logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод, 26 сентябри соли 2016

Ҳамватанони азиз!
Мулоқоти имрӯзаи мо бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод дар соли барои кишварамон воқеан таърихӣ – биступанҷсолагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар як сокини ноҳия хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу менамоям. Аз сафари охирини мо ба ноҳияи Тоҷикобод расо се сол сипарӣ шуд. Ва ҳоло мо мушоҳида мекунем, ки сохторҳои марбутаи мамлакат, роҳбарону масъулон ва соҳибкорону шахсони ҳимматбаланди ноҳия ба масъалаи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бо масъулияти ҷиддӣ муносибат карда, корҳои зиёди ободониву бунёдкориро ба анҷом расондаанд, ки дар натиҷа шароити зиндагии мардум хеле беҳтар ва ноҳия боз ҳам ободу зебо гардидааст.
Бунёд гардидани коргоҳҳои саноатӣ, биноҳои хуштарҳу муосир, аз ҷумла меҳмонхонаи зебои замонавӣ, ки чанд лаҳза пеш ифтитоҳ гардид, роҳу пулҳои нав ва таъмиру барқароргардида, фаъолияти муътадили муассисаҳои иҷтимоӣ ва тиҷоративу хизматрасонӣ гувоҳи возеҳи рӯ ба пешрафту ободӣ ниҳодани ин гӯшаи Ватани маҳбубамон мебошад. Боиси таассуф аст, ки тобистони соли гузашта ва соли ҷорӣ офати табиӣ рух дода, дар баробари дигар ноҳияҳои водии Рашт, ба аҳолии ноҳияи Тоҷикобод низ, хисороти зиёди молӣ расонд.
Бо мақсади ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ бо супориши Роҳбари давлат комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шуд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ, харобиҳои офати табиӣ дар муҳлати хеле кӯтоҳ бартараф карда шуда, сокинони зарардида сари вақт бо манзили зист ва лавозимоти зарурии рӯзгор таъмин гардиданд.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи татбиқи барномаҳои рушди соҳавию минтақавӣ ва иқдому ташаббусҳои созандаи фарзандони ватандӯсти кишварамон дар ноҳияи Тоҷикобод ва, умуман, водии Рашт корҳои зиёди ободониву созандагӣ амалӣ шудаанд ва итминон дорам, ки ин раванди нек бо азму талоши сокинон минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории Буҷети давлатӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла сохтмони иншооту роҳҳо ва дастгирии буҷети ноҳия, 432 миллион сомонӣ равона гардида, дар се соли оянда барои таъмини пешрафту тараққиёти он боз зиёда аз 86 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Айни замон, дар доираи Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2013-2017 амалисозии 120 лоиҳа ба маблағи умумии 52 миллион сомонӣ идома дорад. Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд амалӣ гардидани барномаи мазкурро таъмин намоянд.
Ҳукумати мамлакат дар ҷараёни амалисозии ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ҳалли масоили вобаста ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ, васеъ ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҳавасманд кардани кишоварзон дар самти истифодаи самараноки обу замин ва дар ин асос беҳтар гардондани сатҳи зиндагии сокинони деҳот ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар натиҷа хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бо истифода аз шароити мусоид ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро сол ба сол афзоиш дода истодаанд. Самараи кӯшиши онҳост, ки солҳои охир истеҳсоли меваю сабзавот, ғаллаву картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ торафт зиёд шуда истодааст. Соли гузашта кишоварзони ноҳия ба маблағи 651 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин рақам нисбат ба солҳои пеш бамаротиб зиёд мебошад.
Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат дар ноҳия то имрӯз 265 гектар замини нав азхуд карда шудааст, ки барои ноҳияи кӯҳсори Тоҷикобод басо муҳим мебошад. Бо вуҷуди ин, дар ноҳия имконияти аз худ кардани заминҳои нав, боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мавҷуд мебошад. Масалан, ҳарчанд ки қариб 60 дарсади заминҳои кишоварзии ноҳияро чарогоҳҳо ташкил медиҳанд, вале ҳамагӣ 44 дарсади ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии соҳаи кишоварзӣ ба соҳаи чорводориву парандапарварӣ рост меояд. Ин нишондиҳанда далели он аст, ки захираву имкониятҳо барои рушди чорводориву парандапарварӣ ҳанӯз ҳам пурра истифода нашудаанд. Зеро талаботи бозори дохиливу хориҷӣ ба меваю сабзавот ва маҳсулоти соҳаҳои чорводориву парандапарварӣ ҳамеша зиёд аст, ки ин омил метавонад ба афзоиши даромади аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии сокинони ноҳия мусоидат намояд. Бинобар ин, ба роҳбарони ноҳия ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ зарур аст, ки бо мақсади афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба таъминоти моддиву техникии хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз ҷумла бо тухмии хушсифат, нуриҳои маъданӣ, пешниҳоди маблағҳои қарзӣ ва грантӣ, инчунин, истифодаи самараноки заминҳои кишт ва чарогоҳҳо чораҷӯӣ намоянд.
Шумо хуб медонед, ки дар қаламрави ноҳия то замони Истиқлолияти давлатӣ корхонаҳои саноатӣ умуман вуҷуд надоштанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар баробари соҳаи кишоварзӣ ба соҳаи саноати ноҳия низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд ва ҳоло дар ноҳия корхонаҳои хурди истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва коргоҳҳои дӯзандагӣ фаъолият мекунанд, ки садҳо нафар сокинони ноҳия дар онҳо бо ҷойи корӣ таъмин мебошанд.
Соли ҷорӣ коргоҳҳои нонпазӣ ва маҳсулоти қаннодӣ ба истифода дода шуда, то соли 2019 ба кор даровардани чандин корхонаҳои хурди дигар ба нақша гирифта шудааст. Дар иртибот ба ин, таъкид месозам, ки таъсиси коргоҳу корхонаҳои коркард ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани шумораи ҳарчи бештари аҳолӣ бояд вусъат дода шавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатӣ, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, барои бунёду барқарорсозии иншооти муҳими соҳаҳои мухталифи ноҳия 330 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия татбиқи 9 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи 275 миллион сомонӣ идома дошта, то имрӯз 7 лоиҳа ба маблағи 17 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст.
Барои ноҳияҳои кӯҳистон роҳҳои мошингард воситаи асосии рафтуомади мардум ва интиқоли бору маҳсулот мебошанд. Дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод 25 километр роҳҳои байналмилалӣ ва 100 километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мавҷуданд, ки қисми зиёди онҳо дар доираи лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – Саритош пурра таҷдид гардидаанд. Дар доираи лоиҳаи зикршуда пули “Ваҳдат” аз болои дарёи Сурхоб сохта, ба истифода дода шуд, ки мушкилоти сокинони ноҳияро хеле осон карда, ноҳияро бо тамоми гӯшаҳои мамлакат мустақиман пайваст намуд.
Дӯстони арҷманд!
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия бунёд гардидани як силсила иншооти маъмурӣ, аз ҷумла биноҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, чор ҷамоати деҳот ва шаш неругоҳи хурди барқи обӣ аз ҷумлаи дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва самараи заҳмати шабонарӯзии сокинони ноҳия ба шумор мераванд. Вале то ҳанӯз сокинони баъзе маҳалҳо аз камбуди оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд, ки ҳалли ин масъала вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарони ноҳия ва дигар сохтору мақомоти дахлдор мебошад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити замонавӣ барои таълиму тарбияи фарзандони мардум дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Тоҷикобод 16 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои қариб 6 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудаанд ва бунёди чандин бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди мактабҳои ноҳия идома дорад. Бо вуҷуди ин, ба Вазорати маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия зарур аст, ки барои таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва бо лавозимоту таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо, инчунин бо кадрҳои дорои маълумоти олии касбӣ пурра гардондани муассисаҳои таълимӣ чораҷӯӣ намоянд. Илова бар ин, Вазорати маориф ва илм, дигар сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ, фаъолону омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеаи ноҳия бояд ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи дурусти наслҳои ояндасоз ва дар зеҳну шуури онҳо ривоҷ додани ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Бо дарназардошти шароити бисёр ҳассосу ноороми ҷаҳони имрӯза мехоҳам бори дигар аз ҳамаи падару модарон, омӯзгорону фаъолон, аҳли зиё, умуман ҳар фарде, ки ободиву оромии мамлакат ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламонро азиз мешуморад, хоҳиш намоям, ки ба хотири ободу зебо гардондани диёри хеш ва ноил гардидан ба зиндагии шоиста ба масъалаҳои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, сулҳу оромӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, инчунин таълиму тарбияи фарзандон ва таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, саҳми ватандӯстонаи хешро дареғ надоранд.
Фаромӯш набояд кард, ки давлатсозӣ, хусусан дар шароити имрӯза, кори саҳлу осон ва раванди яксолаву дусола нест, баръакс бунёди давлати муосиру муқтадир аз ҳар фарди ҷомеа, пеш аз ҳама, самимона дӯст доштани Ватан, заҳмати содиқона ба хотири ободии он ва ҳушёриву зиракии доимиро талаб мекунад.  Дар ин росто, мо бояд мунтазам кӯшиш кунем, ки фарзандони мо аз таълиму тарбияи замонавӣ бебаҳра намонанд ва онҳоро тарзе тарбия намоем, ки дар оянда ҳамчун насли сазовори миллат ва давлати тоҷикон ба камол расанд. Ҳамчунин, бо дарназардошти он ки вазъи минтақа ва ҷаҳон торафт ҳассосу мураккаб шуда истодааст, ҳар фарди бонангу номус ва огоҳи миллат вазифадор аст, ки барои ҳимояи давлатдории миллиамон, ҳимояи манфиатҳои давлату миллатамон ва аз таъсири зарарноки ақидаву мафкураи бегона ва гурӯҳу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро эмин нигоҳ доштани мардум, алалхусус наврасону ҷавонон, ки мо аз онҳо умеди зиёд дорем, ҳамеша ҳушёру омода бошад.
Итминони комил дорам, ки сокинони фарҳангдӯсту заҳматқарин ва сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод минбаъд низ сиёсати созанда ва ободгаронаи Ҳукумати кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои ободии ноҳия ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Дар роҳи ободсозии Ватани азизамон ба ҳамаи шумо саломатӣ, рӯзгори ободу осуда ва файзу баракати зиндагиро орзу менамоям.
Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2016    №: 192    Мутолиа карданд: 10037

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед