logo

фарҳанг

САНЪАТИ МУСИҚӢ. БО ШАРОИТҲОИ КУҲНА КАДРҲОИ НАВ ТАВЛИД НАМЕШАВАНД

Норасоии мактабҳои санъати мусиқӣ ва солиёни дароз ихтисос наёфтани маблағи кофӣ барои нигаҳдории муассисаҳои мавҷуда боиси садамавию таъмирталаб шудани онҳо гардидаанд. Камбуди асбобҳои мусиқӣ ва нарасидани омӯзгорони касбӣ низ дар ҳар шаҳру ноҳияи вилоят эҳсос мегардад. 
Ба гуфтаи мутасаддиёни раёсати фарҳанги вилояти Хатлон танҳо мактаби санъати шаҳри Қӯрғонтеппа, ки соли 2014 аз нав сохта шудааст, камбудӣ надорад. 
“Аз сабаби он ки мусиқӣ дар тарбияи кӯдак нақши муассир дорад, дар давлатҳои пешрафтаи дунё таваҷҷуҳ ба макотиби санъати мусиқӣ дар мадди аввал аст”, - гуфт Ҷӯрабой Сангов, мутахассиси раёсати фарҳанги вилоят ва ҳамчун намуна зикр кард, ки мактабҳои санъати бачагонаи ноҳияҳои Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Восеъ куҳнаю фарсуда буда, ба талабот ҷавобгӯ нестанд.
Ибодат Ғафурова, сарвари муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон, иброз дошт, ки "аз сабаби таъмин нашудани мактабҳо бо созҳои торию нафасӣ, зарбӣ ва ғайра шогирдон маҷбуранд, ки асбобҳои куҳнаи давраи шӯравиро истифода намоянд. Ё худ аз 289 омӯзгори фанни суруд фақат 132 нафар маълумоти олии касбӣ доранду халос".
Камбудиҳои зикршударо мусоҳибони мо Хуршед Эралиев, сарвари мактаби санъати мусиқии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳусейн Ғайратов, сарвари мактаби санъати бачагонаи мусиқии ноҳияи Балҷувон ва Абдулрауф Файзуллоев, сарвари мактаби санъати мусиқии ноҳияи Вахш тасдиқ карданд. Ҳангоми боздид аз ноҳияи Вахш Абдурауф Файзуллоев чунин гуфт: “Шогирдони мо бо ин гуна асбобҳои куҳна чӣ тавр дарси мусиқӣ омӯзанд? Чанд маротиба ба мудири фарҳанги ноҳия пешниҳод кардем, ки барои мо асбобҳои мусиқии нав харанд, вале то имрӯз ягон натиҷа нест. Нарасидани асбоби мусиқӣ як тараф, мушкили асосии мо дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бинои мактаб аст”.
- Донишҷӯён аз асбобҳои скрипка, флейта ва кларнет танқисӣ мекашанд, - баён намуд сарвари коллеҷи санъати мусиқии шаҳри Кӯлоб Зафар Шеров. - Барои шуъбаҳои фортепиано ва скрипка мутахассис надорем. Бинои коллеҷро ҳар сол ба қадри имкон таъмири ҷорӣ мекунем, аммо азбаски куҳнасохт аст, зуд ба ҳолати пешинааш бармегардад. Аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят донишҷӯ қабул мекунем, вале афсӯс, ки онҳоро бо ҷойи хоб таъмин карда наметавонем.
Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Амриддини Кабир дар ин хусус чунин мегӯяд: “Ҳар чизе ки дар хурдсолӣ азхуд мешавад, як умр дар хотири инсон мемонад. Таҳкурсии мусиқӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ гузошта мешавад. Вале, мутаассифона, ҳоло масъулони ин муассисаҳо ба фанни мусиқӣ чандон таваҷҷуҳ надоранд. Илова бар ин, замони пеш дар ҳар як мактаб маҳфилҳои омӯзиши мусиқӣ вуҷуд дошт. Ҳоло не”.
Ҳавзаи санъати мусиқии вилояти Хатлон барои хазинаи тиллоии фарҳанги Тоҷикистон беҳтарин сарояндаву навозандагонро эҳдо кардааст, ки агар ҳамаашонро баршуморӣ намоем, аз сад мегузарад. Аммо, бо ин ҳоле, ки имрӯз мактабҳои санъати мусиқии вилоят доранд, оё метавонем дар оянда ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем?
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2016    №: 203    Мутолиа карданд: 3294

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед