logo

фарҳанг

ТОҶИКОН АЗ ТАБОРИ ШИРИНСУХАНОНАНД

Фарҳангу адаб сарчашмаи ҳастӣ ва роҳи беҳтарин барои расидан ба маърифати инсонист. Дар ин замина, адабиёт барои миллати тоҷик фанни инсоншиносӣ, санъати сухан ва воситаи тарбияю такмили камолоти маънавӣ аст. Мардуми одии мо бе омӯзишу фарогирии донишҳои адабӣ ҳам зотан шоиру хушгӯву зарофатҷӯянд. Зеро фарҳанги мардумӣ дар худ таърихи халқ, доираи ҷаҳонбинӣ, тафаккури бадеӣ, хазинаи зеҳнӣ, тавоноии ақлонӣ ва анъанаву оини ниёгонро нигоҳ дошта, чун унсури миллӣ шинохта мешавад.
Имтиёзи тоҷикон дар байни қавму миллатҳои дигар ҳамоно фарҳанги ғановатмандашон аст. Соли 1997 вақте Эмомалӣ Раҳмон тариқи ҳавопаймо ҷасади абармарди адабиёт Сотим Улуғзодаро ба Душанбе меовард, дар фурудгоҳ ба ифтихори ноил шудан ба сулҳу ваҳдат Лоиқи зиндаёд ғазали «Сулҳи деринтизори мо омад» - ро месуруд, пайкараи Исмоили Сомонӣ дар маркази Душанбе қомат меафрохт, Парвардигор, ки гиромидошти ёди гузаштагон писанди ӯст, ба тоҷикон имкони дубораи эҳёро армуғон кард. Саргузашти чӣ сон ба Душанбе оварда шудани ҷисми беҷони Сотим Улуғзода ва дафни ӯ дар Лучоб ҳикояти ибратбахши дигаре ҳаст, ки аз фарҳангпарварию ҷавонмардии Сарвари давлат қисса мекунад. Минбаъд, шоирони маъруф Бозор Собир, фарҳангшинос ва файласуф Акбари Турсон аз Амрико ба Тоҷикистон даъват шуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи Аҷамро ҷаҳонӣ кард ва Наврӯзи имсоларо ба наврӯзи шеъру сухан ва фарҳангу зебоӣ табдил дод. Меҳмонон ва зиёиёни хориҷӣ шавқу муҳаббати тоҷиконро ба адабиёт эҳсос карда гуфтанд: «Миллате, ки фарҳангашро пос медорад, безавол аст». Бо кӯшишу талоши кормандони шуъбаи тоҷикшиносии Китобхонаи миллӣ китоби «Тоҷикон» - и Александр Шишов ба забони тоҷикӣ ба табъ расид. Муаллиф омӯзгори маънавӣ будани халқи тоҷикро дар қаламрави Осиёи Марказӣ таъкид намуда менависад: «Тоҷикон сокинони қадимтарини минтақа ҳастанд. Дар ин робита, онҳо омӯзгори маънавии мардумони дигари ин марзу бум маҳсуб меёфтанд».
Айни замон дар кишвар 2351 муассисаи санъату иҷтимоӣ-фарҳангӣ, аз ҷумла 17 муассисаи театрии касбӣ, 6 муассисаи консертӣ, 95 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг ва ҳунар ва се мактаби олӣ фаъолият доранд. Ҳоло чопи силсилаи «Ахтарони адаб» идома дорад, ки мувофиқи он тамоми осори ниёгон, шурӯъ аз Рӯдакӣ то Аҳмади Дониш аз нав ба шакли мукаммал бояд чоп шаванд. Ҳоло мардум хостгори филму наворҳои таърихианд. Ба тамошои ҳунарии корнамоиҳои қаҳрамонон ва шоирону сиёсатмадорони гузаштаашон ниёз доранд. Агар дар ҳунари филмофарии тоҷик сенариянависону коргардонҳо ин ҷиҳати корро ба инобат гиранд, гавҳари мақсуд бештар ба каф меомад.
Дар зарфи биступанҷ сол пайваста ба ифтихори миллӣ, тавонистем, тавассути муаррифии шахсиятҳои мондагори фарҳангу илму адаб, ҳастии дирӯзу имрӯзи миллатеро ба номи тоҷик ба субот расонем. Аз ҷумла, таҷлили 1150 - солагии Одамушшуаро Рӯдакӣ дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, соли бузургдошти Имоми Аъзам бо иштироки созмону шахсиятҳои бузурги ҷаҳони ислом, ҷашни 800 - солагии Ҷалолиддини  Балхӣ дар Тоҷикистону Туркия, аз шаҳри Табрези Эрон ба Хуҷанди бостонӣ интиқол додани хоки турбати Хоҷа Камол, таъсиси Маркази Камоли Хуҷандӣ, тарҷумаву баргардони осори мутафаккиронамон ба забон ва расмулхати имрӯзаи тоҷикӣ, ба номи бузургонамон номгузорӣ шудани шаҳру ноҳияву маҳаллаву кӯчаву хиёбону гулгашт, қомат афрохтани пайкараҳои родмардони Меҳан ҳама самараи истиқлоли миллиянд. Ҳам мояи ифтихор ва ҳам маншаи сарафрозист, ки садои тоҷикон ба чор сӯи олам маҳз ба воситаи фарҳангу адаб ва навиштаҷоти фарзандони барӯмандаш паҳн мешавад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.10.2016    №: 209    Мутолиа карданд: 3108

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед