logo

ҳуқуқ

ТЕРРОРИЗМ. НИГОҲЕ БА ЧЕҲРАИ МАНФУРИ ОН

Терроризм, мавқеи сиёсӣ ва иҷтимоии он печ дар печ буда, ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ, инчунин ҷаҳонбинии шахс пайвандӣ дорад. Таассуб дар тафаккур ва андеша метавонад хушунатзо бошад. Терроризми мазҳабӣ асоси терроризмӣ бунёдгарост. Бунёдгаро бошад, аҳли гуфтугӯ нест. Онҳое, ки дониши казоии динӣ надоранд, фавқулода хатарнок ҳастанд.

Тайи чанд соли охир террористон аз расонаҳои хабарӣ ба таври васеъ истифода мекунанд. ВАО дар навбати худ тарс ва ваҳшатро дар зеҳни одамон ҷо менамояд ва ба террористҳо дар таблиғи мақсадҳояшон ёрӣ мерасонад. Мутаассифона, имрӯз терроризм дар асоси паймони  мазҳабӣ ва бо пайванд ба ақоиди динӣ амал менамояд. Бино ба таҳлили дақиқ ва ҳамаҷониба, соли 1995 нисфи террористони байналмилалиро афроди мазҳабӣ ташкил медоданд. Таҷрибаи мубориза бо терроризм нишон додааст, ки хатарноктарини он терроризми мазҳабӣ маҳсуб меёбад.
Хусусияти дигари терроризм дар он зуҳур меёбад, ки фақат ба масъалаи «уммат»-и исломӣ аҳамият медиҳад. Ин гурӯҳҳо барои эҳё ва таҷдиди хилофати исломӣ ва ҷорӣ сохтани шариати исломӣ ҷиҳод менамоянд. Хушунат, куштани мардумони бегуноҳ, даҳшатафканӣ, такони равонӣ, ангезаҳои сиёсӣ, мазҳабӣ, шахсӣ, иқдомоти ғайриқонунӣ, баъди амали террористӣ содир кардани эъломия ва ба уҳда гирифтани масъулияти амали террористӣ, кӯшиши самтбахшии афкори омма ҷанбаҳои асосии терроризм мебошанд. Ҷойе, ки беадолатӣ ва нобаробарии  иҷтимоӣ мавҷуд аст, он ҷо терроризм реша медавонад. Одатан террористҳо афроди тундрав ва бераҳм ҳастанд. Эътиқод ва афкори ифротӣ, мазҳабӣ ва қавмӣ доранд. Узвият дар созмонҳои  террористӣ осон нест, ҳамин тариқ баромадан аз ин гурӯҳҳо низ хеле хатарнок аст.
Коршиносон терроризмро дар баробари терроризми давлатӣ, фаромиллӣ, маҳаллӣ ва фардӣ буданаш, инчунин ба терроризми сиёсӣ, мазҳабӣ, миллатгаро, ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм ва терроризми ҳастаӣ ҷудо менамоянд. Масалан, наркотерроризм аз зиддиятҳо ва рақобатҳои шадиди миёни қочоқбарони маводи мухаддир сарчашма мегирад. Дар вақти киштукор, ҷамъоварӣ, захира, интиқол ва фурӯши он зиддиятҳо тезутунд мешаванд. Истилоҳи наркотерроризм  нахустин маротиба соли 1983 аз ҷониби Президенти Перу Фернандо Белаунде Терри истифода шудааст. Бераҳмтарин навъи терроризм терроризми мазҳабист. Террористони мазҳабӣ  дар динҳои ислом, масеҳият, яҳудият, ҳиндуизм ва буддизм ба ҷараёнҳои ифротӣ мансубанд. Кибертерроризм фазои иттилоотиро халалдор намуда, бо дохил шудан ба сайтҳои интернетӣ таблиғи мақсадҳои ифротии худро васеъ ба роҳ мемонад. Терроризми ҳастаӣ бошад, кӯшиши ба даст овардан ва истифода намудани силоҳи қатли омро дорад.  Ба гунаи мисол, кормандони гумруки Канада  солҳои 1993 ва 1995 ду нафарро, ки бо худ заҳри Ресану Бутулин доштанд, дастгир карданд. Ин маводи тарканда метавонист миллионҳо нафарро қурбон кунад. Баъзе гурӯҳҳои террористӣ силоҳҳои радиологӣ, биологӣ ва кимиёвиро мавриди истифода қарор медиҳанд, ки амнияти миллӣ ва байналмилалиро зери хатар мегузорад.
Эътиқоди динӣ ва мазҳабии мардум мушкили дигарест, ки мутаассифона, аз тарафи  созмонҳои террористӣ барои амалӣ сохтани нақшаҳои нопокашон истифода мешавад. Воқеияти зиндагӣ тақозо менамояд, ки одамон новобаста аз эътиқод ва мансубияти қавмию нажодиашон бояд бо ҳам муттаҳид шаванд. Танҳо муттаҳидию ҳамбастагӣ шарти асосии раҳоии инсоният аз хатарҳои иҷтимоӣ ва табиӣ мебошад.
 
Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.08.2016    №: 153    Мутолиа карданд: 1425
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед