logo

ҳуқуқ

ХУДКУШӢ: МУШКИЛОТИ ҲАЛТАЛАБ ҲАНӮЗ ЗИЁД АСТ

Худкушӣ падидаи зишту номатлубест ва он аз ноогоҳӣ ва надонистани муқаддасоти дини мубини Ислом, Қуръони азимушшаън ва ҳадисҳои Паёмбар (с) сурат мегирад. Чунки бузургтарин гуноҳ дар ислом қатли бегуноҳон аст. Чунончи, дар ояти 32 сураи Моида омадааст: “Ҳар кӣ нафсеро бидуни ҳаққи қасос ва ё бе он, ки фасод ва фитнае дар рӯи замин кунад, ба қатл расонад, мисли он бошад, ки ҳамаи мардумро кушта ва ҳар кӣ нафсеро ҳаёт бахшад (аз марг наҷот диҳад), мисли он аст, ки ҳамаи мардумро ҳаёт бахшида (ки як тан маншаи ҳаёти халқе тавонад шуд)“.
Бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, мутаассифона, дар роҳи пешгирӣ аз амалҳои худкушӣ ҳанӯз ҳам масъалаҳои ҳалталаб зиёданд.
Маҳмадсабур Бобоев, прокурори калони Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура, зимни суҳбат иброз дошт, ки вазъи бақайдгирии ҳолатҳои ба худкушӣ ва суиқасд ба он даст задани шаҳрвандон, сабабу омилҳои содиршавии онҳо ва роҳҳои пешгирии ин ҳодисаҳо дар шаш моҳи соли равон мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор гирифт. Таҳлил ва санҷишҳои гузарондашуда нишон доданд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомот баҳри пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба он корҳои зиёдеро ба сомон расонда, дар мадди аввал бақайдгирии дақиқ ва санҷиши ҳаматарафаи чунин ҳолатҳо ба роҳ монда шудааст.
Новобаста аз чораҳои андешидашуда, дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 322 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 246 нафар вафот ва 76 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар ин давра 153 мард ва 169  зан даст ба худкушӣ ва суиқасд ба он задаанд, ки аз ин шумора 64  нафарро ноболиғон ташкил медиҳанд.  
Санҷиши ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба он нишон дод, ки дар аксарияти ҳолатҳо сабабу шароитҳои мусоидаткунанда хусусияти якхела дошта, бештар ба муносибатҳои оилавӣ байни волидону фарзандон, муноқишаҳои ночизи оилавӣ байни зану шавҳар, набудани ҳамдигарфаҳмӣ дар байни аҳли оила, рашк, ба меҳнати муфиди ҷамъиятӣ машғул набудан, гирифтори бемории рӯҳӣ ва дигар бемориҳои вазнин, танҳоӣ, ҳолати депрессивӣ, бо баҳонаи ночиз асабонӣ ва ғамгин шудан, майзадагӣ, инчунин паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон алоқаманд мебошанд.
Ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки бо сабабҳои ночиз шаҳрвандон даст ба худкушӣ мезананд. Чунончи, сокини шаҳри Хоруғ М. Маҳмаднабиева аз санҷишҳои тестӣ барои дохил шудан ба факултаи забон ва адабиёти яке аз мактабҳои олии Федератсияи Русия натиҷаи дилхоҳ нагирифта, бо он ваҷҳ, ки ба унвони донишҷӯ соҳиб нашудааст, худро ба дарёи Ғунд партофта, даст ба худкушӣ задааст. Мисоли дигар. Сокини шаҳри Норак ноболиғ М. янгааш З. Маҳмуродоваро  бо ҳар баҳона пайваста дашному ҳақорат мекардааст. Ӯ   бо чунин тарзи муносибат тоқат накарда, 5 феврали соли равон чор фарзанди хурдсолашро гирифта, ба болои кӯпруки дарёи Вахш, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Пули Сангин, деҳаи Кибил, шаҳри Норак рафта, аввал кӯдакон ва баъдан худашро ба дарё партофтааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса З. Маҳмуродова ва фарзандонаш ба ҳалокат расидаанд. Аз рӯи ин ҳолат 18 марти соли ҷорӣ аз тарафи прокуратураи шаҳри Норак нисбат ба ноболиғ М.С. Холова бо моддаи 109 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш гузаронда шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардид.
Дар давраи шаш моҳи сипаришуда аз 322 нафар шахси ба худкушӣ ва суиқасд ба он дастзада, 169 ё худ 52,4 дарсадашро занон ташкил медиҳанд. Фаъолияти бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба пешгирӣ намудани чунин ҳодисаҳои номатлуб назаррас нест. Чорабиниҳои банақшагирифта самарабахш гузаронда нашуда, хусусияти расмиятчигӣ доранд. Ҳатто робита байни кумита ва шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо  оид ба ин масъала умуман ҷой  надорад. Аз 322 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба он дар 252 ҳолат шаҳрвандон бо роҳи худовезӣ даст ба худкушӣ задаанд. Аммо зимни санҷиши онҳо аз воситаҳои техникаи криминалистӣ (ба истиснои воситаҳои аксбардорӣ) истифода набурда, банд ва дигар предметҳое, ки тавассути онҳо ҷабрдидагон худро овехтаанд, мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис-тон бо мақсади пешгирӣ кардани паҳншавии бештари ин зуҳуроти иҷтимоӣ, 1 июли соли 2004, таҳти № 304-8 қарор «Дар бораи тадбирҳои пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ»-ро қабул ва дар асоси он чорабиниҳои муайянеро амалӣ намудааст. Тибқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, ки барои иҷрои қарори номбурда таҳия гардидааст, шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои маориф ва илм, адлия, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио ва раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати амалӣ намудани ин чорабиниҳо тадбирҳо андешанд. 
Мувофиқи банди 6-и нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, бахш оид ба корҳои дини назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки вохӯриҳои имомхатибонро бо аҳолӣ ташкил карда, аз нигоҳи ислом хато ва гуноҳ будани худкуширо тарғибу ташвиқ намоянд. Ҳамчунин, бахши мазкур вазифадор шудааст, ки дар воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои инкори худкушӣ гузоришҳо таҳия намояд. Имомхатибони аксари масҷидҳои ҷомеу панҷвақта ва дигар ходимони дин аз пешгирии ин зуҳурот худро дар канор гирифтаанд, ки боиси нигаронист.
Мунаввари САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.08.2016    №: 158    Мутолиа карданд: 2134

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед