logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

22 августи соли равон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъқул дониста шуда, барои  баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ҳамчунин, лоиҳаи  Созишномаи  сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хенан Чжун-Я Гурӯҳи Холдингӣ”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли амиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” пешниҳод шуд.
Сипас, лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат оид ба номивазкунии баъзе маҳалҳои аҳолинишин”, “Дар бораи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019”, “Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои тайёрии варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои иловапулӣ дар соҳаи варзиш”, “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Тартиби пардохти нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд”, “Дар бораи Қоидаҳои гузарондани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда”, “Дар бораи таъсис додани Комиссияи давлатии қабул барои ба истифода супурдани қитъаи Шоҳон – Зиғари (марҳилаи 3) роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб” ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра лоиҳаи дигар қарорҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони тамоми сохтору идораҳои назди Ҳукумат  ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ барои иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии масъалаҳои дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишуда ва дигар масъалаҳои муҳиму мубрами  ҷомеа, аз ҷумла омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат, таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои соҳаҳои роҳу нақлиёт, саноат ва кишоварзӣ, гузарондани ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар саросари ҷумҳурӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, намоиши қолинҳои дастбоф, тарғиби васеи либосҳои миллии адрасу атлас ва фурӯши онҳо, омодагии тамоми муассисаҳои таълимии кишвар ба рӯзи дониш, равшаннамоии хиёбонҳо, кӯчаҳои марказӣ ва боғу гулгаштҳои шаҳру ноҳияҳо ва баланд бардоштани маданияти шаҳрвандӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2016    №: 169    Мутолиа карданд: 14484

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед