logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ВА ПОСУХ

Ба саволҳо Фарҳод Тоиров - роҳбари бахши муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ва Ғуфрон Бойматов, узви мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд, ҷавоб доданд, Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 – 16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Манзили истиқоматии сеҳуҷрадор дорам, ки дар ошёнаи якум ҷойгир аст. Мехоҳам, ки аз тарафи кӯча дар боз намуда, манзили истиқоматиамро ба нуқтаи хизматрасонии компютерӣ, масҳи муолиҷавӣ ва кошонаи ҳусн табдил диҳам. Барои амалӣ намудани ин ниятам ба куҷо муроҷиат намоям?
Муҳаббат,  сокини шаҳри Қӯрғонтеппа

- Дар асоси моддаи 54 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозӣ ва дигар кардани тарҳи манзили истиқоматӣ танҳо бо иҷозати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва молик анҷом дода мешавад. Мутобиқи моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкориро кафолат медиҳад. Аз ин рӯ, шуморо лозим аст, ки барои гирифтани иҷозат ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа муроҷиат намоед. Оид ба нуқтаи масҳи муолиҷавӣ бошад, ғайр аз иҷозати расмии мақомот ва бақайдгирӣ дар нозироти андоз, иҷозатномаи махсуси хадамоти тиббиро низ бояд дастрас кард.
* * *
- Соли 2006 бо Дилшод Яҳёев оила барпо кардаму соҳиби 3 фарзанд шудем. Манзили зистамон аз ду ҳуҷра иборат аст.  Дар он ҳамаи аъзои оила, яъне 5 фарзанди хусурам ва мо - ду келин бо фарзандонамон (3 - то аз бачаи калонӣ ва 3 - то аз ман) дар қайди ҳамин хона ҳастем. Фарзанди калонӣ замин гирифта, хона сохт,  вале бо мо зиндагӣ мекунад. Се духтараш оиладор бошанд ҳам, дар қайди ҳамин манзили истиқоматианд. Онҳо низ даъвои хона доранд. Хусурам моро пеш карда истодааст ва мегӯяд, ки хона ба номи ман асту шумоён баромада равед. Вай ба наздикӣ калиди хонаро иваз карда, намемонад, ки ба он дароем. Дар чунин ҳолат ману кӯдаконам чӣ кор бояд кунем?
М. Яҳёева,  сокини ноҳияи Рӯдакӣ

- Ба саволатон посух чунин аст, ки бинобар аз лаҳзаи арӯс шуда ба ин хона омадан, то имрӯз дар ҳамин ҷо зиндагӣ дореду соҳиби се фарзанд ҳастед, аъзои оилаи хусуратон ҳисоб мешавед. Шумоён ҳуқуқи пурраи дар ин манзил зиндагӣ кардан доред. Зеро тибқи муқаррароти моддаи 122 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои оилаи молик, ки дар бинои истиқоматиаш (квартирааш) ҷой дода шудаанд, ҳақ доранд баробари ӯ аз манзили истиқоматӣ истифода баранд. Дар сурати минбаъд шуморо ба хона роҳ надодан, ҳуқуқ доред ҳуҷҷатҳои заруриро омода карда, ба суди маҳали зистатон бо аризаи даъвогӣ «Оиди маскун кардан ба манзили истиқоматӣ» муроҷиат намоед.
* * *
- Барои машғул шудан ба фаъолияти дорусозӣ ва тибби халқӣ чӣ ҳуҷҷат лозим аст?
Камолиддин,  сокини ноҳияи Бохтар
- Дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият барои фаъолияти дорусозӣ ва тибби халқӣ бояд иҷозатномаи махсус гирифт. Ба шахсе, ки барои чунин намуди фаъолият иҷозатнома надорад, дар асоси моддаи 122 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ба андозаи аз 400 то 600 сомонӣ пешбини шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.07.2016    №: 132    Мутолиа карданд: 638
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед