logo

фарҳанг

МЕҲРГОН. НУРУ НОРУ АРҒАВОН

Эҳёи суннатҳои миллӣ ва ба вуҷуд овардани шароити мусоид ҷиҳати ташаккули онҳо вазифаи муҳими мо мебошад. Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимтарини мардуми форсу тоҷик таҷассуми меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба ҳамдигар, накукорӣ ва тантанаи барзгарон аст.  Ид рӯзи 16 – уми моҳи меҳр, ки онро рӯзи Меҳр меноманд, баргузор мегардад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Митракона ё Митра зикр шуда, аз таърихи чаҳорҳазорсола шаҳодат медиҳад.
Меҳргон ҳангоми авҷи корҳои кишоварзӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст, асосан иди ҳосилот мебошад ва дар оғози фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад. Ба солшумории милодӣ аз 23 сентябр то 22 октябр давом меёбад. Деҳқонон дар ин айём хирман мебардоранд. Мувофиқи достонҳо гӯё Фаридун дар ин рӯз ба Заҳҳок ғолиб омада,  ӯро дар кӯҳи Дамованд ҳабс мекунад. Дар ин рӯз мардум номаҳо навиштанду якдигарро табрик карданд ва ҳатто туҳфаҳо тақдим намуданд. Панҷ рӯзи аввал ҷашни ҳамагон буда, онро Меҳргони омма ё кӯчак меноманд. Рӯзи шашум ҷашни расмӣ буда, онро шоҳ бо аҳли дарбор истиқбол мекарданд, ки  Меҳргони бузург ном дорад.
Дар аҳди Сосониён ҷашни Меҳргон бисёр бошукӯҳ ва ботантана мегузашт. Баргузории Меҳргон ба иди Наврӯз хеле монандӣ дорад. Мардум хонаю дарашонро тоза мекарданд, беҳтарин либосашонро пӯшида, худро зебо намуда, ба идгоҳҳо мерафтанд.
Истиқлолияти давлатӣ ба ҷашни Меҳргон умри дубора бахшид. Таҷлили ид тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009, таҳти рақами 538 дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу  шаҳомат баргузор мешавад. Деҳқонон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин барои истиқболи ин рӯзи муборак ҷамъ меоянд. Аз самараи кишти хеш намоишҳо баргузор мекунанд.
Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  иди бостонӣ ҳар сол рӯзи 8 октябр чун иди миллии давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Мувофиқи ойини гузаштагонамон, дар рӯзҳои ҷашни  Меҳргон маросимҳои зиёде  сурат мегирифтанд, зеро шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ  буд. Пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашни шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб аст. Меҳргон ҷашнест, ки ба табиату салтанат ва рӯзгори мардум иртибот дорад.
Шоирони номдори классики тоҷик беш аз 1000 сол муқаддам Меҳргонро ҳамчун ҷашни бузург ёд кардаанд.
Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
 
Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги
хусравон,
Пурфайз бод хони Шумо, аз нуру нору
арғавон…
Манучеҳрии Домғонӣ
Ҷамил ВАЛИЕВ,
корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.10.2016    №: 200    Мутолиа карданд: 3383

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед