ҳуқуқ
ЯК ТАШАББУС. АЗ БОБИ ҲАМОИШИ ОММАВӢ ЗИДДИ ИФРОТГАРОИВУ ТЕРРОРИЗМ
Мазҳаби бузурги ҳанафӣ, ғояҳои гуногунҷанбаи ирфониву инсонгароёнаи ин мазҳаб, тарғибу ташвиқи дурусти он ҷавонони моро метавонад аз ифротгароӣ, даҳшатафканӣ ва гаравидан ба гурӯҳҳои тундрав эмин нигаҳ дорад.
Ин нуктаро Давлат Назаров, муовини сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, полковники милитсия, дар вохӯрии кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тоҷирон ва масъулони бозори «Ҷал-Ҷам» таъкид намуд. Дар ин мулоқоти судманд, ки дар як гӯшаи бозор сурат гирифт, зиёда аз 200 нафар иштирок дошт.
Бино ба гуфтаи ӯ, бештари нафарони фиребхӯрда аз ҷаҳолат ва нодонии худ ба доми хоҷагон ва мубаллиғони ифротӣ гирифтор шудаанд.
Низоъҳои мусаллаҳона аз ҷанги шаҳрвандии Яман оғоз гардида, минбаъд дар қаламрави Ироқу Сурия доман паҳн карданд. Пайдост, ки аз ду ҷониб ҷангиён ва масъулони тахассусӣ меистоданд. Шахсони фиребхӯрда барои корҳои дувумдараҷа ва хусусияти оммавӣ додан ба бедодиҳои гурӯҳи «Давлати исломӣ» ҷалб мешуданд. Мақсади асосии сарпарастони ин созмон расидан ба манфиатҳои геосиёсию иқтисодӣ буда, ба маргу зист ва сарнавишти шахсони ба ном «ҷиҳодӣ» парвое надоранд.
Давлат Назаров ин гуфтаҳои худро дар мисоли саргузашти нангини шаҳрванд Ш. Г. шарҳ дода, чунин гуфт: «Зане, ки аз гуфтани номаш худдорӣ мекунем, ҳамроҳи ҳамсар ва духтари дувоздаҳсолаю писарчаи даҳсолааш тариқи вилояти Краснодари Федератсияи Русия ба Туркия ва баъдан ба Сурия рафта, ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» шомил шудаанд. Баъди марги муфоҷои шавҳараш се маротибаи дигар иҷборан ба никоҳи ҳабашҳои арабистонӣ дароварда мешавад. Хору залил ва беқадру беобрӯ мегардад. Шабе ҳангоми ба қисмати дигари минтақаи ҷангзада интиқол ёфтан, гурехта, бо машаққати чандрӯза худро ба сарҳади Туркия расонд ва ба Тоҷикистон оварда шуд. То ҳанӯз ӯ намедонад, ки қисмати ду фарзандаш чӣ шуда бошад. Вақте ба шаҳри Душанбе, ба хонаашон овардем, гулу гиёҳ, дару девор ва хоку гарди ҳавлиро мебӯиду мебӯсид. Аз чашмонаш паёпай ашк рехта, шукрона мекард, ки аз арсаи даҳшатбори марг ба дидори Ватан ва хешу пайвандонаш бори дигар расид».
Дар ҳамоиши оммавӣ, инчунин сардори гурӯҳи «Пешоҳангон» Аслиддин Хушбахтов ширкат варзид. Ин гурӯҳ аз ихтиёриён ташкил ёфта, онҳо дар минтақаҳои тоҷикнишин, бавижа Русия вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳоро дар байни муҳоҷирон васеъ ба роҳ мондаанд.
- Маълум аст, ки дар заминаи шиддат гирифтани муносибати давлатҳои абарқудрат ҳуҷуми мубаллиғон ва эмиссарҳои ифротии динӣ дар байни шаҳрвандони Русия ва муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр шуда истодааст. Масъалаи ба доми фиреби онҳо афтодани шаҳрвандони мо боиси нигаронии ҷиддист. Зеро тибқи маълумоти оморӣ бештар ҷавонони кишварҳои тараққикунандаи Осиёи Марказӣ ҳадафи ҳамла ва даъвати гурӯҳҳои экстремистӣ қарор мегиранд, - тазаккур дод Аслиддин Хушбахтов.
Иштирокчиёни ҳамоиш ба хулосае омаданд, ки корҳои бештари фаҳмондадиҳӣ, пешгирии падидаҳои ифротӣ, гузарондани вохӯрию мулоқот, аз як гиребон сар баровардани тамоми қишрҳои ҷомеа, бавижа гурӯҳи рӯҳониён садди ин мушкилоти аср шуда метавонад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.10.2016 №: 207 Мутолиа карданд: 2805