logo

фарҳанг

ТОҶИК – МИЛЛАТИ МУАЗЗАМ

Ҳарчанд ки истиқлоли мо ҷавон аст, решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд.
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Тоҷикон дар радифи қадимтарин мардуми Осиёи Марказӣ қарор гирифта, собиқаи чандинасраи фарҳангсолорӣ, тамаддунсозӣ, маънавиятофаринӣ ва таҷрибаву оини давлатдории онҳо таваҷҷуҳи пажӯҳишгарону муаррихонро ҳамеша ба худ ҷалб кардааст. Дар баробари ин, душманони ҷонсахти ин миллат аз гӯшаву канор садо баланд карда, ба инкори воқеияти таърих кӯшидаанд.
 
Дар навбати аввал, соли 1926 устод Садриддин Айнӣ бо иншои «Намунаи адабиёти тоҷик», ки баҳри исботи ҳастии миллате бо номи тоҷик ба Кремл фиристода мешуд, ба даҳони душманон муҳри хамӯшӣ зад. Устод Айнӣ дар оғози китоб чунин навишт: «Аз бозе, ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳру Туркистон, як қавми муаззам ба номи тоҷик ё ки тозик истиқомат дорад, ҳамчунин забону адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст».
Таърихнигори сатҳи ҷаҳонӣ, академик Бобоҷон Ғафуров низ мояи ифтихор будани фарҳанги моро зери назар дошта, фармудааст: «Ин ҳақиқат, ки мо дар сафи пеши тамаддуни умумибашарӣ ҷой гирифтаем, хоҳиши худнамоии мо нест, ҳақиқате нест, ки мо онро ҳатман исбот карданӣ бошем. Ин ҳукми таърих аст. Таърихи инсоният ҳамин гуна ҷараён гирифтааст, ки мо дар сафи пеши тамаддуни ҷаҳонӣ қарор гирифтем». Ин суханони бадарди Аллома Ғафуров як навъ ҷавобияе ба душманони миллати тоҷик буд, ки он замон моро аз ҳаққи ифтихори гузаштаи пуршаънамон маҳрум карданӣ буданд. Бо гузашти айём, рӯҳи истиқлолхоҳии халқ музаффар шуд. Таърих бо ҳама шиканҷаву ҷабре, ки ба халқи тоҷику форс раво дидааст, сухани худро гуфт, исбот шуд, ки воқеан тоҷикон лоиқи чунин ифтихору сарбаландиянд.  Соли гузашта, вақте Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон китоби ба ҳиндӣ тарҷумашудаи «Тоҷикон»-ро ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон супурд, ин ҳақиқат бори дигар чу алмос дурахшид ва ба қавли Мавлоно, дӯстонро шод карду душманонро кӯр кард. Ҳамзамон, ба шарофати истиқлол имсол «Тоҷикон» ба забони ӯзбекӣ низ нашр шуд.
Муаррихи рус, Н. Г. Павлов ба ҷонсахтиву таҳаммули мардуми тоҷик дар гирумони таърих қоил шуда навиштааст: «Аз рӯи инсоф бояд гуфт, ки тоҷикон то кунун халқи аз ҳама ҷонсахттаринанд; кам андар кам миллате мисли тоҷикон ба зарбаҳои сахт дучор омадааст, аммо қадре фурсати нафасгирӣ кифоя буд, ки онҳо боз ҷон бигиранд».
Ҳоло бо фарорасии асри илму техника ва дастрасӣ ба мероси гузаштагон дар дохилу хориҷи кишвар халқи тоҷик худро бештар шинохт. Фарзандонаш ба чор сӯи олам роҳ кушода, паём мерасонанд, ки дар Аврупову Амрико ва ё дар Қафқозу қаламрави Арабистон тоҷиконро мешиносанд, эътироф мекунанд, ки меросбари осори гаронмояи Хайёму Мавлоно ва Ҳофизу Саъдианд. Пажӯҳишгарону таърихнигорон решаҳои тоҷики ориётаборро меҷӯянду меомӯзанд. Мисоли рӯшани ин гуфтаҳо соли ҷорӣ дар Астрахани кишвари Русия гузошта шудани нимпайкараи Хайём, дар Амрико доир ба рӯзгор ва осори Мавлоно ба навор гирифтани филм ва дигар пайғомҳои неканд, ки албатта фараҳбахшанд. Зеро ба таъбири Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: “Адабиёт ҳамчун мубаллиғи меҳру муҳаббат ва шарофату одамият нифоқу низоъ ва кинаву адоватро аз дилу дидаи одамон дур месозад”.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2016    №: 203    Мутолиа карданд: 3107

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед