logo

номаҳо

АГАРЧИ НОБИНОЕМ…

Ҳеҷ намехостам дар ин бора нависам, зеро ҳамсуҳбатам аз каси дигар не, аз ҳамкасбони ман гила кард. Гуфт, ки аксар журналистон  психологияи мардумро намеомӯзанд, то дар ҳавои суҳбаташон мусоҳиб худро озод ва соҳибэҳтиром эҳсос кунад…

Дар  мактаб - интернати  нобиноёни ноҳияи  Ҳисор будам. Дар ҳалқаи нафароне, ки ба чашми дил мебинанду суҳбат мекунанд.
Самимиянд, шавқи суҳбат доранд, зиндадиланду боғурур ва намегузоранд, ки аз даричаи дилсӯзӣ ба эшон назар афканӣ. Инсонем мегӯянд, ниёзамон аз нафароне, ки солиманд, бештар нест. Дар қатори ҳама мехоҳем имрӯзи рӯзгорамон аз дирӯза беҳтар бошад, мекӯшем, то ба коре балад бошему дар ободии гӯшае саҳмгузор.
Бо фаромӯшӣ аз мақсаде, ки доштам, мафтуни суҳбат кабӯтари андешаҳоям майли парвоз ба дуриҳо кард. Ҳайрон аз худ суол кардам:  «Чаро  мо  бо  ин  ҳама шароиту  имконияте, ки дорем боз шикоят  мекунему аз  хондан парҳезем.  Чаро зиндагиро аз онҳо  наомӯзем?!
- Аз баъзе журналистон норозием, - гуфт нафаре, ки то ҳамин лаҳза мисли ман хомӯш буд. Ва чун дид, ки ҳама таваҷҷуҳ доранд, идома дод, - баъзе аз рӯзноманигорон  ба назди мо гӯё ҳамдардӣ меомада бошанд, ки бисёр бо алам гап мезананд ва ҳамчунон аламовар мову буду бошамонро ба намоиш мегузоранд. Албатта, онҳо хоҳони озурдани мо нестанд, вале муносибат агар чунин аст, баръакс ноумедамон мекунанд ва баъди ҳар чунин суҳбат худро барои ин ҷомеа нолозим эҳсос мекунем. Агарчи имконияти мо маҳдуд ҳам  бошад,  кӯшиш мекунем, то саҳми худро дар рушду  инкишофи  ин кишвари  азизамон гузорем. Як  камбудии аксари  журналистон  ин  аст, ки  психологияи  инсонро  нағз  намеомӯзанд, нисбати кӣ чӣ гуфтанашонро намедонанд ва рафтори ба талабот ҷавобгӯро карда наметавонанд. Ҳадафам паст задани журналистон нест, баръакс,  мехоҳам ислоҳ  шаванд ва  минбаъд  нисбати  мо  чунин  рафтор  накунанд.  Агарчи нобиноем,  чашми дили  мо ҳамеша чун оина равшан  аст...
Худ қазоват намо, хонанда, чӣ тавр нанависам, вақте забон хомӯшу қалб сухан мегӯяд, вақте дида нобинову дил дар замири ҳар кадоме аз онҳо талоши гармии зиндагӣ дорад.
Шодигул  Носирова,  хатмкардаи  ин  мактаб – интернат, ки ба қавли худ имрӯз меҳмони хонаи орзуҳояш буд, аз рамӯзам чизе фаҳмид, ки   риштаи суханро ба даст гирифт.
- Маро ҳамин муҳит водор сохт, то барои амалӣ шудани орзуҳоям ҷаҳди бештар дошта бошам. Имрӯз ба орзуям расидам ва донишҷӯи факултети  журналистикаи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошам. Шабу рӯз мутолиа мекунам, то  касе маро соҳибимтиёз унвон накунад ва мефахрам, ки дастпарвари ин даргоҳам. Шукр шароите, ки имрӯз мо дорем, танбал шудану баҳонаҷӯӣ кардан камоли ношукрӣ, аз худу аз Худо аст.

С. ШОДМОН, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.06.2016    №: 110    Мутолиа карданд: 10473

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед