logo

ҳуқуқ

АДВОКАТУРА БА ЯГОН СОХТОРИ ДАВЛАТӢ ТОБЕЪ НЕСТ

Адвокатура ниҳоди мустақил аст. Иштибоҳ аст, агар касе фикр кунад, ки Вазорати адлия нисбат ба адвокатура ҳуқуқи ба амал баровардани чораҳои маъмурӣ ё назоратиро дорад.

Ин посухи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод ба суоли хабарнигорон оид ба низоми адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ буд, ки зимни нишасти матбуотӣ ироа шуд. “Бисёр журналистон бо қонун балад нестанд ва фикр мекунанд, ки чун комиссияи тахассусӣ дар назди Вазорати адлия аст, вазорат чунин салоҳиятеро дар ихтиёр дорад”.
Манзури вазири адлия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” мебошад, ки моҳи марти соли 2015 қабул шудааст. Санади мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти адвокатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои адвокатҳо ва ташкили адвокатураро муқаррар мекунад, вале он дар бисёр маврид ба гунаи нодуруст тафсир мешавад. Аз ҷумла, иддаое дар миён аст, ки амали қонуни мазкур имкон медиҳад, ки Вазорати адлия фаъолияти адвокатҳоро зери назорати худ қарор бидиҳад. Рустами Шоҳмурод мегӯяд, ки давлату Ҳукумат бо қабули ин қонун танҳо талош кардааст, ки низоми ягонаи адвокатураро созмон диҳад. Дар меҳвари ин низом коллегия, Иттифоқи адвокатура ва роҳбарияти он қарор доранд.
Ба гуфтаи роҳбарияти вазорат, комиссияи тахассусие, ки бар асоси қонун дар назди Вазорати адлияи ҷумҳурӣ амал мекунад, ҳуқуқи масъалагузорӣ кардан дар бораи гирифтани статуси адвокатиро надорад. Ҳайати комиссия аз 9 нафар иборат буда, аз он 5 нафар адвокат мебошад. Дар ин робита, вазифаи вазорат аз ташкили имтиҳонҳои тахассусӣ ва фароҳам овардани шароит барои он, баҳисобгириву додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба адвокатҳо, сабти номи ташкилотҳои адвокатӣ иборат аст.
- Қаблан ниҳоди адвокатура пароканда буд. Дар мамлакат коллегияҳои авдокатие амал мекарданд, ки ба ягдигар муносибат надоштанд. Дар гузашта вазорат ба адвокатҳои ваколатдор, яъне соҳибкороне, ки дар ягон коллегия узвият надоштанд, иҷозатномаи фаъолият медод. Ин раванд ҳолатеро ба миён овард, ки гурӯҳҳои муайян худро адвокатҳои ҷамъиятӣ эълон карданд. Ба дунбол дар самти расондани ёрии ҳуқуқӣ мушкил эҷод шуд ва шикояти мардум аз кори онҳо бештар гардид, - мегӯяд вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Аз ин рӯ, қабули қонуни мавриди назар амри саривақтӣ ва низоми ҷоришуда ба манфиати кор дониста мешавад. 
Зимнан, Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” аризаи 639 нафар довталаб барои соҳиб шудан ба мақоми адвокатиро мавриди баррасӣ қарор додааст. Аз ин шумора 505 нафар мақоми адвокатиро соҳиб шуда, ба 123 довталаб бинобар насупурдани имтиҳони тестӣ додани мақоми адвокатӣ рад шудааст. 11 нафари дигар бинобар мувофиқ набудан ба талаботи моддаи 12 қонуни мазкур ба имтиҳони тахассусӣ роҳ наёфтанд. Тибқи муқаррароти банди аввали ҳамин моддаи қонун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дорад, забони давлатиро медонад, инчунин на кам аз ду сол собиқаи корӣ аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ дорад ё коромӯзиро дар ташкилоти адвокатӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи қонуни мазкур гузаштааст, метавонад соҳиби мақоми адвокат гардад.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.08.2016    №: 156    Мутолиа карданд: 1581

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед