logo

ҳуқуқ

ГУРЕЗ РОҲИ ХАЛОСӢ НЕСТ. АКНУН ҶИНОЯТКОРОН ҒОИБОНА ҲАМ МАҲКУМ МЕШАВАНД

Таҳлили равандҳои ҷинояткорӣ дар солҳои охир нишон медиҳад, ки шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои ҷинояткор пас аз содир намудани  ҷиноят, алалхусус ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар канор мондан, ба хориҷи кишвар фирор менамоянд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо солҳои тӯлонӣ беҳаракат мемонанд. Нисбат ба ин ҷинояткорон кофтуков эълон шуда, ба мақомоти дахлдори байналмилалӣ дархост ирсол шавад ҳам, натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, - иброз дошт Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавсуф тазаккур дод, ки бо назардошти ин  ҳолатҳо аксари  кишварҳо, аз ҷумла Федератсияи Русия, Қазоқистон, Украина ва Қирғизистон, қонунгузории худро дар ин самт такмил дода, амалияи ғоибона баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятии категорияи мазкурро истифода мебаранд. Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе иштироки судшаванда баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятиро дар моддаи 280 пешбинӣ намуда бошад ҳам, муқаррароти алоҳидаи он барои бе иштироки айбдоршаванда анҷом додани тафтишоти  пешакӣ ва ба суд ирсол намудани парвандаи ҷиноятӣ  мамониат пеш меовард. Лоиҳаи мазкур ба бартараф намудани ин мамониатҳо равона шуда, имкониятҳои мурофиавии тафтиши пешакӣ ва баррасии судии парвандаҳоро оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин нисбат ба айбдоршавандагоне, ки берун аз ҷумҳурӣ қарор дошта, аз ҳозир шудан ба тафтишоти суд саркашӣ мекунанд, таъмин менамояд. Дар баробари ин, бо назардошти таъмини риояи ҳуқуқҳои шахсони ғоибона маҳкумшуда, лоиҳа бо роҳи ба моддаи 280 - и кодекс ворид намудани қисми нави 5 имконияти ҳангоми ҳозир шудани маҳкумшуда бо дархости ӯ ё ҳимоятгараш аз нав мавриди баррасӣ қарор додани парвандаи ҷиноятиро имконпазир менамояд. Зикр гардид, ки  хароҷоти чунин мурофиаҳо аз ҳисоби мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пардохт мегардад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.07.2016    №: 130    Мутолиа карданд: 553

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед