logo

ҳуқуқ

ПОЛИС БА ҶОИ МИЛИТСИЯ

Ҳадаф аз татбиқи ислоҳоти милитсия, ин  ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ  ба ин  ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад.      
Эмомалӣ РАҲМОН

Дар Тоҷикистон бо мақсади ҳимояи боэътимоди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ва тақвияти раванди демократисозии ҷомеа марҳалаи сеюми ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ амалӣ шуда истодааст. Дар ин ҷараён, ислоҳот ва рушди милитсия қисмати муҳим ба шумор меравад.

Ба гуфтаи ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Алӣ Бобоназарзода, ислоҳот бояд дар шуури ҷомеа симои  иҷтимоии куллан нави корманди милитсияе, ки орӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва ҳадафаш мусоидат намудан ба шаҳрвандон аст, ташаккул диҳад. Бо мақсади гузарондани ислоҳот дар фаъолияти милитсия, байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки он 8 феврали соли 2012, №682 бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Барои муайянсозии ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо ҷиҳати ислоҳот ва рушди милитсия, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1438, аз 19 марти соли 2013 «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020», тасдиқ гардид. Дар иртибот бо он, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори №296, аз 3 майи соли 2014, барномаи фарогири ислоҳоти милитсия ва нақшаи татбиқи онро барои солҳои 2014 -  2020 тасдиқ намуд.
Баланд бардоштани донишу маҳорати касбии ҳайати шахсӣ бо роҳи ҷорӣ намудани системаҳои пешрафтаи таълим (тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кормандон), тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо аҳолӣ ва беҳтар намудани ақидаву бовари шаҳрвандон ба фаъолияти он, ба дигар идораҳо вогузор сохтани вазифаҳои ба милитсия хоснабуда, коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ вобаста ба ҷойҳои корӣ ва мансабҳо, кам кардани тарси ҷабр дидан аз ҷиноят, ба вуҷуд овардани муҳити иҷтимоии бехатар,  ҷорӣ  намудани  системаи ягонаи бақайдгирии электронии ҷиноятҳо ва дигар қонуншиканиҳо, таҷдиди сохтори ташкилию идоракунии милитсия ва иваз шудани номи ин сохтор аз “милитсия” ба “полис” аз ҳадафҳои муҳимтарини ин ислоҳот аст.
Мафҳумҳои“политсия ва полис”аз калимаи фаронсавии полис, юнонии политсия гирифта шуда, маънои давлат, шаҳрро ифода мекунад.Зери ин мафҳум системаи хизмати давлатӣ ва мақомоти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ки дорои ваколатҳои васеи хизматӣ, аз ҳама муҳим пешгирӣ, ошкор намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо фаҳмида мешавад. Ба политсия дигар вазифаҳо, аз ҷумла ҳифзи объектҳои гуногун, танзими ҳаркати роҳ, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, амалӣ намудани назорати маъмурӣ ва назоратбарӣ дар доираи фаъолиятҳои гуногун, иҷрои қарорҳои дигар мақомоти давлатӣ вогузор шудааст.Полис истифодаи тарзу усулҳои маҷбурсозӣ, мутаъқидгардонӣ ва дигар шеваҳои иҷрои санадҳои ҳуқуқиро истисно намекунад.
- Барои расидан ба ин ҳадафҳо, омода намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия», ки қабули он боиси ба вуҷуд омадани тағйирот дар номи милитсия, муайянсозии функсия ва вазифаҳои асосии он ва тағйирёбии сиёсати кадрӣ мешавад, ба нақша гирифта шудааст. Бо ин мақсад, 5 майи соли 2015 бо фармоиши вазири корҳои дохилӣ дар назди вазорат ва раёсатҳои минтақавии он дар ВМКБ, Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, қисми минтақавӣ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, минтақа ва ноҳияи Рашт, шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳот, таъсис дода шудаанд. Шӯроҳои ҷамъятӣ мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шудаанд, - тазаккур дод Алӣ Бобоназарзода.
Дар асоси Стратегияи ислоҳот, милитсия бояд ба хадамоти хизматрасонии шабонарӯзӣ, ба доираи васеи хизматрасониҳои иҷтимоӣ мубаддал гардад. Аз ҷониби милитсия пешниҳод намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ ва психологӣ, ҷустуҷӯи одамони гумшуда, мадад ба ронандагоне, ки дар роҳ дар вазъияти душвор мондаанд ва ҳатто наҷот додани ҳайвонотро пешбинӣ менамояд. Ҷиҳати иҷрои ин вазифаи муҳим аллакай аз 2 майи соли ҷорӣ дар ВКД телефони доимоамалкунандаи “Мадад-1919” ба фаъолият шурӯъ намудааст, ки шаҳрвандон метавонанд аз дилхоҳ телефон бе пардохт муроҷиат намоянд, арзу шикоят ё дархости худро расонанд ва ёрии хадамоти дахлдорро бигиранд.
Ҷузъи муҳими ин ислоҳот ба мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод намудани имконияти фаъолонаи иштирок дар баррасии масъалаҳои ба амнияти онҳо ва тартиботи ҳуқуқӣ дахлдошта мебошад. Зеро дар сурати дар алоҳидагӣ амал намудан, милитсия ба ҳаллу фасли пурраи ҳамаи мушкилоти ба амнияти аҳолӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ монеъшаванда қодир нест ва он ба робитаҳои корӣ бо аҳолӣ бештар манфиатовар аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки ҷомеа ба як қисми хизмати милитсия табдил меёбад, балки сухан дар бораи ташкил намудани заминаи ҳамкорие меравад, ки ба саҳмгузор шудани аҳолӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар нуқтаи аҳолинишин оварда мерасонад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2016    №: 141    Мутолиа карданд: 637

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед