logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба нахустин таҷлили “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” ва ифтитоҳи бинои Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, шаҳри Душанбе, 29 сентябри соли 2016

Муҳтарам собиқадорон ва кормандони хизмати дипломатӣ!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар раванди таърихии ташаккул ва рушди Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибихтиёру мустақил сиёсати хориҷии он нақши сазовор дорад.
Шароити мушаххаси таърихии инкишофи кишвари соҳибистиқлоли мо, хислат ва муҳтавои таҳаввулоти байналмилалӣ тайи чоряк асри гузашта  аҳамияти хосаи омили беруниро дар ҳаёти ҷомеаи мо ва робитаи зичи рушди дохилии кишварро бо воқеияти байналмилалӣ муайян намуд.
Дар вазъияти пуртазодди солҳои аввали истиқлолият роҳандозии равобити хориҷӣ ва муаррифии шоистаи давлати навини мо дар арсаи байналмилалӣ яке аз муҳимтарин самтҳои раванди давлатсозӣ буд. Аз ин нигоҳ, санаи 29 сентябри соли 1993 дар таърихи муосири сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи воқеан муҳим ба шумор меравад. Дар ин рӯзи хотирмон  аввалин маротиба  аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид  нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои  сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили   робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардиданд.
Ин рӯйдод аз лиҳози мазмуну ғоя ва ҷанбаҳои сиёсӣ на фақат барои кормандони дипломатии кишвар, балки барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аҳамияти таърихӣ дорад. Ҳамин буд, ки аз соли ҷорӣ сар карда, рӯзи 29 сентябр дар кишвари мо ҳамчун “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” таҷлил мегардад. Бинобар ин, бо камоли хушнудӣ ҳамаи шуморо ба муносибати таҷлили нахустини ҷашни касбиатон самимона табрик гуфта, бароятон саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.
Басо рамзист, ки дар ин рӯзи барои ҳар яки шумо хотирмон мо  бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷиро, ки санги асоси онро як сол қабл, яъне 7-уми сентябри соли 2015 гузошта будем, ифтитоҳ намудем. Бинои мазкур  пурра аз ҳисоби даромадҳои консулии вазорат сохта шуда, бо технологияҳои пешрафтаи хизматрасонӣ муҷаҳҳаз гардидааст ва дар он тамоми шароити мусоиди корӣ муҳайё карда шудааст. Итминони комил дорам, ки баробари мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифтани ин иморати хуштарҳу замонавӣ барои босифат ва дар сатҳи талаботи замон сурат гирифтани хизматрасониҳои консулӣ имкониятҳои нав пайдо мешаванд.
Дар зарфи 25 соли истиқлолият хизматрасонии консулӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ вусъат ва густариши беш аз пеш  ёфтааст. Айни ҳол зиёда аз 30 намояндагии дипломатии мо дар хориҷи кишвар дар ҷодаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва дар маҷмӯъ, доир ба ҳифзи манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон ҳамарӯза талош меварзанд.
Фаъолияти солҳои охири Вазорати корҳои хориҷӣ доир ба татбиқи навгониҳо дар низоми хизматрасониҳои давлатӣ боиси таҳсин буда, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат доимо дастгирӣ меёбад. Ҷорӣ кардани низоми истифодаи шиносномаҳои биометрии дорои ҳомили электронӣ ба ҳайси аввалин қадам дар ин ҷода, ҳамчунин кортҳои шиносномавии дохилӣ ба ҳайси василаи муосири сабти маълумоти шахсии шаҳрвандон ва таҳияи ҳуҷҷатҳои сафари онҳо тибқи талаботи байналмилалӣ эътимоднокии худро дар амал исбот намуданд. Чанде пеш дар кишвар низоми раводиди электронӣ роҳандозӣ шуд, ки он яке аз таҷрибаҳои нахустин дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, имконияти мусоиди аз ҷониби ҳар як шаҳрванди хориҷӣ дастрас намудани раводиди дахлдорро тавассути мақомоти консулӣ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон фароҳам меорад.
Дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди истиқлолияти кишварамон миёни сохторҳои давлатӣ озмуни ҷумҳуриявӣ ҷиҳати муайян намудани беҳтарин сохтори марказии ҳокимияти давлатӣ гузаронда шуд. Дар натиҷаи ҷамъбасти он Вазорати корҳои хориҷӣ ҷоизаи махсуси ин озмунро ба даст овард, ки ин ҳам баёнгари пешрафти ниҳодҳои вазорат, аз ҷумла хадамоти консулии он, ба шумор меравад.
Мусаллам аст, ки дар тӯли 25 сол Вазорати корҳои хориҷии мо дар  пешбурди сиёсати берунии Ҳукумат  корҳои зиёдеро анҷом додааст. Зимнан, бояд гуфт, ки дар даврони пеш аз истиқлол Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни идораи давлатӣ собиқаи муайяне дошт, вале дар арсаи сиёсати хориҷӣ дорои чунин таҷриба набуд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки ҳанӯз  соли 1944 таъсис ёфта буд, танҳо баъзе масъалаҳои ташрифотию намояндагиро ба иҷро мерасонд.
Дар шароити соҳибистиқлолӣ сохтори Вазорати корҳои хориҷӣ ва доираи фаъолияти он чун мақоми идораи давлатӣ ба таври назаррас тағйир ёфт. Дар робита ба ин, ишора ба як далел кофист, ки ҳайати кормандони он аз 11 нафари давраи пеш аз истиқлол ба зиёда аз 300 нафар расид. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки дар самти омода кардани кадрҳои дорои сатҳи баланди касбӣ, донандагони забонҳои хориҷӣ ва лоиқу кордон, ки аз умдатарин масоили ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои байналмилалӣ бархӯрдоранд, ҳамчунин, дар самти ҷобаҷогузории кадрҳо камбудиҳои зиёде дорем, ки ҳаллу фасли онҳо андешидани чораҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд.
Ҳарчанд ки барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар хизмати дипломатӣ озмунҳо мунтазам гузаронда мешаванд, вале баъзе ҳолатҳои муносибати ғайрихолисона ба масъалаи арзёбии сифатҳои касбиву шахсии кадрҳои ҷавон ба мушоҳида мерасанд. Сатҳи пасти малакаи касбии баъзе дипломатҳои тоҷик,  алалхусус, дар самти омӯзиши забон, таърих, анъанаву фарҳанг ва қонунҳои кишвари иқомат, боиси нигаронист.
Дар масъалаи таъмин намудани сатҳи зарурии интизом ва масъулиятшиносии  кадрҳо низ норасоиҳо ба назар мерасанд. Ҳамчунин, ҳолати таъмини бехатарии иттилоотиву иртиботии  фаъолияти намояндагиҳои дипломатии мо дар кишварҳои хориҷӣ  ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад. Имрӯз мо бояд ба ин масъалаҳо ҳам дар дастгоҳи марказии вазорат ва ҳам дар сафорату намояндагиҳои дипломатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем.
Тавре ки чанде пеш дар суханронии худ ба ифтихори 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудам, меҳвари сиёсати хориҷии мо, дар баробари таъмину ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён иборат аст. Мусаллам  аст, ки дар иҷрои ин вазифа донишу таҷриба, ахлоқи ҳамида, одоби муошират, донистани забонҳои хориҷӣ, хусусан забони кишвари иқомат, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва поквиҷдонии дипломатҳои тоҷик нақши муҳим дорад.
Мусоидат ба шинохти воқеии ҷомеаи Тоҷикистон ва равандҳои рушди ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии он дар хориҷа яке аз вазифаҳои калидии Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии мо мебошад. Вазъи кор дар ин бахш, алҳол, ба беҳбудӣ ниёз дорад ва сатҳи фаъолият дар ин самт бояд ҷиддан баланд бардошта шавад.
Истифодаи ҳамаи василаҳои дастрас, аз ҷумла таҳкими робитаҳои кории самарабахш бо ниҳодҳои созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори умуми кишвари иқомат, тарғиби дастовардҳои соҳаҳои гуногун ва дигаргуниҳои бунёдии ҷомеаи мо аз тариқи суханрониву мусоҳибаҳои матбуотӣ ва музокироту вохӯриҳои дипломатӣ амри комилан зарур аст.
Мо имрӯз мушоҳида мекунем, ки ояндабинии тамоюлҳову ҳаводиси сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вокуниши саривақтиву мантиқӣ ба онҳо аҳамияти дучанд пайдо кардааст. Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафирону намояндагони моро дар хориҷи кишвар зарур аст, ки кори худро дар ин арсаҳо ба таври назаррас фаъол гардонда, ҷиҳати ташаккули дидгоҳу назари нек нисбат ба давлати Тоҷикистон ва халалдор нагардидани симои мусбати он дар арсаи байналмилалӣ чораҳои муассиру саривақтӣ андешанд.
Дӯстони азиз!
Ба шумо пӯшида нест, ки таърихи давлатдории тоҷикон собиқаи тӯлонӣ ва ғании дипломатӣ дорад ва дар бораи сифату хислати сафирон ё ба қавли ниёгонамон - фиристодагон даҳҳо китобу рисолаҳо таълиф шудаанд. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ доир ба сифатҳои сафирон чунин фармудааст:
Фиристода бояд, ки доно бувад,
Ба гуфтан далеру тавоно бувад.

Ё дар ҷои дигари ин асар Хусрави Парвиз ба фиристодагони худ чунин дастур медиҳад:
Хирадманд бошеду равшанравон,
Ниюшандаву чарбу ширинзабон.
Бад-он анҷуман ту забони манӣ,
Ба ҳар неку бад тарҷумони манӣ.

Дар ин мисраъҳои безаволи ҳаким Фирдавсӣ сифатҳои умдаи фиристодагон - муаррифгарони роҳбари давлат ва миллату кишвари худ,  яъне  хирадмандӣ, равшанравонӣ ба маънои ахлоқи нек ва аҳамияти забондонӣ, ба таври возеҳ таъкид шудаанд. Фикр мекунам, ки имрӯз ҳам арзиши ин суханони Фирдавсӣ кам нагаштааст ва онҳо барои ҳар яки шумо дар фаъолияти ҳаррӯзаатон бояд ба ҳайси чароғи ҳидоят хизмат кунанд.
Дӯстони азиз!
Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои  дуҷониба ва бисёрҷониба мавқеи умда доранд. Тоҷикистон тайи даврони соҳибихтиёрии хеш муносибатҳои судмандро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба роҳ монда, ҷойгоҳу мавқеи сиёсии худро дар арсаи ҷаҳонӣ  марҳала ба марҳала мустаҳкам гардонд. Давлати мо дар ин давраи аз нигоҳи таърих начандон тӯлонӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, обрӯ ва эътибори он рӯ ба афзудан ниҳод.
Ҳукумати Тоҷикистон аз аввалин рӯзҳои барқарории сулҳу субот дар  кишвар  масири густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунарсаи судмандро бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ пеш гирифт ва ин равандро вусъат бахшид.
Сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Ҳукумати Тоҷикистон мавриди пуштибонии на танҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт ва ин омил барои татбиқи сиёсати муваффақонаи хориҷӣ заминаи хубе  гардид. Аз ин ҷост, ки нуфуз ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ сол то сол боло меравад ва кишварҳои олам майлу рағбати худро ба тақвияту густариши равобит бо Тоҷикистон эълон медоранд.
Табиист, ки ҳар кишвар барои ҳузур ва нақшофарӣ дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ ниёз ба заминаҳои ҳуқуқӣ дорад. Соли 2002 аввалин Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои назариявию сиёсии равобити байналмилалии кишварамонро дар давраи нав - баъди истиқрори сулҳу субот  муайян кард. Баъди гузаштани  беш аз як даҳсола, бо таваҷҷуҳ ба шароити нави ҷаҳонӣ ва афзалиятҳои муосири бурунмарзии кишвар дар ибтидои соли 2015 Консепсияи нави сиёсати хориҷии мо қабул гардид, ки санади асосии муайянкунандаи самтҳо ва афзалиятҳои сиёсати хориҷии давлатамон маҳсуб мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди сипарӣ гардидани марҳалаи аввали соҳибистиқлолӣ, ки даврони ба эътидол овардани вазъияти дохилӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дар равобити байналмилалии худ сиёсати «дарҳои кушода» - ро эълон дошт, ки ин хати сиёсӣ имрӯз низ муваффақона идома дорад.
Самараи чунин сиёсатро мо дар робитаҳои хориҷии гуногунҷанбаи кишварамон дар арсаҳои мухталиф мебинем.
Айни ҳол Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, ба узвияти беш аз 80 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳоди молиявии ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад. Дар баробари ин, Тоҷикистон ба зиёда аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳои худро дар самти расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли онҳо иҷро менамояд.
Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷонибаи босубот ва дарозмуддат бо кишварҳои  минтақаҳои мухталифи олам ҷойгоҳи хоса дорад. Тоҷикистон то имрӯз бар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобил, манфиатҳои муштарак ва риояи ҳуқуқи байналмилалӣ бо зиёда аз 140 кишвари дуру наздик робитаҳои дӯстонаву беғараз ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро ба роҳ монда, густариш медиҳад. Дар ин замина Тоҷикистон бо давлатҳои мухталифи ҷаҳон беш аз 2000 санади ҳуқуқиро ба имзо расонда, мавриди иҷро қарор додааст.
Ҳамзамон бо ин, таъкид бояд кард, ки раванди татбиқи муқаррароти шартномаҳои батасвибрасида дар бисёр ҳолатҳо аз доираи назар берун мемонад ва натиҷаву боздеҳи баъзе санадҳои ҳамкориҳои дуҷониба хеле кам мебошад. Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷиро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дигар ба масъалаҳои вобаста ба таҳияи хушсифату саривақтии санадҳои дар чорчӯбаи сафарҳои расмиву кории роҳбарияти олии кишвар имзошаванда ва умуман, ба мазмуну мундариҷаи баланди чунин сафарҳо аҳамияти пайваста ва хоса диҳанд.
Ҳар як шартномае, ки ба имзо мерасад, пеш аз ҳама, бояд воқеиву иҷрошаванда ва ҷавобгӯи талаботи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва манфиатҳои миллии мо бошад.
Бо такя ба сиёсати «дарҳои кушода» давлати мо равиши хоси дипломатияи худро дарёфт намуда, имрӯз дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок менамояд ва дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси як кишвари хостори таъмину таҳкими сулҳу суботи саросарӣ  шинохта шудааст. Давлати мо муаллифи се ташаббуси  бузург дар соҳаи об  аст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудаанд.
Ҳамин буд, ки дар оғози соли равон бо ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва президенти Бонки ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони даҳ кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Тоҷикистон, Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ кард. Ҳамзамон бо ин, ба мақсади идомаи талошҳои  байналмилалӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба обу беҳдошт, мо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ибтикори нав - эълон кардани Даҳсолаи байналмилалӣ  таҳти шиори “Об ба хотири рушди устувор” -  ҷалб намудем.
Боиси хушнудист, ки ин иқдоми тозаи Тоҷикистон, ки зимни ширкати мо дар Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об моҳи апрели соли 2015 дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Корея муаррифӣ гардид, мавриди дастгирии рӯзафзун қарор дорад. Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои марбутаи кишварро зарур аст, ки барои таъмин намудани дастгирии фарогир аз иқдоми мазкур ва дар ин замина таҳия ва пешниҳод намудани қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чораҳои зарурӣ андешанд.
Моҳи июни соли равон ба узвияти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОК) интихоб гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як далели возеҳи болоравии обрӯ ва эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки давлати мо дар ниҳодҳои дигари Созмони Милали Муттаҳид, монанди Комиссияи маводи мухаддир  барои солҳои 2014 - 2017 ва Комиссияи мақоми зан барои солҳои 2014 - 2018 узвият дошта, дар чаҳорчӯбаи онҳо фаъолияти самаранок мебарад.
Таҳаввулоти босуръати геоиқтисодии замони муосир ва тамоюлҳои инкишофи иқтисоди ҷаҳонӣ боиси аҳамияти беш аз пеш пайдо кардани дипломатияи иқтисодӣ ва мунтазам афзудани нақши унсури иқтисодии равандҳои умдаи байналмилалӣ гардидаанд. Вобаста ба ин, дар назди мо силсилаи вазифаҳои мубраме истодаанд, ки мақсад аз иҷрои онҳо расидан ба ҳадафҳои миллии рушди кишвар буда, истифодаи муассир ва самараноки  василаҳои дипломатияи иқтисодиро тақозо менамоянд.
Густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ва эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои таҳкими имкониятҳо ва зербинои иқтисодии кишвар  аз ҷумлаи чунин вазифаҳо мебошанд. Дар ин радиф, бо дарназардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ ва мавҷудияти шароити мусоид дар кишвар, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ дар соҳаи «иқтисоди сабз», ҳамчунин мусоидат ба густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро бо кишварҳои ҳамсарҳад чун василаи эҷоди  фазои эътимоду боварӣ дар тӯли марзҳои кишвар ба таври алоҳида бояд зикр кард.
Роҳбарияти давлати Тоҷикистон ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи аввалин ва муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва амниятӣ дар Осиёи Марказӣ мешуморад. Тайи чоряк асри соҳибистиқлолӣ давлати Тоҷикистон чунин мавқеъ ва дидгоҳи худро дар  амалияи сиёсиаш борҳо намоиш додааст.
Мо итминони комил дорем, ки ҳамгироии созанда дар заминаи ҳусни  ҳамҷаворӣ ва эътимод ба якдигар ба манфиати ҳар як давлату халқи минтақа аст. Мо дар якҷоягӣ метавонем низоми фарогири амнияти минтақаамонро эҷод намоем ва бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муборизаи муштарак барем. Албатта, ҳифзи сулҳу субот ва таъмини рушди умум аз муҳимтарин вазифаҳои муосир  ба шумор мераванд.
Сафирону намояндагони мо дар хориҷи мамлакат, умуман, ҳар як дипломати тоҷик ҳамеша бояд дар хотир дошта бошанд, ки таъмини равобити хубу дӯстона бо кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки ба арзишҳои умумибашарӣ эҳтиром мегузорад, аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақому ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ маҳсуб мешаванд.
Фаромӯш набояд кард, ки риояи манофеи миллӣ ва  заминасозӣ барои таъмини рушди устувори кишварамон, баробари ҳифзи дастовардҳои истиқлол, аз ҳар корманди хизмати дипломатӣ зиракии сиёсӣ, огоҳии комил аз равандҳои ҷаҳони муосир, шинохти дурусти ҳадафҳо ва манфиатҳои Тоҷикистон, қобилияти таҳлили воқеаҳои дохиливу хориҷӣ, тасмимгирии саривақтӣ ва мантиқӣ дар баробари рӯйдодҳо ва албатта, садоқату самимияти хоса ба давлату миллатро тақозо менамояд.
Муҳтарам собиқадорон ва ходимони дипломатии кишвар!
Бори дигар ҳамаи шумо - намояндагони халқи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқкунандагони сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори 25 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон ва «Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ» табрик гуфта, бароятон дар роҳи хизмат ба давлату миллат барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша муваффақу пирӯз бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2016    №: 194    Мутолиа карданд: 9812

28.04.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Ли Ки - Квон

Конфронси илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Марҳилаи дуюми барқарорсозии шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ оғоз мегардад

Интишори асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев ба забони қирғизӣ

Ҳунар ганҷи нуҳуфта аст

НУРОБОД. Таъсиси маркази маслиҳатдиҳии ҳуқуқӣ

Ҷаҳон дар як сатр

27.04.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Пратибҳа Меҳта

Изҳори ҳавасмандӣ аз тақвияти ҳамкориҳо

Фестивали байналмилалии мусиқии «Еthno-jazz» баргузор мешавад

КҲФ огоҳ мекунад…

Мусобиқаи футбол дар Деваштич

Террористон набояд имкони бозгашт ба Қазоқистонро дошта бошанд

Истеъфои вазир дар Ҷопон

Аврупоро буҳрони нави муҳоҷират интизор аст?

Дар Доминикан обхезӣ мардумро бехонумон кард

Uber дар се сол аэротаксиҳоро ваъда медиҳад

Кишти пахта

Бунёди боғу токзор

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Кишти баҳорӣ

БАДАХШОН. 120 рӯзи ободонӣ ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

26.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал - Бодӣ

Тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ

Изҳори омодагӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо

Таҷрибаи Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ибратомӯз аст

Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён ҷамъбаст гардид

СУҒД. Авлавият ба таъсиси ҷойҳои нави кор

Варзиш

25.04.2017


Вохӯрии Нуриддин Саид бо Ясмин Гуедар

Дурнамои ҳамкориҳо матраҳ шуд

Оғози ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ

РАШТ. ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед