logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ЗАМИНСОЗӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 «Дар бораи заминсозӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 2, мод. 21) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар муқаддимаи Қонун калимаҳои «мақомоти худидоракунии  маҳаллӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ» ба калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 1:
- аз сархати сеюм калимаҳои «ҳама гуна кор ва ҳамчунин» хориҷ карда шаванд;
- сархатҳои бисту якум ва бисту дуюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- барӯйхатгирии заминҳо – маҷмӯи чорабиниҳои заминсозӣ, ки барои ошкор ва муайян кардани маълумот дар бораи қитъаҳои замин бо мақсади баҳисобгирии давлатии заминҳо ва пешбурди кадастри давлатии замин гузаронида мешаванд;
- экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ – фаъолияте, ки ба воситаи таҳқиқ, санҷиш ва арзёбии ҳуҷҷатҳои экспертизашаванда бо мақсади муайян намудани мутобиқати онҳо ба талаботи қонунгузорӣ, стандартҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои муқарраршуда, инчунин таҳияи хулоса оид ба ин ҳуҷҷатҳо амалӣ карда мешавад.».
4. Дар моддаи 3:
- сархатҳои ҳафтум ва ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«-ташкили фондҳои махсуси замин ва захираи заминҳои ноҳия (шаҳр);
- омода намудани парвандаҳои заминсозӣ дар асоси дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;»;
5. Дар моддаи 5:
- сархати даҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- гирифтан, додан ва вобастакунии қитъаҳои замин;»;
- қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Заминсозӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақомоти маҳаллии он, инчунин ташкилотҳои соҳавии он ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқарраргардида гузаронида мешавад.».
6. Дар сархати ёздаҳуми моддаи 1, сархати якуми моддаи 6, қисмҳои дуюм ва ҳафтуми моддаи 7, қисмҳои якум, дуюм ва сеюми моддаи 8, қисмҳои якум, сеюм ва чоруми моддаи 9, сархати якуми моддаи 10, сархати якуми қисми якуми моддаи 11, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 13, қисми дуюми моддаи 14, қисми сеюми моддаи 16, қисми якуми моддаи 19, қисми ҳаштуми моддаи 26, қисмҳои дувоздаҳум ва сездаҳуми моддаи 27, қисми якуми моддаи 31, қисми дуюми моддаи 32, қисми сеюми моддаи 33 ва қисми дуюми моддаи 34 калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ» ва «Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ» мувофиқан ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин» ва «Мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 7:
- аз қисми панҷум калимаи «идоракунии» хориҷ карда шавад;
- қисми ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Маълумот оид ба заминсозӣ, ки ба молу мулки ғайриманқул тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» пешниҳод карда мешавад.».
8. Дар қисми якуми моддаи 8 калимаи «Идоракунии» ба калимаҳои «Идоракунии давлатии» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 9:
- дар қисми якум калимаҳои «муносибатҳо ҳангоми гузаронидани» ба калимаи «муносибатҳои» иваз карда шуда, пас аз калимаҳои «маҳаллии он» калимаҳои «, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо тартиби муқарраргардида корҳои заминсозиро анҷом медиҳанд,» илова карда шаванд;
- қисми сеюм хориҷ карда шавад;
- дар қисми шашум калимаи «ташхиси» ба калимаи «экспертизаи» иваз карда шавад.
10. Дар қисми панҷуми моддаи 13 калимаи «ташхиси» ба калимаи «экспертизаи» иваз карда шавад.
11. Дар моддаи 19:
- аз қисми сеюм калимаҳои «пурра ё» хориҷ карда шаванд;
- аз қисми чорум калимаи «пурраи» хориҷ карда шавад.
12. Қисми сеюми моддаи 21 хориҷ карда шавад.
13. Дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 32 калимаҳои «мақомоти худидоракунии маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд.
14. Дар қисми сеюми моддаи 33 калимаи «се» ба калимаи «ду» иваз карда шавад.
15. Ба Қонун моддаи 331 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 331. Экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ
Экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ бо мақсади таъмини мутобиқати ҳуҷҷатҳо ба маълумоти ибтидоӣ, шартҳои техникӣ, инчунин талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Тартиби гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозиро мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои  вобаста ба замин муайян менамояд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН 
ш. Душанбе, 23 июли соли 2016, № 1343

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ
НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Ш.ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 13 майи соли 2016, № 429

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ
ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон          М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 15 июли соли 2016, № 269


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.07.2016    №: 146-149    Мутолиа карданд: 9598

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед