logo

маориф

ҲОИТ. КӮДАКОН АКНУН ДАР МАКТАБИ НАВ МЕХОНАНД

- Бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳияи Рашт зиёданд, вале сохтмони бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 91 дар Ҷамоати деҳоти Ҳоит бештар ба мардуми ин маҳали дурдаст хурсандӣ овард. Хуб мешуд як сари қадам аз рафти корҳои сохтмонии ин иншоот дидан мекардед, - гуфт ҳангоми суҳбати сарироҳӣ Мирзо Ҳомидов, сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт.

Маслиҳати ӯ моро водор намуд, ки ба деҳаи Ҳоити 2 раҳсипор гардем. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 91 гарчанде ки дар як деҳаи дурдаст мавқеъ дорад, яке аз беҳтарин муассисаҳои таълимии ноҳия маҳсуб мешавад. Тӯли солҳост, ки дар ин муассиса омӯзгорони соҳибихтисосу пуртаҷриба фаъолият менамоянд. Шогирдонаш ҳам аз лиҳози дониш ва ҳам одобу ахлоқ аз шогирдони дигар муассисаҳои таълимии ноҳия фарқ мекунанд. Дар озмунҳои фаннии мактаббачагон фаъолона иштирок намуда, мунтазам сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. 
Файзалӣ Мирзоев, директори муассисаи таълимӣ дар вақти суҳбат изҳор намуд, ки тӯли солҳои дароз омӯзгорону хонандагон аз ҷиҳати танг будани ҳавлии мактаб ва нарасидани синфхонаҳою дигар биноҳои ёрирасон танқисӣ мекашиданд. Бинои таълимӣ барои мактаби ибтидоӣ сохта шуда буд. Сабаби сол то сол афзоиш ёфтани шумораи хонандагон соли 2007  ду синфхонаи иловагӣ, соли 2009  кабинети директор, соли 2011 боз ду синфхонаи иловагӣ ва соли 2015 як синфхонаи компютерӣ дар назди муассиса сохта ба истифода дода шуд. Дигар дар ҳавлии муассиса ҷой барои гузарондани дарсҳои варзиш, омодагии дифои ҳарбӣ ва машғулиятҳои беруназсинфӣ намонд. Шумораи умумии хонандагон ҳоло ба 235 нафар расидааст. 
Ба шарофти 25 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар масъулин мушкилии муассисаи таълимии номбурдаро дарк карда, дар як мавзеи мувофиқ ва хушбоду ҳаво барои сохтмони бинои нави таълимӣ қитъаи замин ҷудо намуданд. Аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар муддати кӯтоҳ  бинои таълимии хуштарҳу замонавии дуошёна (иборат аз 10 синфхона ва ду кабинети кории омӯзгорон) сохта шуд.
- Хушбахтона мушкилии мактаби мо дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бартараф гардид. Сохтмони бинои таълимию дигар биноҳои ёрирасон ва девори атрофи муассисаро ҶДММ «Мунис - С» ба уҳда дошт. Солҳо сокинони деҳаи мо орзуи сохтмони чунин бинои таълимиро доштанд.  Имрӯз хурсандии мактаббачагону омӯзгорон ва сокинони деҳа  ҳадду канор надорад. Боварӣ дорам, ки шумо тавассути рӯзномаатон минатдории мо омӯзгорон ва сокинони деҳаи Ҳоитро  ба масъулон, Ҳукумати кишвар ва махсусан ба Пешвои муаззами миллатамон мерасонед, - гуфт дар хатми суҳбат М. Мирзоев.

Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»    


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2016    №: 170    Мутолиа карданд: 5347

26.02.2020


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

ДАНҒАРА – МИЗБОНИ ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ

КИШОВАРЗӢ. НЕСТ КАРДАНИ ТУХМИИ ВАТАНӢ ХАТОИ НОБАХШИДАНИСТ

МАЪЮБОН КОРХОНАИ ҲАМРОЗ ДОРАНД

RABAT GRAND PRIX 2020. ТОҶИКИСТОНРО 7 ПАҲЛАВОН МУАРРИФӢ МЕКУНАД

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед