logo

порлумон

ТОҶИКИСТОН ВА АМОРОТИ МУТТАҲИДАИ АРАБ. МАҲКУМШУДАГОНРО БА ҲАМДИГАР МЕСУПОРАНД

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҷурми гуноҳ маҳкум мешаванд, минбаъд имкон доранд, ки ба Тоҷикистон интиқол ва дар кишвари худ адои ҷазо намоянд. Ин меъёр нисбат ба шаҳрвандони Амороти Муттаҳидаи Араб низ татбиқ хоҳад шуд.
 
Дар ин робита вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ зимни ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон бо ҷонибдорӣ аз Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи супурдани маҳкумшудагон санади дахлдор қабул намуданд.
Муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Осимзода Муҳаммад Иброҳим дар шарҳи созишномаи мазкур изҳор дошт, ки он 17 марти соли 2016 дар шаҳри Дубай ба имзо расида, тибқи талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи таъмини мутақобилаи ҳифзи иттилооти махфӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, аз 18 июни соли 2004, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расонда шуд. Дар иртибот ба ин масъала муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров ва вакили Маҷлиси намояндагон Ҳаёт Одинаев суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид карданд, ки протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи таъмини мутақобилаи ҳифзи иттилооти махфӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Ба ҳамин тартиб, вакилони Маҷлиси намояндагон протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба шартҳои имтиёзноки таҳвили техникаи махсус ва воситаҳои махсус барои таҷҳизондани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, аз 6 октябри соли 2007, протокол дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба муқовимат бо фаъолияти ҷинояткорӣ дар соҳаи иттилоот, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният, Созишнома оид ба идома додани фаъолияти Маркази байналмилалии илмию техникӣ, Созишномаи грантӣ байни Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» (аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Хазинаи глобалӣ барои мубориза бо бемории пайдошудаи масунияти одам, сил ва вараҷа дар доираи Барномаи «Мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон», Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир дар бораи ҳимоя ва ташвиқи мутақобилаи сармоягузориро ба тасвиб расонданд.
Ф. ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.10.2016    №: 200    Мутолиа карданд: 9212

29.05.2017


Иштироки Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарвазирони давлатҳои ИДМ

Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Баррасии масъалаҳои мубориза бо коррупсия ва роҳҳои пешгирии он

Номаҳои шодбошӣ ба унвони Ҳошим Гадоев

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат - раҳнамои ҷавонон

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳаёти беш аз 24 миллион кӯдак зери хатар аст

Сарони G7 мубориза бо киберҷинояткоронро пурзӯр карданианд

НАТО ба эътилофи байналмилалӣ алайҳи “ДИ” ҳамроҳ мегардад

Маскав ба СММ лоиҳаи конвенсияи мубориза бо киберҷиноятро манзур сохт

Теъдоди ҷиноятҳои террористӣ дар Русия 10 маротиба коҳиш ёфт

28.05.2017


ХАТЛОН. Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонон

Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон. Чорабиниҳои идона дар Дубай ва Пекин

Як ҳамоиши муҳим

Гӯшаи кишоварз

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед