logo

номаҳо

ИЗҲОРИ СИПОС

Дар шароити кунунии рушди ҷомеаи башарӣ, ки раванди ҷаҳонишавӣ фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаёти халқу миллатҳои олам гардидааст, масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд   моҳият ва мазмуни тоза касб намуда, ба яке аз проблемаҳои мураккабу гуногунҷабҳаи  глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст.

Бо назардошти вазъи доимо тағйирёбанда ва пуртазоди ҷаҳони муосир ҳар як кишвари олам бо истифода аз суннатҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои волои ҳуқуқии умумибашарӣ дар ҷараёни ҳаллу фасли ин проблемаҳо саҳм мегузорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ аз равандҳо ва тамоюлоти замони муосир дар  канор буда наметавонад.  Аз ин ҷост, ки ҳанӯз дар нахустин рӯзҳои  Истиқлолияти давлатӣ волоияти қонун, таъмини ҳифзи  ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳайси яке аз арзишҳои олии давлатдории тоҷикон  эътироф гардида, масъулияти таъмини иҷрои бечунучарои ин вазифаи бағоят муҳим бар души тамоми сохторҳо, мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои иҷтимоӣ вогузор  карда  шуд.  Саҳми Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт бениҳоят бузург аст.
Барои кумаку дастгири беғаразона дар рафти фаъолияти  кориашон баҳри ҳал намудани мушкилоти шаҳрвандон ва таъмини ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ба сардори ШВКД  шаҳри Ҳисор полковники милитсия Шарифзода Ҷамшед Карим ва ваколатдори калони оперативи ШМД  шаҳраки Шарора ШВКД дар шаҳри Ҳисор капитани милитсия Қобилов Раҳимҷон Умарович аз самими дил изҳори миннатдорӣ менамоем.

Ҳамроҳ ҲАМРОЕВ, Ҳайдар АЮБОВ, шаҳри Ҳисор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2016    №: 134    Мутолиа карданд: 10156
22.06.2017


Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Улуғбек Розуқулов

Баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Баррасии таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ

Тавсеаи муносибатҳо бо Кувайт

Ҷаҳон дар як сатр

Мухолифини Сурия ба президентии Асад дар марҳилаи гузариш ризоият доданд

Дар Филиппин мактабро аз чанги ҷангиён раҳо сохтанд

Шоҳи саудӣ вориси нави тахтро интихоб намуд

Аз боронҳои сел даҳҳо ҳазор ҷопонӣ тарки манзил кард

Дар Қазоқистон ислоҳоти тиб роҳандозӣ мешавад

21.06.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд

Вохӯрӣ бо ҳайати раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил

Тақвияти мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Ваҳдати миллӣ - бузургтарин дастовард

Ҷаҳон дар як сатр

Кобул нақшаи нави муқовимат бо “Толибон”- ро таҳия мекунад

Таваҷҷуҳи хосаи Фаронса ба озодсозии Раққаи Сурия

Вазъи Афғонистон боиси хавотирии СААД шудааст

Русия ҳама қарзҳои Қирғизистонро бахшид

Чин ва кишварҳои Африқо мубориза бо қашшоқиро баррасӣ менамоянд

20.06.2017


Баистифодадиҳии бузургтарин аквапарки мамлакат

Мулоқот бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муовини сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе омад

Мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба бозпас гардондани маҳкумшудагон

"Роҳи Ваҳдат"

Як нишасти муҳим

Ҷаҳон дар як сатр

Португалия: оқибати фоҷиабори сӯхтори ҷангал

Си Ҷинпин: «10 соли наздик барои БРИКС «давраи тиллоӣ» хоҳад шуд»

Соли 2040 дар Замин беш аз нисфи неру барқароршаванда хоҳад гашт

Дар Брюссел музокирот оид ба Брексит оғоз ёфт

Нахустин қатораи мусофирбар аз Душанбе ба Остона расид

Варзиш

19.06.2017


Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Ҳю Филпотт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед