logo

порлумон

ТАРҲИ ҚОНУНИ НАВ. АЗ БАҲСИ ДАХЛНОПАЗИРӢ ТО МОҲИЯТИ АСОСИИ ОН

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тарҳи қонунеро ба тасвиб расонданд, ки тибқи он ба кормандони воҳидҳои махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳуқуқ дода мешавад, то дар ҳолатҳои истисноӣ будуни иҷозати расмӣ вориди манзили истиқоматӣ ва мавзеъҳои мансуб ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ шаванд. Аммо ин меъёр на дар ҳар мавриди дилхоҳ, балки дар ҳолатҳои зарурӣ ва эҳтимоли вуҷуд доштани хатарҳои террористиву таҳдид ба амнияти ҷомеа амалӣ хоҳад шуд.
Тарҳи қонун «Дар бораи ворид намудани тағийру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзи 19 октябр аз сӯи порлумони кишвар пазируфта шуд, ки ҳадаф аз он ҳифзи саломатӣ, таъмини бехатарии шаҳрвандон ва амнияти давлату ҷомеа арзёбӣ мешавад.
Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳаи қонун изҳор дошт, ки он моҳияти пешгирикунанда, сари вақт барҳам додани амалҳои террористӣ ва безараргардонии террористонро дар пай дорад. Номбурда бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши ҳамлаҳои террористӣ дар ҷаҳони муосир гуфт:  «Амалҳои террористӣ дар маконҳои серодам, зиёдшавии теъдоди истифода аз террористони худкуш, тарзу воситаҳои навин бо мақсади талафоти бештари аҳолии осоишта, ба таҳлука овардани ҷомеа, инчунин бар зидди кормандони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ низ равона шудааст. Чунин воқеият тақозо менамояд, ки мақомоти салоҳиятдори мубориза бар зидди терроризм бояд аз вазифа, уҳдадорӣ ва кафолатҳои дақиқи қонунӣ бархӯрдор бошанд».
Бо таваҷҷуҳ ба шеваи амалҳои террористӣ дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, таъкид шуд, ки дар шароити кунунӣ рафтори махфиёна ва ниҳоят сангини гурӯҳҳои террористӣ муносибати баробарвазнро талаб мекунад. Аз ин рӯ, ба таври махфӣ ворид шудан ба ҳудудҳое, ки дар он ҷо террористон мехоҳанд амали ҷинояткоронаи худро содир намоянд, салоҳи кор хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки замони баррасии лоиҳаи мазкур дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон расонаҳо атрофи он баҳс намуда, бидуни иҷозати расмӣ ворид шудани кормандони мақомоти амниятро як навъ халалдор гардидани принсипи дахлнопазирии манзили шахс унвон карданд. Вале ба гуфтаи Маҳмадалӣ Ватанзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, матни лоиҳаи қонун нишон медиҳад, ки он пиринсипи дахлнопазирии манзилро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст, халалдор намесозад. «Дар ҳолатҳои осоишта тартиби ба манзили шахс ворид шуданро ҳангоми содир кардани ҳатто ҷиноят ҳам Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мушаххас муайян кардааст, ки танҳо дар асоси иҷозати суд ба манзили шахс даромадан мумкин аст. Вале ҳолатҳое, ки дар ин лоиҳа пешниҳод гардидаанд, истисноиянд ва маъмулан зимни гузарондани амалиётҳои махсус истифода мешаванд. Яъне, ҳолатҳое ҳастанд, ки фурсат барои анҷом додани расмиёти пешбининамудаи қонунгузорӣ камтар мемонад».
Ба таъкиди Маҳмадалӣ Ватанзода, дар лоиҳаи қонун мушаххас шудааст, ки ҳангоми ворид шудан ба манзили шахс ва анҷом додани ҳадафи асосӣ бояд ба дигар шахсони бегона ва ё бегуноҳе, ки дар он ҷо ҳузур доранд зарар расонда нашавад. Дар ғайри сурат бар пояи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон зараре, ки дар натиҷаи амалиёти мақомоти давлатӣ ба шаҳрванд ё манзили ӯ расонда мешавад, аз ҷониби давлат ҷуброн мегардад.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2016    №: 210    Мутолиа карданд: 8999

22.11.2017


Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров ва Ҷузе Алфонсо Зегбе Камарена

Густариши ҳамкориҳо бо Ҳиндустон

Дар Рашт таҷҳизоти инноватсионии тибби фосилавӣ ба истифода дода шуд

Мусобиқоти варзишӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҷоми ҷаҳонро ба Тоҷикистон меоранд

Ҷаҳон дар як сатр

Башор Асад ба Русия барои «наҷоти Сурия» изҳори сипос намуд

Небензя: «Теъдоди ҷангиёни «ДИ» дар Афғонистон ба 10 ҳазор нафар расидааст»

Земан: «Ҳамкориҳои Русия бо Чехия вусъат меёбанд»

Теъдоди аҳолии Чин ба 1,399 миллиард нафар расид

Ду ҳавопаймо тавассути интернет – музояда ба савдо рафт

NASA ба Моҳ астронавтҳоро яксола фиристоданист

21.11.2017


Муаррифии китоби «Пешвои миллат ва сиёсати забон»

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон

Ифтитоҳи бинои раёсати адлияи ВМКБ

«Шабе дур аз Ватан» дар Владикавказ намоиш дода мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

Туркманистон аз кишварҳои амнтарини дунё эътироф гардид

Конгресси ИМА аз алоқаи Трамп бо Русия ягон далел наёфт

Ҷустуҷӯи киштии зериобии Аргентина шурӯъ шуд

Олмон ба кӯдакон бастани соатҳои «доно» - ро манъ намуд

14.11.2017


Ҷаласаи якҷояи тадорукоти чорабиниҳои байналмилалӣ

Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев

Таъсиси шабакаи нави телевизионӣ

Бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор хоҳад гашт

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳалокати беш аз 450 нафар аз заминҷунбӣ дар Эрон

Трамп ҷонибдори сабуксозии таҳримоти зиддирусӣ

Занон ва кӯдаконро аз Сурия ба Грозний оварданд

Коршиносон кишварҳоеро ном гирифтанд, ки аз тағйироти иқлим бештар зарар диданд

Чин. Минтақаи политсияро роботҳо «забт карданд»

13.11.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Путин ва Трамп кишварҳои дунёро ба афзунсозии ёрӣ ба Сурия даъват карданд

Трамп қазияи «дахолати русӣ» - ро монеаи сунъии муносибатҳо номид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед