logo

ҳуқуқ

САНҶИШҲОИ МОЛИЯВӢ

АЗ ҶИНОЯТҲОИ КОРРУПСИОНӢ ТО ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТӢ
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон  221,2  миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Ин нишондиҳанда аз он шаҳодат медиҳад, ки дар баробари ҳамасола афзоиш ёфтани ҳаҷми буҷети давлатӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидории давлатӣ назорати дохилиидоравиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намонда, сарфи назар аз натиҷаи тафтишу санҷишҳои қаблӣ ба хароҷотҳои ғайриқонунӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, рӯйпӯшнамоии андозу пардохтҳо ва дигар зуҳуроти коррупсионӣ роҳ медиҳанд.
Хайрзода Давлатбек Зайниддин, муовини директори  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр кард, ки дар ҷараёни тафтишу санҷишҳои молиявӣ 125,5  миллион сомонӣ зарари ба давлат расондашуда барқарор гардид.  Дар натиҷаи чораҷӯии мутахассисони агентӣ аз ҳисоби маблағи бақияпулиҳои андоз 2,8  миллион сомонӣ, кам кардани маблағгузории сметаҳои хароҷотӣ 1,4 миллион, қарзҳои беасоси кредиторӣ 0,8  миллион, қарзҳои дебиторӣ ва зерҳисобии барқароргардида 7,1  миллион, маблағи аз ҳисоби дигар манбаъҳо барқароршуда 950,7 ҳазор сомонӣ ва зиёдомади молу мавод 1,9  миллион сомонӣ ба буҷет ва корхонаҳои давлатӣ барқарор гаштааст. Дар маҷмӯъ, маблағҳои барқароршуда 140,5  миллион сомониро ташкил медиҳанд, ки 91,7  миллион сомонии он ба буҷети давлат ворид шудааст.

ОШКОРСОЗИИ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ
Дар Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»
Камбудию норасоиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла камомад ва тасарруфи маблағу воситаҳои давлатӣ дар ҷараёни тафтиши фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва бахшҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ошкор шуданд. Натиҷаҳои ниҳоии тафтишу санҷишҳо нишон доданд, ки вазъи нигоҳдории воситаҳои пулӣ дар хазинаҳои бонк, ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳолатҳои қарздиҳӣ ба мизоҷон тавассути бахш ва оҷонсиҳо, дар сохторҳои тобеи «Амонатбонк» комилан аз доираи назорати роҳбарияти садорат берун мондааст.
Чорабинии назоратӣ ҳолатҳои тасарруфи маблағҳои хазина, талафи маблағҳои қарзӣ, дуздии маблағҳои ба амонат гузоштаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ошкор намуд. Дар натиҷаи баҳисобгирии маблағҳои нақдӣ ва барӯйхатгирии молу ашёи арзишнок дар филиалҳои «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зарари молиявӣ ба маблағи 31 миллиону 395 ҳазор сомонӣ муайян карда шуд, ки он аз ҳисоби камомади воситаҳои пулию молӣ, тасарруфи маблағҳои қарзӣ ва дигар хароҷоти ғайриқонунӣ ба амал омадааст.
Нисбат ба  шахсони масъул, ки ба ҷиноят ва тасарруфи маблағҳои буҷетӣ даст задаанд, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, ҷиҳати барқарор намудани зарари молиявии расондашуда, тибқи талаботи қонун чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об
Тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии 15 зерсохтори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари молиявиро ба маблағи 46,9 миллион сомонӣ ошкор намуд, ки қисми асосии ин маблағҳо ба зерсохторҳои ШСХК «Барқи тоҷик» рост меояд.

Дар Вазорати маориф ва илм
Дар ин давра фаъолияти молиявию хоҷагии 13 зерсохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тафтиш қарор гирифта, зарари молиявӣ ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ ошкор гардид. Аз он камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 42,6 ҳазор сомонӣ, маблағи рӯйпӯшгардидаи андозҳо 1,3 миллион, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 176,3 ҳазор, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 151,4  ҳазор ва дигар хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 112,8 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз он 1,6 миллион сомонӣ барқарор гашт.

Дар  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии 31 зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зарари молиявиро ба маблағи  1,4 миллион сомонӣ ошкор сохт. Аз ин ҳисоб 1,1 миллион сомониаш барқарор шуд.

Дар Вазорати мудофиа
Дар ҷараёни тафтиши молиявӣ дар Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа зарари молиявӣ аз ҳисоби изофанависӣ дар корҳои сохтмонӣ ва талафи пулию молӣ аз бесарусомонӣ ба маблағи 1,9 миллион сомонӣ муайян гардид. Ҳамчунин, зимни тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии қисми ҳарбии Н-и вазорат камомади маблағҳои нақдӣ дар ҳаҷми 560,2 ҳазор сомонӣ ошкор гашт.

Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.08.2016    №: 159-160    Мутолиа карданд: 2318
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед