logo

фарҳанг

САФАР ҲАҚДОДОВ: «НАЗДИ ТАЪРИХ ҚАРЗДОРЕМ»

Дар доираи 7 - умин Кинофестивали байналмилалии «Дидор», ки аз 16 октябр дар шаҳри Душанбе идома дорад, бо Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, вохӯрда доир ба бурду бохти кинои тоҷик суҳбат оростем. Зимни суҳбат С. Ҳақдодов вазъи соҳаро чунин арзёбӣ намуд:
- Солҳои охир дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна дар як сол аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ на камтар аз 20 филми достонӣ (ҳунарӣ, бадеӣ) ва зиёдтар аз ин филмҳои кӯтоҳу мустанад (ҳуҷҷатӣ) тавлид мешаванд. Истеҳсолкунандаи асосии филмҳо фақат киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” нест. Яъне монополияи истеҳсоли филм, тавре ки дар замони шӯравӣ буд, нест.
Студияҳои ғайридавлатӣ ва телевизионӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон низ фаъолият мекунанд ва ҳар кадом, новобаста ба мушкилоти дарёфти иҷозатнома (литсензия) имконияти истеҳсоли филмро доранд. Фаъолияти эҷодии киностудияи “Тоҷикфилм” хуб ба роҳ монда шуда, новобаста ба монополияи истеҳсолиро аз даст доданаш, онро ягона  маркази муайянкунандаи равияҳо ва сабкҳои кинои миллӣ медонем, ки метавонад кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ ва бозори ҷаҳонии синамо муаррифӣ намояд.
Таърихи кино бо таърихи филмҳои офаридашуда тавъам аст. Дар филми “Муаллим” Носир Саидов ва ҳамкасбонаш кӯшиши ҷиддиеро дар инъикоси масоили доғи ҷомеа анҷом додаанд. Дар ҳамин радиф наметавонам дар бораи филми “Арӯси замонавӣ” (муаллиф ва коргардон Набиҷон Пирматов) сухан гуфт. Ин силсилафилмҳо сужети ягона ва ба ҳам пайваст надоранд. Ҳатто коргардонҳои ҳар як сюжет гуногун аст.  “Сафари ҳавоӣ” (муаллифон ва коргардонони филм Далер Раҳматов ва Гуландом Муҳаббатова, продюсер Акмал Ҳасанов, студияи “Арт - вижен” дар шарикӣ бо “Тоҷикфилм”, 2015) – комилан тиҷоратӣ аст ва нисбати ин филм низ бояд гуфт, ки моли хуби ҳирфаӣ аст. Дар қиёс бо филми “Оинаи беҷило” филми “Сафари ҳавоӣ” дар жанри мураккаб – мазҳака рӯи навор омадааст. Филми “Оинаи беҷило” ҳарчанд тиҷоратӣ ба назар расад ҳам, филми тиҷоратии хуб аст. Ба он маънӣ, ки дар он элементҳои ҷӯяндагӣ, ҳирфияти баланд, ҷустуҷӯи чизи нав, бозии ҷолиби актёрӣ, кори хуби операторӣ, истифодаи мусиқӣ – ҳама ба мавқеъ ва пурмаънӣ истифода шудааст.
Вақте ки дар бораи кинои тоҷик сухан меронем, мо бештар аз проблемаҳои он, ки воқеан хеле зиёданд, андеша мекунем. Вале на ҳама вақт дарк менамоем, ки масъалаи калидӣ ва муҳимтарин дар ин мавзӯъ ояндаи он –  насли ҷавон мебошад. Сарнавишти кинои ҷавони мо чӣ гуна аст? Набзи зиндагии онҳо, афкори онҳо, тамоюлоташон сари кадом мавзӯҳост, пешомадашон чӣ гуна метавонад бошад? Ва мо ҳамкорони бузургсолашон барои амалӣ кардани иддаҳои эҷодии онҳо чӣ корҳоеро анҷом додаем?”
Суҳбат сари ин мавзӯъ бояд ниҳоят ҷиддӣ ва бо масъулияти баланд сурат бигирад. Барои ин бояд асарҳои эҷодкардаи онҳо  бо таҳлилу нақд баррасӣ гардад. Ба назари мо филмҳои “Тасфия”, “Ҳамаҷойӣ”, “Гунҷишки сафед”, “Паймон”, ки дар ду барномаи аслии Синамобазми шашуми байналмилалии “Дидор”, “Озмуни байналмилалии филмҳои кӯтоҳу баланд” ва “Синамои форсизабонҳо” интихоб шудаву  ширкат доштанд, меъёри муайянкунандаи арзанда будан аст ва намунаҳои барҷастаи синамои ҷавони тоҷик дар ду соли охир буда метавонанд. Созандагони аслии ин филмҳо, ки коргардонҳояшон маҳсуб мешаванд,  ба синну сол аз 25 то 35 солаанд.
Ва ҷавонтарини онҳо Румӣ Шоазимов аст, ки соли 2014 коргоҳи В. Меншов ва В. Тумаевро дар ВГИК - и Москва бо филми “Ҳамаҷойӣ”, ки кори дипломиаш низ маҳсуб мешавад, хатм кардааст.
 “Ҳамаҷойӣ” – як намунаи беҳтарини бо ҷасорат таҷриба кардани мавзӯъ ва жанри мураккаби “психологизм” аст. Румӣ ба ин васила, мехоҳад мавзӯи худ, мавқеъ ва сабки худро дар олами беканори синамо, ки устодонаш шаклҳову намунаҳояшро барояш рӯнамо кардаанд, пайдо намояд. Румӣ аз як филм то филми дигараш ба камол мерасад.
Филми дигар “Гунҷишки сафед” аз рӯи ҳикояи Сайф Раҳимзоди Афардӣ (филмномаи Муҳсини Махмалбоф, коргардонӣ ва тадвини Диловар Султонов, наворбардор Станислав Макиевский, рассоми таҳиягар Далер Миҳтоҷев, мусиқии Далер Назаров) истеҳсоли «Тоҷикфилм» аст, ки дар бахши озмуни байналмилалии филмҳои кӯтоҳи синамобазми “Дидор” ширкат дошт ва минбаъд дар чандин ҷашнвораҳои байналмилалӣ, аз ҷумла “Бусон” (Кореяи Ҷанубӣ), “Евразия” (Қазоқистон), “Кинои муслимин” – и (Қазон, Русия) ва чандин фестивали дигар даъват шуда, соҳиби ҷоизаҳои муътабар гардид. Филм дунёи руъёии тифлакеро тасвир мекунад, ки мехоҳад дар он ба парвоз биёяд.
Дар ду се соли охир чандин ҷавони барои ҷомеаи синамогарони тоҷик ношинос  даҳҳо чунин филмҳоеро сохтаанд, ки DVD ё CD - ҳояшонро дар таҳзаминиҳои шаҳри Душанбе ва дуконҳои колофурӯшии бозорҳои мамлакат метавонӣ бо 3 сомонӣ бихарӣ. Ва тиҷорати ин қабил филмҳо бо ҳамин тамом мешавад. Агар ин бизнес бо риояи талаботи меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ анҷом меёфт, воқеан суди  назаррасе  меовард.
Ҳатто дар шабакаи ҷаҳонии Интернет, хусусан дар YOU TUBE “контенти” тоҷикӣ мавқеи назаррасе надорад ва чанд филме, ки бинандагон баҳогузорӣ кардаанд моли даврони шӯравии “Тоҷикфилм” аст ва ба таври хаотикӣ ба ин шабака ворид шудаанд.
Вале, дар баробари ин, бояд иқрор шавем, ки бештари филмҳои солҳои охир дар студияҳои шахсӣ истеҳсол гардида, характери тиҷоратӣ ё фармоишӣ дошта, масоили умдаву мубрами зисти ҷомеаро хеле ночиз ва ё ғалат инъикос менамоянд. Аксари офарандагони онҳо ҷасорати иҷтимоӣ ва ошкорбаёниро пеша накардаанд. Вақеиятро тавре инъикос мекунанд, ки гӯё дар зиндагии мо ягон мушкилоте вуҷуд надорад.
Ҳ. САНГОВА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2016    №: 206    Мутолиа карданд: 3033

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед