logo

илм

ПАТЕНТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. АКНУН БА ОЛИМОНИ ТОҶИК


Боиси хушнудист, ки солҳои охир навгониҳои пешниҳоднамудаи устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳурӣ эътироф шуда, сазовори ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муҳофизатӣ - Патент мегардад. Аз ҷумла, соли 2014 устодони донишгоҳ – Тоҳир Хоҷаев, номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи электроникаи физикӣ, Барот Махсудов, доктори илмҳои физикаю математика, мудири кафедраи физикаи ҳастаӣ, Нурулло Муллоев, номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи оптика  ва спектроскопияи факултети физика ихтирои худро дар самти «Тарзи баланд намудани коэффитсиенти таъсири нуриҳои азотӣ» дар сатҳи байналмилалии идораи патентии Федератсияи Русия пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, дар ин сатҳ мудири кафедраи физикаи ҳастаӣ Барот Махсудов бо номи «Детектори нейтронҳо дар асоси гетеросохторҳои лазери ДНГЛ - 01» навгонӣ пешниҳод намуд.
Хушбахтона, баъд аз ташхиси идораи байналмилалии патентӣ дар арафаи таҷлили 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтироъҳои пешниҳоднамудаи устодони донишгоҳ сазовори ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муҳофизатӣ - Патент гардиданд.
Барот Махсудов иброз намуд, ки «дар даҳсолаи охир бори аввал Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори чунин патенти байналмилалӣ гардид ва ин ихтироъҳо нуфузи илмию эҷодии олимони Тоҷикистон, хусусан Донишгоҳи миллиро дар ҷаҳон муайян намуд». 
Тоҳир Хоҷаев, дотсенти кафедраи электроникаи физикӣ, сардори раёсати таълимии донишгоҳ дар робита ба ихтирои «Тарзи баланд намудани коэффисенти таъсири нуриҳои азотӣ» афзуд, ки «мо солҳои зиёд дар масъалаи таъсири нуриҳои тобишзо ба асбобҳои радиоэлектронӣ тадқиқот бурдем ва ба натиҷаҳои хуб дар ин соҳа ноил гаштем. Баъдан ба хулосае омадем, ки таъсири нурҳои тобиширо ба тухмии рустаниҳо дида бароем. Таҷрибаи мазкурро дар се намуди тухмии рустаниҳо – гандум, макка ва пахта гузаронда, энергияи муайяни нурҳои тобишзоро амиқ намудем. Таҷрибаҳои лабораторӣ ва саҳроӣ нишон доданд, ки дар зери таъсири энергияи муайяни нурҳои тобишзо нешзанӣ, қадкашӣ баланд гардида, ҳосилнокии рустаниҳои номбурда то 15 - 20 дарсад зиёд мегардад. Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки мақсади асосии ихтироъ ин баланд бардоштани сифат ва ҳосилнокии тухмии рустаниҳо дар зери таъсири нурҳои тобишзо ба шумор меравад».
Профессор Барот Махсудов роҷеъ ба ихтирои «Детектори нейтронҳо дар асоси гетеросохторҳои лазери ДНГЛ - 01» афзуд, ки «яке аз мушкилиҳое, ки ҳангоми ба қайд гирифтани нейтронҳо пеш меояд, ин ҷудо намудани майдони афканишоти нейтронҳо аз майдони афканишоти гамма - квантҳо мебошад. Дар ҷойе, ки манбаи нейтронҳо мавҷуд аст, майдони гамма - квантҳо ҳам пайдо мешавад. Ҷудо намудани таъсири ин майдонҳо мушкилоти муҳими илмӣ мебошад. Таҳқиқоте, ки мо солҳои охир нисбат ба таъсири нейтронҳои ҳароратӣ ба хосиятҳои нурафкании лазерҳои нимноқилӣ гузарондем, нишон доданд, ки таъсири нейтронҳои ҳароратӣ ба гамма - квантҳо бо асбоби нимноқилӣ гуногун муайян мешавад. Яъне, ин имконият медиҳад, ки таъсири майдони нейтронҳоро аз майдони гамма-квантҳо фарқ карда, мо танҳо таъсири нейтронҳои ҳароратиро ба қайд гирем. Ихтирое, ки мо пешниҳод намудем, ин дар асоси лазерҳои нимноқилӣ ба қайд гирифтани майдони нейтронҳои ҳароратӣ мебошад. Ин усул дар илм усули нав буда, то ин вақт дар чунин шакл ба қайд гирифтани афканишоти ҳастаӣ аз тарафи олимон пешниҳод нашудааст».
Т. ИҲРОМОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.10.2016    №: 200    Мутолиа карданд: 9553
20.07.2017


Ширкати Неъматулло Ҳикматуллозода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд

Мулоқоти Шерхон Салимзода ва Александр Конюк

Намоишгоҳи «Тоҷикистон – 2017» баргузор мешавад

«Лола» ва «Садо» ба Чин мераванд

Картошка арзон мешавад?

ҚАДРИ МЕҲНАТ. Маоши миёна беш аз 1200 сомонӣ

ВАҲДАТ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ

ДДЗТ. Аз озмунҳои байналмилалӣ то ҳамкориҳои хориҷӣ

19.07.2017


Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода ва Кристиа Фриланд

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Коҳиши воридот ва афзоиши содирот

Даромади софи бонк ба 15 миллион сомонӣ расид

Ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ тағйирот ворид мешавад

Масъулияти аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ баланд мегардад

18.07.2017


Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД

Мулоқот бо губернатори Токио

Машқҳои стратегии зиддитеррористӣ дар ВМКБ

«Мушкилкушо» ва «Комил» ба Қазон мераванд

Мурофиаҳои сайёри судӣ омили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Инвентаризатсияи заминҳо ба охир расид

ВАРЗОБ. Чорводорӣ рӯ ба беҳбудӣ

НАФАҚА. Камбудиҳо бартараф мешаванд

Варзиш

17.07.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Саид Оғо

Вохӯрӣ бо роҳбари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ

Баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ

Баррасии роҳу усулҳои мубориза бо коррупсия

Дарёфти 1010 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ

Бехатарии саноатӣ ва ҷавобгарии 182 шахси масъул

Рӯйхати сиёҳ вуҷуд надорад

15.07.2017


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва сохтмони роҳ

Вохӯрии Ҷамолиддин Нуралиев бо Камен Захариев

250 000 сомонӣ ғолибонро интизор аст

Таъсиси Маркази илмӣ – таҳқиқотии технологияи инноватсионӣ

30 миллион сомонӣ қарзи аҳолӣ аз ҳаққи хизматрасонӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед