунин одамон шарт нест.
Дар сураи Бақараи Қуръони маҷид омадааст, ки “Худованд ҳеҷ касро ба ҷуз ба андозаи тавонаш ба ҳеҷ коре вазифадор намекунад”.
Бинобар ин, додани садақа ё хайр кардан ба муҳтоҷону камбизоатҳо танҳо ба сарватмандон ва шахсоне, ки имконияти моливу моддӣ доранд, ҷоиз аст.
Ҳамватанони азиз!
Дар шароити имрӯза фазои динии аксари кишварҳои олам, бахусус як қатор мамлакатҳои мусулмониро ҷангу ҷидолҳои даҳшатбор, кирдорҳои нафратовари экстремистиву террористӣ фаро гирифтаанд ва дар натиҷаи чунин аъмоли фоҷиабор ҳазорон нафар одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар аз хонаву кошона ва ватани худ маҳрум гардида, ба фирориёни иҷборӣ табдил ёфтаанд.
Гурӯҳу созмонҳои экстремистиву террористӣ бо истифода аз шиорҳои диниву мазҳабӣ мехоҳанд авзои ҷомеаи муосирро ноором ва суботи кишварҳои оламро халалдор созанд. Ҳол он ки дини мубини ислом дини мусолиматомезу сулҳхоҳ мебошад ва ҳама гуна тафриқаандозӣ, зӯровариву хушунат ва кинаву адоватро маҳкум мекунад.
Дар чунин шароит моро зарур аст, ки моҳияти равандҳои муосирро ба наврасону ҷавонон фаҳмонем ва мардумро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, некиву накукорӣ ва амалҳои дигари хайр даъват намуда, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳким бахшем.
Бори дигар фарорасии моҳи шарифи Рамазонро ба мардуми кишвар муборакбод гуфта, барои ҳамаи мусулмонон хонаи обод, ризқи фаровон, тандурустӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.
Бигзор сулҳу субот, оромиву осоиш, файзу баракат ва фаровонии рӯзгор дар Ватани маҳбубамон ҳамеша ҳукмфармо бошад.
Моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.06.2016    №: 108    Мутолиа карданд: 13687

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед