logo

фарҳанг

ФАЛАК ВА ФАРҲАНГИ МУСИҚИИ ТОҶИКОН

Мусиқии касбию суннатии мардуми тоҷик - Фалак аз ниёгон ба мо мерос мондааст. Он бо нозукӣ, латофату рангорангиаш машҳур буда, дар он шодию сурур ва ғаму андуҳи халқ инъикос гардидааст. Ин хориқаи гаронқимати аҷдодӣ таҷассумгари софию покизагӣ, садоқату инсонпарварӣ ва орзую омоли неки халқ аст.  
Суруду навоҳои фалакӣ ба рӯди мусаффои кӯҳӣ шабоҳат доранд, ки аз ҳазорон чашмаҳои мусаффои  кӯҳсорон  ибтидову роҳ ба сӯи водии дилҳо гирифтаанд, то онро сабзу хуррам ва боғистони пургул гардонда, ба рӯҳу ҷони мо роҳату тавон бахшанд.
Фалак маҷмӯи  суруд ва навои мардумӣ мебошад. Тӯли асрҳо марди кӯҳистонӣ аз гирудору нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада, рӯ ба кӯҳсор овардаву аз мағзи ҷон фарёд мезаду ба ин васила дарду ғам ва розу ниёзи худро ба осмону Офаридгори олам ифшо менамуд. Фарёди ӯ дар кӯҳҳо мунъакис гардида, ба фалак мепечид.
Эҷодиёти шеърию мусиқии шифоҳӣ дар таърихи тамаддуни моддӣ ва маънавии тоҷикон аз падидаҳои муҳим маҳсуб ёфта, дар қаринаи  таърих муҳимтарин арзишҳои эҷодию иҷроии он ба тарзи аз устод ба шогирд идома ёфтаву рушд намудааст. Осори шеърию мусиқии шифоҳии касбии тоҷикон бо гуногунрангии савтият, мавзӯот, танаввуоти иҷроӣ нодир аст. Дар осори мусиқӣ ва адабиёти шифоҳии мардуми тоҷик жанри шеърию мусиқии Фалак ва анъанаҳои иҷроии он мавқеи хос дорад. Фалак чун шакл, жанри шеърию мусиқӣ таърихи хеле бостонӣ дорад. Матни таронаҳои фалакӣ, ки аз нигоҳи фолклоршиносӣ дар шакли маҷмӯа ва баёзҳо ба табъ расидаанд, гувоҳи гуфтаҳои болост.
Дар инкишофи ин жанри шеърию мусиқӣ нақш ва мавқеи иҷрокунандагони касбӣ ва ғайрикасбӣ хело бузург буда, тавассути онҳо Фалак рушд дорад. Бо заҳмату кӯшишҳои ин донандагону иҷрокунандагони санъати фалаксароӣ дар асри гузашта  он хеле ривоҷ ёфта, машҳури олам гардид.
Дар ҷараёни эҷод ва иҷрои Фалак ва рушду идомаи анъанаҳои он сабки иҷроии ин ё он ҳавза, равияи ҳунарӣ нақши хоса дошта, маҳз тавассути кӯшишу маҳорати ҳунармандони мардумӣ рангомезии мавзуоти ин жанри мусиқии шифоҳӣ барҷо мондааст. Дар танаввуоти иҷроии шеърию мусиқии Фалак ва сабки хоси иҷроии он ҳавзаҳои ҳунарии Бадахшону Дарвоз, Дашти Ҷум (Ҷам), Рашт нисбат ба ҳавзаҳои Хатлон (Кӯлобу Муъминобод, Кангурту Балҷувон ва ғайра) тафовут дорад. Дар анъанаи фалаксароии Бадахшону Дарвоз, Дашти Ҷум баробари истифодаи созҳои  хушсадои торӣ (сетор, баландзиком, рубоб, панҷтор ва ғайра), инчунин баён, ифодаи матну иҷро хеле нафису рангомез аст, ки инро метавон дар сабки иҷрои Акашарифи Ҷӯра, Пири Садир, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулӣ, Мусаввари Минак, Наврӯзшоҳи Қурбонҳусейн, Моҷони Назардод, Нусайрии Одина, Дона Баҳром, Аслияи Искандар, Панҷшанбеи Ҷорӯб, Чанори Нобовар ва навозишҳои Мамадатои Тавалло, Иқболи Завқибек ва дигарон ба хубӣ эҳсос кард. Бахусус, аз намояндагони ин ҳавза дар силсилабандиву иҷрои Фалаки роғӣ Абдулло Назрӣ беҳамто буд. Тарзи иҷрои ин устоди мусқии мардумӣ саршор аз ифодаҳои созию тараннумӣ буда, мутобиқ ба мизонҳои ҳунари ҳирфаӣ қарор дошт. Сабки иҷроии силсилазанҷирии Абдулло Назрӣ сабки талқину иҷроии Акашариф Ҷӯраро тақвият бахшидааст. Хуб аст, ки Дона Баҳрому Панҷшанбе Ҷорӯб ва дигар иҷрокунандагони ҷавони Бадахшону Дарвоз, Дашти Ҷум ин суннатро ҳифз намудаву идома медиҳанд.
Ҳавзаҳои эҷодию иҷроии ноҳияҳои Кӯлобу Муъминобод, Кангурт, Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг, Сарихосор ва ғайра дар иҷрои Фалак (хусусан Фалаки даштӣ) бештар шуҳрат доранд. Пешоҳангони ин ҳавза Бобохалили Одина, Раҷабмади Валӣ, Мадалии Барот, Карими Шиш, Бароти Фалак, Холмаҳмади Фалак, Ҳошим Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқ, Файзалӣ Ҳасан, Давлатманди Хол, Сафармуҳаммад   Мурод ва навозандагони машҳур Рустами   Абдураҳим, Достии Орзу, Ҳаким Маҳмуд, Пирназари Дуторӣ, Ҷумъахон Раҷаби Рубобӣ, Саидалии Дуторӣ ва дигарон дар пойдориву барҷо мондани анъанаҳои иҷроии ин жанри шеърию мусиқӣ нақши муассир гузоштаанд, ки бо маҳбубият, дархурии ҳолатҳои равонӣ, ифодаи сарнавишт ва такопӯҳои зиндагӣ як қисми таркибию муҳими фарҳанги мардумии ин минтақаро ташкил медиҳад.
Бори аввал бо ташаббус ва заҳматҳои пайвастаи эҷодию ҳунарии Давлатманди Хол  дар шаҳри Кӯлоб ансамбли Фалак таъсис ёфт. Нақшаи таъсиси ин дастаи ҳунарии касбӣ соли 1978 ба миён омада, соли 1989 тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон, зери сарпарастии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти муттасили хешро оғоз намуд. Ин гурӯҳи ҳунарӣ бо барномаҳои рангин дар чандин ҷашнвораҳои мусиқии кишвар ва берун аз он ширкат варзидааст.
Соли 2001 бо Қарори  Ҳукумати Тоҷикистон дар назди Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон Ансамбли давлатии Фалак аз нав таъсис ёфт, ки  роҳбарии онро Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон  Давлатманди Хол ба уҳда дорад.
Имрӯзҳо анъанаи эҷодию иҷроии фалаксароӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов мавриди тадрису омӯзиш қарор гирифта, устодону донандагони мардумии ин жанри шеърию мусиқии халқамон ба насли ҷавон нозукиҳои онро меомӯзанд.
Абубакр ЗУБАЙДӢ, 
муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии
фарҳанг ва иттилоот


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2016    №: 201    Мутолиа карданд: 3376

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед