ҳуқуқ
ВКД: ҲАМКОРӢ НАТИҶАИ ХУБ ДОД
- Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии гаравидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия намудани онҳо силсилаи чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ доир гардиданд.
Ин нуктаро Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии кишвар, генерал - лейтенанти милитсия, дар ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ - хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар нуҳ моҳи соли равон, ки 18 октябр дар вазорат баргузор гашт, ироа намуд. Зикр кард, ки аз тарафи мақомот барои худсарона ишғол кардани қитъаи замин ва сохтмони ғайриқонунӣ 5829 протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб ва 277 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Дар ин давра 855 ҳолати вайрон намудани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ муайян ва нисбат ба онҳо чораҳои қонунӣ андешида шуд, ки аз ин шумора 180 нафар радди марз гашт. Дар соли ҷорӣ ҳамкории кормандони милитсия бо аҳолӣ беш аз пеш вусъат ёфта, ба ин васила мушкилоти шаҳрвандон сари вақт осон гардид. Аз ҷумла, тавассути алоқаи хизмати “Мадад 19 - 19” 1750 хабар оид ба содиршавии ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар арзу шикоятҳо ворид гардид, ки 497 - тоаш тасдиқ ёфт.
Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, генерал - майори милитсия, фаъолияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилиро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои муташаккил, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳро таҳлил ва баррасӣ намуд. Гуфта шуд, ки вазъи бақайдгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо таҳти назорати доимии роҳбарияти вазорат қарор дошта, корҳои профилактикию фаҳмондадиҳӣ ҷоннок карда шудаанд. Муовини аввали вазири корҳои дохилӣ ба масъалаи зиёд шудани қоидавайронкуниҳо дар роҳҳои кишвар ва тамбашавии воситаҳои нақлиёт дахл намуда, роҳандозии васеи корҳои ташвиқотию тарғиботиро дар ин самт ба мақсад мувофиқ донист.
Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба масъулон дар самти пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ифротгароию даҳшатафканӣ, кибернетикӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.10.2016 №: 209 Мутолиа карданд: 2661