logo

ҳуқуқ

9 МИЛЛИОН ЗАРАР ДАР БОРАИ ҶИНОЯТҲОИ КОРРУПСИОНӢ ДАР ВМКБ

Пешгирӣ, ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки ба содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодӣ даст мезананд, самти асосии фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар ин робита, фаъолияти раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳим арзёбӣ мешавад.
Азамат Наврӯзқулов, сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, иттилоъ дод, ки бо вуҷуди сол ба сол пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия ҳодисаҳои содир шудани чунин ҳолатҳо дар шаҳру навоҳии вилоят меафзояд. Дар нуҳ моҳи соли равон аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии молиявии раёсат бо мақсади ошкор намудани амалҳои ҷиноятӣ дар корхонаву ташкилотҳои шакли моликияташон гуногуни шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят 170 тафтишу санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ ба анҷом расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 40 адад зиёд аст. Дар натиҷа, ба маблағи беш аз 9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз зарарҳои молиявии ошкоргардида наздик ба 3 миллион сомонӣ рӯёнда шуда, беш аз 1,5 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ва 1 миллиону 151 ҳазор сомонӣ ба ҳисоби корхонаю муассисаҳо барқарор гардид.
Дар ин давра, ҷиҳати чораҷӯӣ ва баррасӣ намудани маводи тафтишотӣ 31 мавод бо зарари молиявии 8 миллион сомонӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин, санҷишҳо дар муассисаҳои буҷетии вилоят ба андозаи 1 388 321 сомонӣ ҳодисаҳои истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетиро ошкор намуданд. Дар натиҷаи тафтишу санҷишҳо 59 қарори дахлдор қабул шуда, нисбат ба 65 шахси масъул табдирҳои интизомӣ ва маъмурӣ амалӣ гардиданд.
Таҳлил ва омӯзиши содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нишон медиҳад, ки дар вилоят 100 ҷиноят ошкор шудааст. Аз ҷумла, 43 ҳолати азхудкунӣ ва исрофкорӣ, 6 қаллобӣ, 34 сохтакории хизматӣ, 11 ҳолати сохтакории ҳуҷҷатҳо сабт гаштааст. Маблағи умумии зараре, ки дар ин давра дар идораву ташкилотҳои вилоят ошкор гардид, беш аз 2,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар рафти тафтиш 642 275 сомонӣ барқарор карда шуд.
Азамат Наврӯзқулов изҳор дошт, ки кормандони раёсат ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма бо сокинони шаҳру навоҳии вилоят мунтазам вохӯрию мулоқотҳои судманд доир менамоянд. Дар маҷмӯъ, раёсати агентӣ тамоми қувва ва неруи касбиашро ба он равона намудааст, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ дар вилоят коҳиш ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2016    №: 207    Мутолиа карданд: 2903
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед