logo

ҳуқуқ

КОРРУПСИЯ

АЗ ПОРАГИРИИ СУДЯ ТО САРКАШИИ АНДОЗСУПОРАНДА
Натиҷаи гузоришҳо аз мизони ҷилавгирии ҳодисаҳои даст задан ба ришваситонӣ, ошкор намудани аъмоли коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор баёнгари он аст, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро  дар самти муқовимат бо коррупсия тақвият бахшидааст.

Дидору вохӯрии кормандони агентӣ бо доираҳои гуногуни ҷомеа, доир намудани суҳбатҳои зиддикоррупсионӣ бо кормандони соҳаҳои гуногун нишон медиҳад, ки дар баробари барқарор намудани зарари молиявӣ ва ошкор сохтани ҳолатҳои коррупсионӣ, ҳамчунин  ҷилавгирии зуҳури чунин ҳодисаҳо дар меҳвари фаъолияти зерсохторҳои агентӣ қарор гирифтааст. Дар ин замина, ба роҳ мондани корҳои пешгирӣ, ҳушдорӣ аз оқибатҳои нанговари тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва даст задан ба фасодкорӣ авлавияти хос пайдо кардааст.
Мутаассифона, бо вуҷуди кор-ҳои тарғиботӣ - ташвиқотии зид-дикоррупсионӣ дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки масъулияти асосиву рисолати касбии худро дар мақомҳои гуногун канор гузошта, даст ба амалҳои коррупсионӣ мезананд. Чунончи, ҳайати шахсии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти агентӣ, мубориза бо ин падидаи номатлубро тақвият бахшида, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 112 ҷинояти коррупсиониро ошкор намуд. Аз ин шумора 36 ададаш  ҷинояти вазнин арзёбӣ мешавад. Дар умум, зарари ошкоргардида аз ҳисоби ҷиноятҳои содиршуда 1 795 768 сомониро ташкил дода, аз ин ҳисоб 1 223 125 сомонӣ ё худ 68,2 дарсадаш барқарор гардидааст.
Ҷойи нигаронист, ки дар феҳристи амалҳои коррупсионӣ номи онҳое низ сабт мегардад, ки худ корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд ва ё ягон мансабдори давлатианд. Дар ҳоле ки ҷомеаи тоҷик дар роҳи расидан ба адолати судиву иҷтимоӣ қадамҳои устувор мегузорад, бархе аз кормандони мақомоти судии кишвар бо даст доштан ба амалҳои зишти ришваситонӣ ба нуфузи ин ниҳоди мустақил иснод меоваранд. Ҳарчанд Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия борҳо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти судиро бо ҷурми порагирӣ боздошт ва равонаи зиндон кардааст, ҳамоно бархе аз амалҳои коррупсионӣ даст намебардоранд. Дар ин робита, метавон кирдори судяи суди шаҳри Душанбе Холиқзода Халил Ҷумъабойро мисол овард, ки дар пайи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати АНДМ дар шаҳри Душанбе ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 1000 доллари амрикоӣ боздошт гардид. Вобаста ба ин масъала, ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ шаҳрванд Давлатшин Элдар Маратович бо ариза ба раёсати агентӣ дар шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, зикр намудааст, ки Холиқзода Халил Ҷумъабой барои ба манфиати падари ӯ Давлатшин Марат ҳал намудани баҳси манзили истиқоматӣ, ки парвандаи он дар истеҳсолоти ин судя қарор дорад, 2000 доллари амрикоӣ талаб намудааст. Судя аз ин миқдор маблағ, қаблан 1000 долларро ба сифати пора гирифта, зимни гирифтани 1000 доллари дигар дастгир  ва нисбат ба ӯ бо дастрасии моддаи 319, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба Суди Олӣ ирсол шудааст.
Маълум аст, ки назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ҷамъоварии андоз низ яке аз самтҳои асосии фаъолияти кормандони агентӣ ба шумор рафта, дар натиҷаи тафтишу санҷишҳо истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои зиёди буҷетӣ, саркашӣ аз пардохти андоз ошкор ва барқарор карда мешаванд. Вобаста ба ин масъала, аз ҷониби кормандони Раёсати АНДМ дар шаҳри Душанбе чораҳои зарурӣ андешида, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 8 748 804 сомонӣ саркашӣ аз пардохти андоз ошкор шуда, 67,7 дарсадаш барқаррор гардид. Аз ҷумла, 2 ҳолати мансуб ба моддаи 292 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (саркашӣ аз пардохти андоз аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ) ва 4 ҳолат бо моддаи 319 Кодекси ҷиноятӣ (гирифтани пора)  ошкор карда шуд. Дар ин росто, кормандони раёсат муайян карданд, ки директори Корхонаи воҳиди давлатии Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе Ҳафизов М. Қ. ва дигарон дар давраи аз 1 ноябри соли 2013 то 1 ноябри соли 2015 бо роҳи ба эъломияҳои андоз ворид намудани маълумотҳои таҳрифшуда аз супурдани андоз ба маблағи 587 361 сомонӣ саркашӣ намудааст. Директори ҶДММ «Кимиё - Реактив» Ғафуров Убайдулло Шукурович бошад, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ моҳи майи соли 2014 зимни иҷрои корҳои безараргардонии дарахтони сояафкан ва буттагин дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маблағи 61 141 сомониро тасарруф намуда, ба давлат зарари калони моддӣ расондааст. Дар натиҷа нисбат ба ин амалҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ҳамчунин, кормандони раёсат дар 65 муассиса, корхонаю ташкилоти шаҳри Душанбе тафтишу санҷишҳои молиявиро ба роҳ монданд, ки танҳо дар объектҳои тафтишашон анҷомшуда ба маблағи умумии  10 802 800 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст. Дар рафти тафтишу санҷишҳо аз маблағи умумии зарари ошкоршуда 9 027 000 сомонӣ ё худ 83,6 дарсад рӯёнда шуда, маблағи ба буҷет воридкардашуда 5 921 900 сомонӣ ва маблағи ба корхонаҳо барқароршуда 3 105 100  сомониро ташкил медиҳад.
Омори ошкорсозии амалҳои кор-рупсионӣ дар шаҳри Душанбе нишон медиҳад, ки дар шаш моҳ аз ҳама бештар ҷиноятҳои  коррупсионӣ аз ҷониби шаҳрвандон (32 адад) ва ширкатҳои хусусӣ (26 адад) сабт шудаанд. Бар асоси маълумоте, ки дастраси мо гардид, дар ин феҳрист мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, зерсохторҳои вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, энергетика ва захираҳои об, бонкҳо низ бо шумораи бештари ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷой доранд. Гузашта аз ин, дар ин давра дар 57 ҳолат ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 46 400 сомонӣ ошкор ва бо рамзи махсус ба буҷети давлат ворид шудааст. 
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2016    №: 137    Мутолиа карданд: 755
12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед