logo

илм

ҲАРФИ Ъ. ИСТИФОДАИ ОН ИМЛОРО КОМИЛТАР МЕКУНАД

Масъалаи забони миллӣ ва дар паҳлуи он мушкилоти имло яке аз мавзӯъҳои муҳими мавриди баҳси равшанфикрони кишвар дар замони бозсозӣ буд. Ва бо ҳамин ангеза дар назди Ҳукумати ҳамонвақта Комиссияи татбиқи Қонуни забон таъсис ёфт ва аъзои комиссия нахуст ба ислоҳи нуқсонҳои имло иқдом варзид, аммо гурӯҳи корӣ ба далели дастрасии нокифоят доштан ба печухамҳои имло ва ё бар асари шитобкорӣ аз уҳдаи ҳалли он набаромад.

Аммо дар даврони Истиқлол «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз нав мавриди омӯзиш қарор гирифт ва бисёр камбудҳои он ошкор гардид. Лекин на ба ҳамаи нуқсонҳо нуқта гузошта шуд. Аз ҳамин ҷиҳат, баҳс перомуни ин мавзӯъ хотима наёфт. Гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти Ҳукумати Тоҷикистон бо ҷалби ҳайати ҷавонтари коршиносон моҳҳои май – июни соли равон ба иртиботи баррасии қазия ду маҷлис доир кард ва ин бор мушкилоти имло мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт, аммо ба меъёри навишти ҳарфи  ъ   (ъе, аломати сакта – тарҷумаи таҳтуллафзии твердый знак - и русӣ) боз ҳам расидагӣ нашуд. Ба назари ман, сарфи назар кардан аз ҷойгоҳи он дар осори хаттии пешина ба ҳеҷ ваҷҳ дуруст нест, ҳатто мо ҳақ надорем, ки дар ин маврид қоидашиканӣ кунем.
Аҳли фаҳму савод медонад, ки ъ яке аз ҳарфҳои асосии алифбои арабии форсии тоҷикист. Албатта, талаффузи он дар забони мо монанди забони арабӣ сахт гулуиву дурушт нест, балки нармтар аст. Ба мақоми он дар имлои тоҷикӣ соли 1940 тасарруф кардаанд ва яқинан ба таъсири баҳсҳое, ба гунаи «Забони адабии куҳна бо «Қуръон» бисёр наздик аст ва барои ин он ҳамеша дар байни оммаи васеъ таъсири динро паҳн хоҳад кард…; кор наомадани забони адабии куҳна;… забони феодалӣ; забони деҳқонон ё забони мунавварфикрон…» («Правда Востока», 1928, 30 октябр, аз китоби «Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо». - Душанбе, 2007), ки солҳои бистум дар атрофи забони тоҷикӣ, қабл аз иваз кардани алифбову хат, ба вуқӯъ пайваста буданд. Аммо ин фурсат гуфтанием, ки эътирофи қоидаи имлои классикӣ ё ҷойгоҳи аломати сакта (ъ) дар осори катбии қадим ба тобеияти касе ба ин ё он равияи динию сиёсӣ иртибот надорад. Дар мақолае ин нуктаро зикр карда будем, ки агар соли 1940, вақти гузариш ба алифбо ва хатти русӣ устодоне, назири Садриддин Айнӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Холиқ Мирзозода, Абдулғанӣ Мирзоев, Лутфуллоҳ Бузургзода, Абдулғанӣ Эшонҷонов, Носирҷон Маъсумӣ ба масъала дастрасӣ медоштанд, имло бо чунин мураккабиҳо ба дасти мо намерасид. Аммо дар сари кор аксаран бегонагон, амсоли профессор Шилд, ки аз мақолааш иқтибос овардем ё аз худиҳо ашхоси камзарфияту камсалоҳият ҳузур доштанд ва барои кунд кардани зеҳни омӯзандагони хат ва кӯбидани ҳисси решашиносиву луғатдонии ҷавонони тоҷик ин гуна «иқдом» варзиданд ва аз ин «хидмати хирсона» (таъбири русӣ) ҳанӯз ҳам ранҷ мебарем.
Ва пешниҳоде, ки дар ин замина аз ҷониби мо ба арз мерасад, кашфиёт нест, муҳтавои он ба аҳли илму таълим мафҳум аст, аммо муҷиби таассуф хоҳад буд, ки дар ҳар мубоҳисаву муҷоласат донишмандон, ба шумули забоншиносон, аз шинохти мақоми воқеии ҳарфи ъ худро дур мегиранд ё, ба истилоҳи адабиётшиносон, таҷоҳули ориф мекунанд, яъне, бо вуҷуди донистан худро нодон ва надониста мегиранд.
Бояд хотиррасон намоем, ки ҳарфи ъ мувофиқи талаботи алифбои ниёгон се мавриди навишт дорад: аввал, байн ва охир, яъне, дар оғози калима (ъаломат), дар миёна (шоъир) ва дар анҷоми калима (манбаъ) меояд. Ин меъёр, ки хоси осори хаттии классикист, дар хатти форсии Эрон ва дарии Афғонистон риоят мешавад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар таълими дарси «Алифбои ниёгон» ва омӯзиши ҳарфи ъ низ ҳеҷ истисно вуҷуд надорад, яъне, дар мавқеи воқеии худ истифода мешавад. Соли 1940, ҳангоми иваз кардани алифбо ва хат, ба ҳар се мавриди корбурди он маҳдудият эҷод карданд: дар аввали калима навишта нашавад (чунончи, ъирфон не – ирфон, ъилм не – илм. Бигзор…!, зеро аксари мутахассисон, гумон мекунем, бар асари афкори сиёсии «мерос» - монда аз низоми шӯроӣ аз таъкиди корбурди ин ҷойгоҳи ъ, ба истилоҳи русӣ, аллергия мешаванд, яъне, ин вазъро ҳеҷ тасаввур наменамоянд); дар мобайн, ба ҷуз аз ду - се   вожа, монанди фаъол, таъин (таъйин), аъён (дар калимаҳое, чун табиъат, шуъур, воқеъа, матбуъот, маъориф, маъонӣ… не) наояд; дар анҷоми калима пас аз садонок (садодор!) омада бошад, дар вақти илова гардидани садоноке (аз ҷумла, ҳини ташкили ибора) навишта нашавад, яъне, ин тавр: шурӯъ –  шурӯи маҷлис, мавзӯъ –  мавзӯи муҳим, тулӯъ –  тулӯи хуршед, вуқӯъ –  вуқӯи ҳодиса ва ғайра. Аммо ин тавсияҳо ҳеҷ асоси илмӣ надоранд!
Фикр мекунем, дастандаркорон ғайритоҷик будаанд ва аз мавқеи забон ва имконияти талаффузии худ барои мо чунин «қоида» бофтаанд. Фарзан, хатти пешина бар ҷой мемонд, барои мо дар заминаи навишти ҳарфи мазкур мушкиле вуҷуд намедошт.
Хулоса, дастрасӣ ба осори хаттии қадим, китобу луғатномаҳои форсиву дарии имрӯз, бардоштҳо аз дарси «Алифбои ниёгон», ки дар мактабҳои мо роҳандозӣ шудааст, омилҳоеанд, ки воқеияти барқарории қоидаи саҳеҳи ҳарфи ъ - ро собит месозанд ва бо ба ҳисоб гирифтани он имло комилтар хоҳад шуд.

Сулаймон АНВАРӢ,
номзади илми филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2016    №: 168    Мутолиа карданд: 11588

22.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Кай Микканен

Баррасии татбиқи қонун «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф матраҳ гаштанд

Ҷаласаи XVI Кумитаи ҳамкории гумрукӣ

10 комбайни нав дар шолизор

21.09.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Хосе Гратсиано да Силва

Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ

Баррасии тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ

Дар Хуросон ҳосили хуб ба даст оварданд

Теъдоди қурбониёни заминларзаи Мексика ба 230 нафар расид

Дар Арабистони Саудӣ ба иди миллӣ бори нахуст занонро даъват намуданд

Насли нави рақамӣ иқтисоди Чинро дигар мекунад

20 миллиони фонди Ди Каприо ба ҳимояи муҳити зист

Дар дунё 40 миллион дар ғуломӣ қарор дорад

20.09.2017


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Петер Сиярто

Абдулхалил Бахтиёр: «Мардуми Афғонистон аз кумакҳои халқи тоҷик сипосгузоранд»

Таҷлили 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Япония

Дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

5 – УМИН БОЗИҲОИ ОСИЁ. 14 медал дар чаҳор рӯз

«Истиқлол» боз қаҳрамони мусобиқоти футболи кишвар

Истеҳсоли асал меафзояд

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Мексика заминларзаи мудҳиш боиси ҳалокати 139 нафар гашт

Гутерреш ҳафт хатари ҷиддӣ ба инсониятро ном бурд

ИМА дар Сурия бо Русия сабқат намекунад

Макрон: «Созишномаи Париж оид ба иқлим таҷдиди назар нахоҳад шуд»

Минагузории сарҳад бо Бангладеш

Чин ҳуқуқи моликияти зеҳнии ширкатҳои хориҷиро ҳифз мекунад

19.09.2017


Мулоқоти Сарвазир бо намояндагони ширкати «Grupo АСS»

Густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ

Аввалин воситаи таълимӣ оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории Форуми байналмилалии «Помир Инвест»

Як нишасти муҳим


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед