logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли  2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9 - 10, мод. 543; с. 2010, № 1, мод. 2, мод. 5, № 3, мод. 153, № 7, мод. 547, № 12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, № 6, мод. 430, мод. 431, № 7 - 8, мод. 610, № 12, мод. 838; с. 2012, № 4, мод. 256, № 7, мод. 685, мод. 693, № 8, мод. 814, № 12, қ. 1,   мод. 1004; с. 2013, № 3, мод. 181, № 7, мод. 508; с. 2014, № 3, мод. 143, мод. 144, № 7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, № 7 - 9, мод. 707, мод. 708, № 11, мод. 955, № 12, қ. 1, мод. 1108; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2016, № 1277; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2016, № 1278; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2016, № 1279), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Диспозитсияи моддаи 87 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Барои ғайриқонунӣ рад намудани баррасии муроҷиатҳо, бидуни сабабҳои узрнок риоя накардани тартибу муҳлати баррасии онҳо, қабул кардани қарори беасос, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидааст, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят,-».
2. Дар ном ва диспозитсияи моддаи 92 калимаҳои «ноболиғоне» ва «ноболиғон» мувофиқан ба калимаҳои «кӯдаконе» ва  «кӯдакон» иваз карда шаванд.
3. Ном ва диспозитсияи моддаи  93 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 93. Кирдорҳои ғайриқонунӣ ҳангоми  фарзандхондӣ, таҳти васоят (парасторӣ) ё ба оилаи (мураббии) парастор супоридани кӯдак
Барои содир намудани кирдорҳои ғайриқонунӣ ҳангоми   фарзандхондӣ, таҳти васоят (парасторӣ) ё ба оилаи (мураббии) парастор супоридани кӯдак,-».
4. Дар ном ва диспозитсияи моддаи 531 калимаи «хусусии» ба калимаҳои «хусусӣ  ва пешниҳоди» иваз карда шуда, пас аз калимаҳои «таъйинот (қарор)-и хусусӣ» калимаҳои «ва пешниҳод» илова карда шаванд.
5. Ба номи моддаи 536 пас аз калимаи «Рекламаи» калимаи «ошкоро» илова карда шавад.
6. Дар диспозитсияи қисми 1 моддаи 540 калимаи «истифодаи» ба калимаҳои «реклама истифода кардани» иваз карда шавад.
   Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 июли соли 2016, № 1335

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ
НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 13 майи соли 2016, № 445


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ  намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2016, № 261
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2016    №: 146-149    Мутолиа карданд: 4155

22.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 интихоб шуд

ММД Тоҷикистон 7,4 дарсад боло рафт

Путин бо шоҳзодаи саудӣ ҳамла ба иншооти нафтиро баррасӣ намуд

Сӯхтор дар Малайзия боиси бастани яку ним ҳазор мактаб гашт

Дар Ӯзбекистон сабти телефонҳои мобилӣ пулакӣ мешавад

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед