logo

ҳуқуқ

НАШЪАҶАЛОБ. 24 СОЛ ПУШТИ ПАНҶАРА

Молу мулке, ки ба ивази заҳролуд намудани рӯзгори садҳо нафар ба даст меояд, ҳаргиз насибу рӯзии кас намешавад. Амалҳои ҷиноятиву ғайриинсонии чунин шахсони ғаразнок дер давом нахоҳад кард. Қурбоналӣ Содиқов низ бо мақсади аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар даромади муфт ба даст овардан, даст ба ҷинояти   вазнин заду ба муҳлати бистучор сол равонаи зиндон шуд.
 Ӯ 10 августи соли гузашта дар деҳаи Дараи Калоти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо шиносаш Искандаршо Саидов вохӯрда, нақшаи аз Суҳроб ном шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гирифтану баъд фурӯхтани моддаҳои нашъаовари навъи «ҳашиш» ва «афюн» - ро дар ҳаҷми махсусан калон тарҳрезӣ кард. Баъди панҷ рӯз бо телефони мобилиаш ба Суҳроб занг зада, дар хусуси аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол додани воситаҳои нашъаовар ва як адад туфангчаи тамғаи ПМ, бо 5 дона тири қутраш 9 - миллиметра маслиҳати пешакӣ намуд.
Худи ҳамон рӯз Искандаршо Саидов бо мақсади пешгирӣ ва ошкор кардани созиши ҷиноятии бо Қурбоналӣ Содиқов бастааш, ба кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кард.
21-уми август Қурбоналӣ Содиқов бо автомашинаи шахсии Искандаршо Саидов бо мақсади аз Суҳроб, Холиқ валади Ахтар ва Нурулло валади Алонур - шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастрас намудани воситаҳои нашъаовар ва туфангчаи тамғаи ПМ аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ омад. Шаб бо Суҳроб гуфтугӯи телефонӣ намуда, ҷойи вохӯриро дар минтақаи сарҳадии № 34-и дидбонгоҳи сарҳадии № 6 «Сайёд»-и қисми ҳарбии Н.-и  Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъйин намуд. Қурбоналӣ тибқи маслиҳати пешакӣ амал карда, тахминан  соатҳои 01:00 - 01:30 дақиқа ба ҷойи муайяншуда омад.            
Шаби 22-юми август, тахминан соати 01:30 дақиқа, аз тарафи кормандони  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вобаста ба ҳолати дастгиркунии гурӯҳи 13-15 - нафара, ки шаҳрвандони Афғонистонанд, чораҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ гузаронда шуд. Гурӯҳи мусаллаҳ бо истифода аз яроқи оташфишон ба кормандони КДАМ муқобилияти мусаллаҳона  нишон дод. Дар натиҷа Холиқ валади Ахтар ва Нурулло валади Алонур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Суҳроб ва дигар шахсони ба тафтишот номаълум, ба самти Афғонистон фирор карданд. Қурбоналӣ Содиқов низ бо шунидани садои тир аз ҷойи ҳодиса ғайб зад.    
Ҳангоми азназаргузаронии мавзеъ ду адад борхалтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилашон  11 килограмму 105 грамм афюн ва 47 килограмму 329 грамм ҳашиш, инчунин як адад туфангчаи тамғаи ПМ таҳти силсилаи ХМ 6055, бо як тирдону панҷ дона тири қутраш 9 – миллиметра мавҷуд буд, ёфта гирифта  шуд. Дар ҳамин асос, Содиқов Қурбоналӣ Воҳидович, бинобар ҳолатҳои ба иродааш вобастанабуда, ба мақсади ниҳоии ҷиноятиаш расида натавонист.
Судшаванда зимни баррасии парвандаи ҷиноятӣ бо айби ба ӯ бо моддаҳои 200 қисми 4, бандҳои «г, д», 289 қисми 4, 3351 қисми 2, бандҳои «б,д» ва 195 қисми 3 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълоншуда худро қисман айбдор ҳисобид. Ба ғайр аз қисман худашро дар содир намудани ҷиноятҳои мазкур гунаҳгор донистан, айбдории ӯ бо дигар далелҳои дар мурофиаи судӣ мавриди муҳокима, таҳлил ва баҳодиҳӣ қарор гирифта, исботи пурраи худро ёфт.  Ба номбурда бо моддаи  200 қисми 4 бандҳои «г, д» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 14 сол, бо моддаи 289 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 16 сол, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, бо моддаи   195 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол ва бо моддаи 3351 қисми 2 банди «б,д» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 сол, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, таъйин карда шуд.
Коллегияи судӣ оид ба корҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон ӯро тибқи талаботи моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъйиншуда, ба муҳлати 24 сол, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии дорои низоми сахт аз озодӣ маҳрум сохт.
Қурбоналӣ Содиқов аз бистучор сол паси панҷара нишастану хешу пайвандонро ранҷ додан чӣ суд хоҳад ёфт?!
Амонзода Намози ШАРИФ,
судяи суди вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2016    №: 113    Мутолиа карданд: 669
04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

29.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 6065 КАС ШИФО ЁФТ

ДДСТДТ. БА ДОВТАЛАБОН ИМТИЁЗҲО ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ДДФСТ. СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ БА ШЎРОИ ДИФОЪ НИЁЗ ДОРАД

27 МЕДАЛИ ТИЛЛО ДАР ШАШ МОҲ

100 ДАРСАДИ САҲМИЯҲОИ ҶСК «АЗОТ» БА ФУРЎШ ГУЗОШТА МЕШАВАД

44 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ БАРҚАРОР ШУД

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ НИЗ ЗИЁД ГАРДИД

ЛИГАИ БОНУВОН. "ХАТЛОН" БА САДРИ ҶАДВАЛ БАРОМАД

СҶТ: «ДУНЁ ТАНҲО ЯК МАВҶИ КОРОНАВИРУСРО АЗ САР ХОҲАД ГУЗАРОНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед