logo

маориф

ММТ: КАСЕ БА НАТИҶАИ ИМТИҲОНСУПОРӢ ТАЪСИР РАСОНДА НАМЕТАВОНАД!

Таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷорӣ кардани низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои миёнаю олии касбӣ аз мавзӯҳои мубрамест, ки бахусус дар ин шабу рӯз атрофи он афкори гуногун авҷ мегирад. Бо назардошти муҳимияти мавзӯъ, дар арафаи имтиҳонҳои  марказонидашудаи дохилшавӣ ба муаассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ хабарнигори “Ҷумҳурият” бо Хуршед Икромӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат орост.

– Соли сеюм аст, ки марказ фаъолият дорад. Ба андешаи Шумо дар ин муддат то чӣ андоза он ба мақсадҳои худ ноил гаштааст?
– Ҳарчанд се сол чандон муддати тӯлонӣ нест, метавон гуфт, ки дар ин давра марказ ба як қатор муваффақиятҳо ноил шудааст. Имрӯз аз мутахассиси одӣ то раҳбарият барои пешрафти кор ва ба боварии аҳли ҷомеа сазовор гардидан содиқона заҳмат мекашанд. Ба ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар солҳои 2014 ва 2015 баҳои баланд додани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бартарӣ ва тибқи талаботи замона будани ин низом далолат мекунад. Ҳамин боварӣ буд, ки ба ихтиёри марказ чанд вазифаи нав, аз ҷумла аз рӯйи фанҳои таълимӣ барпо кардани олимпиадаҳои ҷумҳуриявии хонандагон ва ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ворид кардани муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ  вогузор карда шудааст.

– Дар бораи шаффофияти баргузории имтиҳонот дар марказ андешаҳо ҳанӯз ҳам якранг нестанд, мехостем дар ин бора андешаҳои худро бигӯед.
- Ҳадафи асосии Маркази миллии тестӣ шаффофу одилона ба роҳ мондани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аст. Масъалаи шаффофият ду тараф дорад. Агар, тарафи якум, ки бевосита аз марказ вобастагӣ дорад, фароҳам овардани  шароит ва имкониятҳои зарурӣ барои довталабон ба ҳисоб равад, тарафи дуюм бевосита аз ҳар як довталаб, инчунин падару модари ӯ вобаста аст, ки то кадом андоза аз ин шароиту имкониятҳои муҳайёшуда истифода менамоянд.
Марказ барои таъмини шаффофият ва адолат дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст. Волидон набояд фирефтаи суханони беасоси ашхоси қаллоб гарданд. Қатъан иброз медорам, ки касе ба натиҷаи имтиҳонсупории довталаб таъсир расонда наметавонад. Барои ҳар як довталаб дар шабакаи интернет дар заминаи сомонаи марказ кабинети инфиродӣ кушода мешавад, ки ӯ ба воситаи он оид ба натиҷаҳои имтиҳонҳояш ва тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ огоҳ мегардад. Дигар ин ки пас аз анҷоми имтиҳон довталаб китобчаи тестро бо худ мегирад, яъне ӯ аллакай имкон дорад, ки ҳамон рӯз холҳои бадастовардаи худро мустақилона ё бо мадади омӯзгоронаш ҳисоб кунад.
 Озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон ба таври худкор бо истифода аз алгоритми махсус анҷом дода мешавад, ки ба он ҳеҷ омили инсоние таъсир расонда наметавонад.
Имтиҳонҳо бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда шуда, коркард ва санҷиши натиҷаҳо тавассути техникаю таҷҳизоти навин бе дахолати шахсе амалӣ мегардад. Дар низоми нави имтиҳонсупорӣ тамоми имконоти дахолати берунӣ ва тақаллуб аз миён бардошта шудааст. Дар варақаҳои ҷавобҳо ному насаб ва ё ягон маълумоти дигар дар бораи довталаб навишта намешавад, ки имконияти шахсони назораткунандаро низ барои расондани ёрӣ ба довталаб аз байн мебарад. Ба ҷойи ному насаби довталаб танҳо штрихкод часпонда мешавад ва муайян кардани мансубияти варақаи ҷавобҳо ба кадом довталаб барои ҳеҷ шахсе имконпазир нест. Ҷараёни санҷиши натиҷаҳо, ҷамъбаст ва баҳогузорӣ аз ҷониби барномаҳои компютерӣ бе дахолати инсонӣ анҷом дода мешавад ва расондани ягон намуди ёрӣ ба довталаб аз имкон берун аст.
Ҳар шахсе, ки аз технологияҳои иттилоотӣ огоҳӣ дорад, ба осонӣ дарк мекунад, ки анҷом додани чунин тақсимот “ба таври дастӣ” берун аз тавони инсонӣ аст.
Агар омори аризаҳои апеллятсиониро дар бораи норозӣ будан аз натиҷаҳои имтиҳон дар солҳои 2014 ва 2015 таҳлил намоем, мебинем, ки соли 2014 аз 45909 нафар довталаби дар имтиҳонҳо иштироккарда ҳамагӣ 574 аризаи апеллятсионӣ пешниҳод гардид, ки 16-тои он такрорӣ буд.

- Ҳастанд андешаҳое, ки ҳанӯз ҳам баъзеҳо ба низоми нави дохилшавӣ дар сатҳи зарурӣ ошноӣ надоранд. Дар ин самт чӣ тадбирҳое амалӣ мегарданд?
– Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марказ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро дар асоси маводи иттилоотию методии таҳиякардаи марказ дар се сатҳ – ҷумҳурӣ, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии дахлдор ба роҳ монд.
Дар ин замина корҳои иттилоърасонию тафсирӣ ҳар сол ба таври васеъ ба роҳ монда мешавад. Дар умум, корҳои иттилоотиву тафсирии марказ, аз ҷумла се даври курси омӯзиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва вохӯриҳои кормандони марказ аз моҳи январ то марти соли ҷорӣ, 229208 нафар алоқаманди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои соли 2016 – довталабон, падару модарон, омӯзгорон ва дигар фаъ-олонро фаро гирифт, ки ин шумора нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли гузашта қариб 20 дарсад зиёд аст. Инчунин, дар давоми моҳҳои январ - марти соли 2016 кормандони марказ дар 235 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии 66 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ вохӯрӣ гузаронданд.
Бо вуҷуди ин, тавре дар аввал ишора рафт, атрофи низоми нав баъзе андешаҳо, аниқтараш сару садоҳое низ ҳастанд, ки воқеият доштани онҳо на ба манфиати мост. Ҳарчанд ҷомеаи мо демократӣ ва ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбад, набояд нафаре ё гурӯҳе аз ин суистифода намуда, бе далел андешаронӣ кунад, зеро, бешубҳа, чунин иқдомот боиси барангехтани шубҳа мегардад.
Ҳоло ҳам баъзе аз довталабон ва падару модарони онҳо бо мақсади ёрирасоне ёфтан барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимӣ ба гапҳои шахсони миёнараву қаллоб бовар карда, ба амалҳои номатлуб даст мезананд. Онҳо ҳеҷ фикр намекунанд, ки чунин амалҳо ҷавобгарӣ дорад. Баъзан сарусадоҳои бофтаву сохта ҳатто дар воситаҳои ахбори омма нашр мегарданд, ки ин боиси нигаронии кормандони марказ аст. Набояд фаромӯш кард, ки низоми нав ҳамагӣ се сол боз дар амал аст ва дар кори он табиист, ки баъзе хатоҳои ҷузъӣ ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мондаанд. Мо омодаем, ки дар бораи бурду бохти фаъолияти худ бо тамоми васоити ахбори омма ҳамкорӣ дошта бошем, то ҳар маводе, ки оммавӣ карда мешавад, новобаста аз муҳтавояш, асоснок, воқеӣ ва аз ҳама муҳим ба манфиати тарафайн бошад.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2016    №: 112    Мутолиа карданд: 2199

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед