logo

маориф

МАҲОРАТИ КАСБӢ. БАЛАНД БАРДОШТАНИ ОН ЗАМИНАИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ АСТ

Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо мақсади тақвияти корҳои бозомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии донишҷӯёну омӯзгорон бо 86 муассисаи илмии дохиливу хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расондааст.

Дар ҳамин асос ҳамасола дар  маркази мазкур барои омӯзгорон, устодон ва мутахассисони соҳаҳои  мухталифи муҷтамеи агросаноатӣ бо ҷалби мутахассисони варзида курсҳои такмили ихтисос ба роҳ монда мешаванд. Зеро таҷриба нишон медиҳад, ки рушди соҳаи кишоварзӣ аз сифати таълим, баланд бардоштани донишу таҷриба, омода намудани технологҳо, муҳандисон, бунёди муассисаҳои саноати нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳамеша зарурияти такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандони соҳаҳои гуногун вуҷуд дорад.
Гузашта аз ин, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши муҳим мебозад. Корхонаю муассисаҳоро бояд мутахассисони сатҳи баланди касбӣ идора кунанд. Аз ин рӯ, мавҷудияти мактаби касбӣ, дар мисоли Маркази такмили ихтисоси ДАТ, ки дар бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳа нақши муассир дорад, танҳо ба манфиати кор аст.
Ин марказ дар асоси шартномаи дуҷониба бо муассисаҳои мухталифи кишвар, аз ҷумла Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, хоҷагиҳои пешрафтаи  кишоварзии ҷумҳурӣ ба монанди хоҷагии кооперативӣ – истеҳсолии (ХКИ) ба номи Латиф Муродов, ХКИ «Ватан», ҶДММ «Баракат», ҶДММ «Стабрагро» - и ноҳияи Ҳисор, хоҷагии деҳқонии (фермерӣ)  «Ватан - 2008» - и ноҳияи Турсунзода, Гармхонаи «Хайриён» - и ноҳияи Ваҳдат,  Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва дигар сохторҳои муҷтамеи агросаноатӣ ҳамкорӣ дорад.
Дар соли ҷорӣ бо ташаббус ва дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти донишгоҳ бо мақсади амалигардонии Барномаи  ҳукуматии  такмили ихтисоси кадрҳо дар вилояти Суғд (ш. Хуҷанд), вилояти Хатлон (ш. Қурғонтеппа) ва минтақаи Рашт (ш. Ғарм) филиалҳои марказ таъсис дода шуд, ки имрӯз фаъолияти худро доир ба бозомӯзии кормандони соҳаи агросаноатӣ ба роҳ мондааст.
Маркази такмили ихтисоси кадрҳои назди донишгоҳ бо мақсади амалӣ намудани Барномаи ҳукуматии такмили ихтисоси кадрҳои соҳавӣ ва қарорҳои мушовараи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияташ  18762  нафар мутахассисро аз курсҳои  бозомӯзӣ, такмили ихтисос, семинару дарсҳои сайёр гузарондааст. Шумораи умумии шунавандагон 26630 нафарро ташкил медиҳад, ки ин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбӣ бо мақсади омодасозии мутахассиси соҳа барои идоракунии истеҳсолоти кишоварзии кишвар саҳми босазо мегузорад.

Саидалӣ ГУЛОВ,
директори Маркази такмили ихтисоси кадрҳои комплекси агросаноатии назди
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, доктори илми биологӣ, профессор

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.08.2016    №: 159-160    Мутолиа карданд: 4390

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед