logo

номаҳо

МАКТАБ Ё МУАССИСА?

Солҳои  охир ба ҷойи вожаи «мактаб» вожаи «муассиса» корбаст шуда истодааст. Агар аз рӯйи мантиқ нигарем, муассиса мактаб буда наметавонад. Ҳама ҷонибдори он мебошанд, ки муассиса ҳеҷ гоҳ ҷойи вожаи мактабро намегирад.
Мактаб вожаи арабӣ буда, маънояш таълимгоҳест, ки дар он ҷо менависанд ва бо калимоти  мактаб, мактуб, мукотиба ҳамреша мебошад, ки решааш дар асл катаба - навиштан аст. Мактаб (тоҷикиаш: дабистон, муассисаи омӯзиши ибтидоӣ, ҷое, ки дар он ҷо кӯдакон дарс мехонанд, дабиристон - муассисаи омӯзишӣ, ки дар он фориғуттаҳсилоти давраи раҳнамоӣ дарс мехонанд. (Фарҳанги форсӣ). Калимаи  муассиса дурустараш муассаса ва шакли ҷамъаш муассасот -  идора, муассиса, институт, ташкилот аз калимаи ассаса – асос гузоштан, таъсис кардан гирифта шуда, муассис – таъсисдиҳанда мебошад. Мактаб муассисаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҳамчуноне ки беморхона – муассисаи Вазорати тандурустӣ аст.
Ҳар рӯз шоҳиди чунин гуфтугӯйҳо ҳастем: «ба мактаб меравам», «аз мактаб омадам», «мактаб мехонам». Ҳеҷ вақт «ба муассиса меравам», «аз муассиса омадам», «муассиса мехонам» намегӯем ва нахоҳем гуфт. Аммо таркибҳои муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои мактабӣ, муассисаҳои таълимӣ зебову шинам сохта шудаанд, ки кӯдакистонҳо (боғчаҳо), мактабҳои миёна ва олӣ дар назар дошта мешаванд.
Дар ҳамаи фарҳангҳо, аз ҷумла дар фарҳанги забони тоҷикӣ вожаи мактаб ҷойи омӯзиши бачагон шарҳ ёфтааст.
Ёдрас мешавем, ки устод С. Айнӣ дар асари хеш «Таҳзиб-ул-сибён» (тарбияи атфол) дар васфи мактаб маснавие навишта буданд, ки имрӯз ҳам вирди забонҳост:
Мактаб ба ту ёд медиҳад илму адаб,
Мактаб зи ту мебарад ғаму ранҷу тааб.
Як нуктаи мухтасар зи мактаб гӯям,
Одам нашавад магар касе аз мактаб…

Хушбахтона, муҳри макотиб бо ҳарфи «М» (муассиса, мактаб) оғоз мешавад, агар дигар ҳарф мебуд, хароҷоти барзиёд бори дӯши макотиб мешуд. Дар ҳамин ҳолат ҳам маблағҳои барзиёд масраф шуд.
Хайрият, ки дар ҳамаи даромадгоҳи мактаб бо ҳарфҳои калон «Салом, мактаб» овеза кардаем, агар «Салом муассиса» нависем, он гоҳ боиси ханда ва тамасхури дигар ҳамзабонҳо хоҳем шуд.
Файзулло БОҚИЕВ,
омӯзгори МТМУ № 5,-и деҳаи Дарғ, ноҳияи Айнӣ,
Аълочии маорифи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.08.2016    №: 161    Мутолиа карданд: 10383

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед